Хонаи шумо ба нақшаи тахриб (вайрон кардан) афтодааст. Чӣ мебояд кард ва бо ширкати бинокор чӣ гуна рафтор кардан лозим аст? Ин масъала мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус сокинони шаҳри Душанбе аст, зеро ин ҷо сохтмони биноҳои нави таъиноти гуногун босуръат ҷараён дорад ва баъзе шаҳрвандон аз поймол шудани ҳуқуқҳояшон шикоят мекунанд.

Ҳуқуқшиноси ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” Шоира Давлатова ба ҳамаи саволҳои муҳим оид ба ин масъала посух мегӯяд.

Аввалин ва муҳимтар аз ҳама ба маълумоти марбут ба тахриби хона ва ҷуброни он мебояд бо назари интиқодӣ муносибат кард ва шартҳои қарордодро дақиқан мавриди таҳлил қарор дод, то ки аз маълумоти бардурӯғ ва ҳолатҳои қаллобӣ худро эмин нигоҳ дошт.

 

Чӣ кор мебояд кард, агар шумо дар бораи тахриби хонаатон огоҳинома гирифтаед?

Вақте ки огоҳинома ба дастатон расид, пеш аз ҳама ба ташаббускори ин кору бо кадом асосҳо тахриб шудани бино таваҷҷуҳ кардан лозим аст.

Сипас ба ташаббускори тахриби бино муроҷиат намуда, гирифтани нусхаи қарор, шартҳои тахрибу ҷуброн, инчунин нақшаи тасдиқшуда зарур аст.

Агар шумо бо асосҳои дар огоҳинома зикргардида розӣ набошед, метавонед ба ташаббускор бо ариза муроҷиат намуда, дар он сабабҳои норозигӣ ва шартҳои худро зикр намоед.

Аз ҳамин дам давраи гуфтушунид оид ба мувофиқасозии шартҳои созишнома дар бораи пешниҳоди ҷуброн оғоз мегардад. Зимни расидан ба созиш шумо метавонед ба қарордод имзо кунед. Агар сари созишнома ба мувофиқа нарасед, шумо барои муроҷиат ба додгоҳ ҳуқуқ доред.

 

Барои тахриб чӣ гуна ҷубронҳо пешбинӣ шудааст?

Навъҳои ҷуброн барои тахриби манзил маҳдуд набуда, бо шартҳои қарордод муайян карда мешаванд:

Навъҳои асосии ҷуброн:

1) Манзил додан дар бинои навсохт ба ивази хонаи тахрибшуда;

2) Манзил додан дар мавзеъҳои наздиктар ба бинои тахрибшуда;

3) Ҷуброни пули арзиши бозории манзили тахрибшуда.

 

Намояндагони ширкати бинокор метавонанд маро барои тезтар холӣ кардани манзил то имзои қарордод маҷбур кунанд?

Намояндагони ширкати сохтмон ҳақ надоранд, ки сокинонро барои тезтар озод кардани хонаҳояшон то имзои қарордод маҷбур кунанд. Ба мусодираи амвол ва чизҳои шахсӣ танҳо бо иҷозаи молик ва ҷуброни пурра роҳ дода мешавад.


 

Пас аз имзои қарордод дар муддати чӣ қадар вақт молики хона ва аъзои оилаи ӯ ҳақ доранд, ки дар бинои тахрибшуда қарор дошта бошанд?

Муҳлати иқомат дар созишномаи ҷуброн зикр шуда, ба шартҳои созишнома вобаста аст. Ҳеҷ кас ба ҷуз ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда, наметавонад аз хона берун карда шавад ё аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум шавад.

Масалан, танҳо ба берун кардани шахсоне аз манзил бо тартиби маъмурӣ ва санади додситон иҷоза дода мешавад, ки хонаро худсарона ишғол кардаанд ё дар хонаҳое зиндагӣ мекунанд, ки эҳтимоли вайроншавиаш хеле зиёд аст.

 

Тартиботи додани манзили иҷора чӣ гуна аст?

Ширкати сохтмон ба молики хонаи тахрибшуда то бунёди манзили нав бояд хонаи иҷора диҳад ва ин ҳолат бояд дар матни Қарордод оид ба ҷуброни зиён зикр шавад.

 

Чӣ метавон кард агар масоҳати хонаи нав камтар ё зиёдтар аз масоҳати дар шартнома зикргардида бошад?

Дар ҳолате, ки агар масоҳати воқеии хона дар бинои навсохт аз масоҳати дар қарордод зикргардида, кам бошад, шумо ҳақ доред, ки аз ширкати бинокор бо назардошти нархи бозорӣ, ҷуброни масоҳати намерасидагиро талаб кунед. Барои ин ба муассисаҳои коршиносӣ, ки мутахаассиони он хулоса медиҳанду зиёни мавҷударо арзёбӣ ва арзиши онро муайян мекунанд, муроҷиат кардан лозим аст.

- КВД оид нархгузории назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ: Суроға: ш. Душанбе, Шоҳтемур 27. Телефон: +992 (37) 221-57-29, e-mail: [email protected]

- Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ ва криминалистикаи назди Вазорати адлия. Суроға: ш. Душанбе, хиёб. Айнӣ, 127. Тел: +992 225 15 50, e-mail: [email protected]

Агар зимни имзои қарордод шумо ба пардохти масоҳати зиёдтари хонае, ки ба шумо медиҳанд, розӣ шавед, пас шумо ба пардохти он уҳдадор мешавед. Агар дар қарордод чунин шарт зикр нашуда бошад, шумо ба пардохт уҳдадор нестед.

Ин дастурамал ва роҳнамои умумист ва барои дарёфти маълумоти бештар мушаххас шумо метавонед ба мутахассисони ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” муроҷиат кунед. Дар ин ҷо ба шумо оид ба масъалаи ҳуқуқ ба манзили кофӣ ройгон машварати ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд. Email: [email protected], ҳамчунин ба саҳифаи онҳо дар Facebook низ муроҷиат кардан мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.