Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қарор дастур дод, ки Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, тасдиқ карда шавад.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода ба хабаргузории "Азия-Плюс" мазмун ва моҳияти ин ҳуҷҷатро шарҳ дод.
- Муҳоҷирони меҳнатие, ки масалан, ҳар моҳ андози иҷтимоиро дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб (75 сомонӣ) пардохт мекунанд, ба чӣ умед баста метавонанд?
- Ҳаҷми нафақаи суғуртавӣ аз рӯйи синнусол мувофиқи моддаҳои 22-26 Қонуни ҶТ “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муайян карда шуда, вобаста ба дарёфти ҳуқуқи шаҳрванд ба навъи муайяни нафақа ҳисоб карда мешавад: аз рӯйи синнусол, маъюбӣ ё дар ҳолати аз даст додани саробон.
Барои фаҳмо шудан мисоли шартӣ меорем. Масалан, марде дар муддати 25 сол дар ҳаҷми 75 сомонӣ андози иҷтимоиро пардохт намуда, ҳуқуқи гирифтани нафақа аз рӯйи синнусолро ба даст овард. Зимни муроҷиат ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҳалли зист ӯ ба синни 63-солагии ба нафақа баромадан расид.

Бо истиснои ҷузъиёти фаъолияти меҳнатӣ аз давраи то соли 1999 ва дигар тафсилотҳо, ҳаҷми нафақаи суғуртавии ӯро бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқотҳои зерин ҳисоб мекунем:
- маблағи суғуртаи нафақа дар муддати 25 сол ба ҳисоби миёна 94 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли заминавии 2025 нишондиҳандаи ҳисобҳj ба 75 сомонӣ баробар аст. Афзоиши нишондиҳанда дар як сол ба ҳисоби миёна 5%-ро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, маблағи суғуртавӣ дар як сол чунин мешавад: 94 сомонӣ х 12 моҳ = 1128 сомонӣ;
- нишондиҳандаи таваррум дар як сол 6%-ро ташкил дода, мутаносибан дар 26 сол ба 156% баробар мешавад.
Акнун сармояи шартии нафақа (СШН)-ро ҳисоб мекунем, ки баробар аст ба: СШН = 1128 х 26 х 1,56 = 45752 сомонӣ.
Ҳаҷми нафақаи суғуртавӣ аз рӯйи синнусол баробар мешавад ба: 45752 сомони ÷ 180 моҳ = 254 сомонӣ.
Ба ин тариқ, нафақаи суғуртавӣ аз рӯйи синнусоли муҳоҷири меҳнатие, ки соли 2050 муроҷиат кардааст, 254 сомониро ташкил медиҳад.
Пас аз таъини нафақа ҳар сол мувофиқи Фармонҳо президент “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, андозаи нафақаҳо ба нишондиҳандае, ки набояд аз нишондиҳандаи таваррум дар ҷумҳурӣ дар соли пешин пасттар бошад, индексатсия мешаванд (зиёд мешаванд).

Масалан, соли 2024 нишондиҳандаи мазкур 30%-ро ташкил дода, соли 2025 нафақа ба андозаи 10% индексатсия мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар банди 5-и Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумат аз 28 феврали соли 2025, №118 тасдиқ шудааст, меъёри сабтшудаи андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми на камтар аз 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2025 нишондиҳандаи мазкур 75 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз мисоли шартӣ дида мешавад, ҳаҷми нафақаи суғуртавӣ аксаран ба маблағи пардохтшудаи суғуртавӣ дар тамоми давраи фаъолияти корӣ вобаста аст. Чӣ қадре ки муҳоҷирон ба Агентӣ зиёдтар маблағи суғуртавӣ пардохт кунаyд, ҳамон қадр андозаи нафақаи суғуртавӣ зиёдтар мешавад.
Бо истифода аз фурсати қулай аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон даъват мекунем, ки на дар давраи ба нафақа баромадан, балки аз имрӯз дар бораи таъмини зиндагии худ дар давраи пиронсолӣ андеша кунанд.

Андозбандиро баррасӣ мекунем
- Байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи даст кашидан аз андозбандии дукарата ва пешгирии канорагирӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, ки аз 26 апрели соли 2003 амал мекунад, созишнома ба имзо расидааст. Таври маълум, ҳадафи аслӣ аз чунин созишномаҳо пешгирии андозбандии дукарата аз даромад нисбати андозсупорандагоне мебошад, ки дар ҳарду кишвар кор мекунанд ё тиҷорат доранд. Чаро дар чаҳорчӯби ин санад танзими масоили таъминоти нафақаи муҳоҷирони корӣ пешбинӣ нашудааст. Зеро, дар асл, чунин ба назар мерасад, ки акнун муҳоҷирни корӣ зери андозбандии дукарата қарор мегиранд...
- Тоҷикистон бо як қатори кишварҳо аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Амороти Муттаҳидаи Араб, Руминия, Молдова, Покистон, Белгия, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Чин ва Латвия ба ин монанд созишномаҳо ба имзо расонидааст.
Аввал, донистани фарқияти андоз аз маблағи суғурта зарур аст. Фарқияти аслӣ дар пардохти бебозгашт ифода меёбад. Маблағи суғурта дар фарқият бо андоз, ба гирифтани ягон пардохти вобаста ба ҳолати суғуртавии аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршуда имкон медиҳад. Ба истилоҳи дигар, маблағҳои ҳатмии суғуртавӣ пардохтҳои бозгарданда мебошанд.

Дуюм, пардохти маблағҳо ба суғуртаи нафақа ба нафари мушаххаси суғурташуда барои навъи дахлдори таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ медиҳад. Метавон гуфт, ки пардохти маблағ ба суғуртаи нафқа маоши батаъхирафтода бо кафолат аз ҷониби давлат аст.
Сеюм, агар муҳоҷири меҳнатӣ расман ба сифати корманди кироя дар ташкилоти буҷетӣ ё дигар ҳама гуна ташкилот кор кунад, пас корфармо барои суғуртаи нафақаи ӯ ба Фонди иҷтимоии Русия маблағ пардохт мекунад. Дар давраи кори ӯ дар Русия, ҳеҷ кас дар Тоҷикистон наметавонад муҳоҷири меҳнатиро ба пардохти андоз аз даромад ва ҳамчунин пардохти андози иҷтимоӣ маҷбур кунад.
Қобили зикр аст, ки муҳоҷирони кории боқимонда патент мегиранд ва ин ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки фаъолияти кории инфиродиро амалӣ созанд. Дар ҳамин ҳол, онҳо барои суғартаи нафақа маблағ пардохт намекунанд.
Маҳз барои чунин категорияи муҳоҷирони корӣ Тартиб ва ҳаҷми ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, қабул шуд. Он барои ихтиёран пардохт кардани маблағ барои суғуртаи нафақа ва муайян кардани ҳуқуқҳо ба нафақа имкон медиҳад. Аз ин рӯ, дар ин маврид ҳарф задан аз андозбандии дукарата чандон саҳеҳ нест.

Ба ҷойи созишномаи кӯҳна шартномаи нав
- Байни кишварҳои ҷудогона таҷрибаи имзои қарордодҳо дар бораи таъминоти иҷтимоӣ амал мекунад, ки масоили андӯхтан ва пардохти нафақаро танзим месозад. Дар чунин созишномаҳо метавонад зикр шавад, ки муҳоҷир ҳам дар кишвари ҷойи кораш ва ҳам дар ватан метавонад ҳуқуқҳои нафақаи худро дошта бошад. Масалан, агар муҳоҷир дар дигар кишвар кор карда, лекин шаҳрвандии давлати худашро ҳам дошта бошад, бо назардошти давраҳои фаъолияти корӣ ва пардохти маблағҳои нафақа дар кишвари будубош, дар ватани худ ҳам ба гирифтани нафақа ҳуқуқ пайдо кунад. Чаро мо бо кишваре, ки миёни кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои аз ҳама зичтар дорему дар он садҳо ҳазор ҳамватанони мо кор мекунанд, чунин қарордод надорем?
- Қобили зикр аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Созишнома дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид, ки аз 13 марти соли 1992 амал мекунад.
Аксарияти ҳамватанони мо, ки ба Русия кӯчиданд, аз ин ҳуқуқи худ ба таъминот бо нафақа истифода бурда, айни замон бар асоси Созишномаи мазкур нафақа мегиранд.
Аммо соли 2022 Русия эълон кард, ки аз 1 январи соли 2023 Созишномаи мазкурро бекор мекунад. Сабабҳои аз ин Созишнома хориҷ шудани Русия чунин шарҳ дода шуд:
- афзоиши ҷараёни муҳоҷират, хароҷоти амалӣ кардани Созишнома. Шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ надоштанд ё он ҳадди ақалл (минималӣ) буд (ҳанӯз дар Иттиҳоди Шӯравӣ), инчунин саҳм дар иқтисоди кишвар надоштанд, зери амали он қарор гирифтанд;
- мувофиқат накардани Созишнома ба идеология ва принсипҳои низомҳои амалкунандаи нафақаи кишварҳои узви ИДМ, принсипи пардохти нафақа дар қаламравҳо, ки ба уҳдадорҳои нобаробар бо Русия дар пардохти нафақа ба муҳоҷирон боис гардид.

Ба ивази Созишномаи мазкур наваш имзо шуд, ки дар он як гунаи содир (интиқол)-и нафақа пешбинӣ мешавад, яъне ҳар як давлате, ки дар он шахси суғурташуда кор кардааст, нафақа барои собиқаи суғуртавиро дар ҳамон қаламрав пардохт мекунад, ки ба риояи манфиатҳои ҳамаи тарафҳо имкон медиҳад.
Маросими имзои Шартномаи нав байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа 15 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд. Он соли 2022 тасдиқ шуда, аз 21 октябри соли 2022 Шартномаи мазкур ҳукми қонунӣ гирифт.
Шартнома ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад, ки сарфи назар аз доштани шаҳрвандии Русия, ҳуқуқҳои нафақаи худро амалӣ созанд ва давраҳои корашон дар қаламрави Русия ҳангоми ба нафақа баромадан ба инобат гирифта шавад.
Айни замон ба зиёда аз 568 шаҳрванди аз Тоҷикистон кӯчбаста аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ нафақа таъин шуда, пардохти он дар маҳалли зисти доимӣ дар Русия тариқи Фонди иҷтимоии Русия сурат мегирад.







