Дар Тоҷикистон ивази ному насаб ва номи падар ду баробар гаронтар мешавад. Ин тағйиротро ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул донист ва палатаи поёнии порлумон пазируфт.
Қаблан, ҳаққи бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шуда буд. Бо назардошти он, ки ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад, шаҳрвандон 225 сомонӣ пардохт мекарданд.
Аммо, тибқи лоиҳаи нави тағйирот ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, ин маблағ ба андозаи 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад. Ин маънои онро дорад, ки барои иваз кардани ному насаб ва номи падар акнун шаҳрвандони Тоҷикистон 450 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ин лоиҳаро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд.
Пас аз қабули вакилони Маҷлиси олӣ ва имзои президенти кишвар, тағйирот дар матбуот чоп шуда, баъди ҳамаи ин марҳилаҳо, ба ҳукми амал медарояд.
Ному насабро чӣ гуна иваз мекунанд?
Бар асоси моддаи 67-и Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ҳар шахси ба синни 16 расида ҳуқуқ дорад ному насаб ва номи падари худро иваз намояд. Ин ихтиёрӣ буда, ба истилоҳи ҳуқуқӣ - ин ҳуқуқи шахс аст, на ӯҳдадорӣ.
Шахс агар хоҳад, ки насаб, ном ё номи падари худро иваз намояд, бояд ба бахши САҲШ-и маҳалли зисташ (дар деҳаҳо ба ҷамоати деҳот) бо ариза муроҷиат намояд. Ӯ бояд бо худ аризаи пуркардашуда дар бораи иваз кардани ному насаб ва номи падар, шиноснома ва агар аризадиҳанда оиладор бошад, шаҳодатномаи ақди никоҳро дошта бошад.

Агар падару модар дар гузоштани насаб ва ё номи кӯдак ба мувофиқа наоянд, насаб ва ном дар китоби сабти таваллуди кӯдак аз рӯи қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сабт карда мешавад.
То моҳи январи соли 2021 муҳлати омӯзиш ва баррасии аризаи шаҳрванд барои иваз кардани ному насаб 3 моҳ буд. Порлумони Тоҷикистон дар охири соли 2020 қонунро тағйир дод ва ин муҳлатро то ба як моҳ кам кард.
Ивази ному насаб ва номи падар танҳо дар сурате рад карда мешавад, ки агар шахс ҳангоми додани ариза таҳти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор дошта ё доғи судӣ дошта бошад.
Ҳамчунин, дар шаҳодатномаи таваллуд, ки то гирифтани шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад, бояд насаб, ном ва номи падар зикр карда шавад. Вале дар он метавонад, ки номи падар набошад. Яъне қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ иҷозат додааст, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунанда номи падари шахс қайд нашавад.
Дастурҳои марҳила ба марҳила ва номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иваз кардани ному насаб ва номи падар дар сомонаи расмии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.
Ба хотири пасвандҳои русии насаб?
Воқеан, ивази ному насаб ва номи падар, ҳарчанд ихтиёрӣ аст, вале солҳои охир ин падида маъмул шудааст. Як қисми аҳолӣ аз пасвандҳои русии насабашон даст мекашанд ва гурӯҳи дигар баръакс, онро барқарор кардан мехоҳанд.
Бояд гуфт, ки иваз намудани ному насаб ва номи падар тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад. Иваз намудани насаб ва номи падар тибқи анъанаҳои миллӣ дар асоси талаботи моддаи 20-и Қонуни ҶТ “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” амалӣ карда мешавад.
Моҳи июни соли 2020 ба моддаи 20-и Қонуни мазкур тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, зимни сабти ному насаби тифлҳои навзод ба истифодаи пасвандҳои славянии “ов”, “ова”, “ев”, “ева” ба насаб ва “ович”, “овна”, “евич” ва “евна” ба номи хонаводагӣ ё номи падар иҷоза дода намешавад.
Ҳамин тариқ, минбаъд ба ному насаб ва номи падар пасвандҳои “ӣ”, “зод”, “зода”, “он”, “ён”, “ёр”, “ниё”, “фар”,“пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) иҷоза дода мешавад.
Ҳамчунин, насаби шахс метавонад аз номи падар ё аз решаи насаби падар ё модар бидуни илова кардани пасвандҳои насабсоз сохта шавад. Ба мисоли шоирони маъруфи форсу тоҷик: Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода.
Дар ин робита дар матлаби мазкури “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо карда метавонед: “Номи хуб ними ҳусн. Ивази ному насаб ихтиёрӣ аст”.




