Дар шаҳри Душанбе сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрошёна дар назди биноҳои баландошёна ва вазорату идораҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ба боварӣ масъулин ба ҳалли танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мусоидат мекунад.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини раиси пойтахт зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки бунёди чунин таваққуфгоҳҳо вазъияти марбут ба бозистии нақлиёт дар шаҳрро ба таври назаррас беҳтар мекунад, зеро онҳо дар нуқтаҳои калидӣ бо шумули мавзеъҳои сермошин сохта мешаванд.

“Таваққуфгоҳҳо бояд на танҳо дар назди бозору марказҳои савдо, балки дар паҳлӯи биноҳои бисёрошёна, вазорату идораҳо ҳам сохта шаванд, - Ин ҷиҳати таъмини мусоиду бароҳати дастрасӣ ба иншооти асосии иҷтимоӣ ва маъмурӣ имкон дода, барои ронандагони мошинҳо ва пиёдагардон шароити хуб фароҳам меорад”,-  иброз дошт ӯ.

Бахтиёр Шарифӣ ба таври мисол аз таваққуфгоҳи назди бозори “Корвон” мисол овард, ки аз 6-ошёна иборат буда, барои 1000 мошин пешбинӣ шудааст.

Нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳр, тасмим гирифта шудааст, ки дар ин минтақа боз як таваққуфгоҳи ба ин монанд сохта шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи сохтмони се таваққуфгоҳ барои мошинҳо ҳанӯз соли гузашта зимни нишасти матбуотӣ хабар дода шуда буд.

 

Сохтмони таваққуфгоҳҳои шахсӣ дар назди биноҳо манъ аст

Дар посух ба саволи рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар мавриди бунёди таваққуфгоҳҳои шахсӣ  дар назди биноҳои истиқоматӣ, Бахтиёр Шарифӣ гуфт, ки ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад, ки барои таваққуфгоҳ ҷойи алоҳида ҷудо карда, дастрасии дигар сокинонро маҳдуд ва ҷиҳати баа таваққуфгоҳ гузоштани мошини онҳо монеъа эҷод созад.

“Шаҳрдории Душанбе ба касе ҳақ намедиҳад, ки барои истифодаи шахсӣ барои худашон ҷой гиранд ва дар сурати ба миён омадани чунин ҳолатҳо, мақомоти давлатӣ оид ба бартараф сохтани ин мушкилот тадбирҳо рӯйи даст мегирад. Як муроҷиати шаҳрванд тариқи сомона ё телефон кофист, ки вазъият бидуни пайдо шудани мушкилоти иловагӣ ҳаллу фасл шавад”,- илова намуд муовини раиси шаҳр.

Муовини Рустами Эмомалӣ гуфт, ки тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе, дар ҳамаи биноҳои истиқоматии бисёрошёна барои таваққуфгоҳи мошинҳо ҷойҳо пешбинӣ шудааст. Вале "бархе аз соҳибкорон бидуни назардошти қонунгузории амалкунанда, инчунин бе мувофиқа бо мақомоти дахлдор дар таваққуфгоҳҳо нуқтаҳои мошиншӯйӣ ва таъмир бунёд кардаанд, ки онҳо комилан барҳам дода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.