Чанд рӯз пеш, ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро маъқул дониста, онро барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристод. “Азия-Плюс” рӯзи 21-уми август бо муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур шинос шуд, ки муҳимтарин нуктаҳои он дар ин мавод шарҳ дода мешавад.
Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта, шуруъ шуд. Раисҷумҳур дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ карда буд.
Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ҳимояи шаъну шараф ва ҳуқуқи омӯзгор
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз 6 бобу 16 модда иборат аст.
Дар лоиҳаи қонун, ки ҳоло дар баррасии парлумони кишвар қарор дорад, нуктаҳои муҳим, аз ҷумла, эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгор, кафолатҳо барои омӯзгор ва вазоифи мақомоти давлатӣ нисбат ба омӯзгорон дарҷ шудаанд.
Дар моддаи 4-и лоиҳаи қонун зикр шудааст, ки шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, эҳтироми он аз ҷониби давлат ва ҷомеа таъмин карда мешавад. Инчунин амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст.

Дар бахши ҳуқуқҳои омӯзгор дарҷ ёфтааст, ки омӯзгорон ҳақ доранд аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ таъмини шароити зарурӣ, аз хонандаҳо ва волидайни онҳо муносибати боэҳтиромонаро талаб кунанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ онҳо метавонанд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузорӣ ба таъхир гузоранд. Омӯзгорон новобаста ба нафақа баромадан ҳуқуқи ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданро доранд.
Ҷалби омӯзгорон ба “шанбегӣ” ва пулҷамъкунӣ дар мактабҳо манъ аст
Тибқи ин лоиҳаи қонун ба омӯзгорон аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода шуда, онҳо бо маводи таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ таъмин карда мешаванд.
“Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад”, - зикр шудааст дар лоиҳаи қонун.
Инчунин, мақомоти дахлдор муаззаф гардидаанд, ки омӯзгоронро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.
“Омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ҷалб карда нашавад”, - зикр шудааст дар лоиҳаи қонун.
Ба илова, омӯзгор уҳдадор аст, ки “барои таҳсил, таъмир, обунаи нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ аз хонандагон маблағ талаб накунанд”.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар мактабҳо омӯзгоронро ҷиҳати ҷамъоварии маблағ барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, хариди чиптаи театру синамо, гузаронидани мулоқоту маросими расмӣ ва ғайра ҷалб мекунанд. Ин ҳамеша мавриди интиқоди ҷомеа ва омӯзгорон қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳам рӯзи 1-уми сентябри соли гуазшта дар суханронии худ аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда, аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.
“Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун ва монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад”, - гуфта буд раисҷумҳур.
Баҳси ҷалби иҷбории омӯзгорон ба фаъолияти ғайриомӯзгорӣ дар Тоҷикистон ҳам солҳост давом дорад. Омӯзгорони тоҷик аз ҷалби иҷборӣ ба шанбегӣ, маъракаҳои интихоботӣ, навиштани мақолаҳо, маъаракаи даъвати ҳарбӣ ва ғайра бештар шикоят мекунанд.
Таъхир дар пардохти маош ва маблағи рухсатии омӯзгорон манъ аст
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон бо фаро расидани мавсими таътили тобистона омӯзгорон аз напардохтани музди рухсатиашон шикоят мекунанд.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таъкид шудааст, ки “батаъхиргузории пардохти музди меҳнат ва маблағи рухсатиҳои меҳнатии омӯзгор манъ аст”.
“Аз музди меҳнати омӯзгор пардохт намудани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ манъ аст”, - нигошта шудааст дар лоиҳаи қонун.
Дар зимн, мақомот ҳақ надоранд аз худи омӯзгор ҳам “барои обунаи рузномаю маҷаллаҳо, чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, таъмири мактаб, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ”, маблағ талаб кунанд.
Қаблан Вазорати маорифи кишвар шикояти бархе омӯзгоронро дар робита ба пардохт нашудани маош ва маблағи рухсатиашон тасдиқ карда, таъкид карда буд, ки то охири моҳи июл музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохта шавад.
Аммо назарпурсии “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум кард, ки омӯзгорон аз ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав, як қисмат аз шаҳру навоҳии Ваҳдат, Исфара ва Хуҷанд то ҳол маошу рухсатии худро нагирифтаанд. Бархе омӯзгорон аз кам пардохт шудани музди меҳнат ва пули рухсатиашон низ шикоят карданд.
Омӯзгорон аз таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда шаванд
Дар моддаи 10-уми лоиҳаи қонун таъкид гардидааст, ки “омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад”.
Ҳамчунин омӯзгор набояд бо дахолати падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва шахсони алоҳида аз раванди таълиму тарбия дур карда шавад.
Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ҳифзи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор чораандешӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки дар гузашта чанд ҳолати латукӯби омӯзгор аз ҷониби хонандагону волидайни онҳо расонаӣ шуда буд. Дар пайи ин Вазорати корҳои дохилӣ дар ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз кард, Вазорати маориф ва илм гуфт, ки “шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”.
Фароҳам овардани имкон ва имтиёзҳо ба омӯзгорон
Тибқи ин санад ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадор мебошанд, ки ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо манзили истиқоматӣ ё иҷораи он таъмин карда, бенавбат қитъаи заминро барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо кунанд.

Инчунин омӯзгорони муасисаҳои давлатии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози замин озод мебошанд. Ба омӯзгорон ҳар сол барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 75-сомонӣ аст) маблағ дода мешавад.
Ҳамчунин омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ шуда, ҳар сол дар мактабҳо озмуни “Омӯзгори намунавии муассисаи таълимӣ” баргузор ва ба ғолибон туҳфа ва маблағи пулӣ супорида мешавад.
Зикр шудааст, ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои 1,2 ва 3-юмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20% музди меҳнаташон давоми як соли таҳсили минбаъда, бояд пардохт карда шавад.
Дар банди уҳдадориҳои омӯзгор омадааст, ки онҳо раванди таълиму тарбияро тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монда, амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст мезананд, анҷом надиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҳоло дар баррасии парлумони кишвар аст ва он кай расман қабул мешавад номаълум аст.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста