Аз 26 то 28 август сокинони Тоҷикистон бо болоравии ҳарорат ва бад шудани сифати ҳаво дучор мешаванд. Агентии обуҳавошиносии кишвар аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ, инчунин ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳушдор медиҳад.
Гуфта мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва пойтахт бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст, ки махсусан барои кӯдакону шахсони пиронсол ва одамони дорои беморҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ хатарнок аст.
Рӯзҳои наздик дар Душанбе ва НТМ ҳарорат шабона 21-23 ва рӯзона 35-38 дараҷа гарм мешавад. Шамол бо суръати 12-15 м/сония вазида, ҳавои тағйирёбанаи абрнок бо чангу ғубор дар назар аст, ки муддати се рӯз давом мекунад. Дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати каме поинтар - шабона 12-18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия додаааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд ва хешовандону наздикони калонсоли худро зери назорат қарор дода, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ки хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад, бодиққату эҳтиёткор бошанд.
Болоравии суръати вазидани шамол то 15-20 метр дар як сония ва тӯфони чангу ғубор ба хавфҳои иловагӣ боис мегарданд, аз ин рӯ, мунтазам пайгирии вазъи обуҳаво ва риояи қоидаҳои бехатарӣ хеле муҳим аст.





"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунад?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста