Рӯзи 23-юми август нахустнамоиши филми ҳунарии “Блогер”, асари нави киностудияи “Довфилм”, бо ҳузури рӯзноманигорон, ҳунармандон, блогерон ва ҳаводорони синамо дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин филм, ки нахустин асари синамоии Тоҷикистон дар мавзӯи блогерӣ мебошад, тазоди байни ҷаҳони воқеӣ ва фазои маҷозиро ба намоиш гузошт.

Филми “Блогер” дар жанри драма-мазҳака омода шуда, қисми силсилафилмҳои “Экран” аст, ки ба омӯзиши таъсири технологияҳои рақамӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тамаркуз мекунад.

Филм бо таҳияи Муҳиддини Музаффар ва Амир Турсунов ва коргардонии Зариф Зарифов достони зиндагии як ҷавони одӣ бо номи Ҷамшедро нақл мекунад.

Ҷамшед, ки коргари як корхона аст, пас аз он ки яке аз наворҳояш дар инстаграм беш аз ним миллион тамошобин пайдо мекунад, корашро тарк карда, тасмим мегирад, ки блогер шавад. Ӯ барои расидан ба шуҳрат ва сарвати осон вориди ҷаҳони маҷозӣ мешавад, аммо зуд бо мушкилот ва хатарҳои он рӯбарӯ мегардад.

Ҷамшед, ки дар шабакаи инстаграм бо номи “Jamik Pro” муаррифӣ мешавад, бо Икром, ки номи маҷозиаш “АК 46” аст, ошно мегардад. Икром сарнавишти Ҷамшедро куллан иваз мекунад.

Бо роҳнамоии ӯ, Ҷамшед дар инстаграм бозии бурд (“giveaway” ё “гив”)-ро оғоз мекунад. Бори аввал онҳо як телефони тамғаи “Айфон”-ро ба ғолиби бозӣ эҳдо мекунанд. Бори сонӣ, мошини электронии Ҷамшед дар ин бозӣ гузошта мешавад. Аммо дар дуюм бозӣ онҳо маблағи заруриро аз сарпарастон ҷамъ оварда наметавонанд. Тазоди сарнавишти Ҷамшед аз ин ҷо оғоз мешавад ва ӯ дар ниҳоят ҳама чиз - оила, кор, мошин ва ҳатто обрӯяшро аз даст медиҳад.

 

1/7

 

Филм чӣ паём дорад?

Зариф Зарифов, коргардони “Блогер” пеш аз нахустнамоиш дар мусоҳибае бо “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳадафи асосии ин филм, танҳо мазҳакаи пурханда нест, балки “роҳнамое барои интихоби дуруст дар зиндагист”.

Ӯ гуфт, “мо мехостем нишон диҳем, ки зиндагии блогерҳо ҳамеша он гунае нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, яъне пур аз пулу зиндагии шоҳона. Ин филм паёми тарбиявӣ барои ҷавонон дорад ва ба онҳо ёдоварӣ мекунад, ки кори осон вуҷуд надорад ва набояд фиреби зоҳири зебои фазои маҷозиро хӯрд”.

Коргардон ҳамчунин ишора кард, ки барои воқеӣ нишон додани достон, зиндагии се блогери воқеиро омӯхта ва дар филм аз таҷрибаҳо ва ҳатто мӯҳтавои офаридаи онҳо истифода кардааст. Иштироки блогерҳои аслӣ дар яке аз саҳнаҳои филм низ, ба қавли коргарон, талоше барои воқеӣ намудани саргузашти қаҳрамон аст.

 

Назари синамошинос ва блогерон

Саноат Азизова, арбоби ҳунар ва синамошиноси тоҷик, дар бораи филми “Блогер” гуфт, ки он “метавонад дар ҷомеаи мо вокуниши мухталиф ба бор орад”.

 

Саноат Азизова

“На ҳама мазмун ва мақсади филмро мефаҳманд. Сюжет оддӣ ва фаҳмо аст, аммо дар паси ин соддагии зоҳирӣ, ҳатто дар ҷое соддалавҳӣ, як сарнавишти комилан дигар, як маънои дигар хонда мешавад, ки мағзи онро якбора дарк кардан душвор аст”, - гуфт Азизова.

Ӯ афзуд, “филм аз ҷиҳати таркибӣ чунон сохта шудааст, ки шумо пай намебаред, ки чӣ гуна худатон иштирокчии рӯйдодҳо мешавед. Яъне, филми хуб аст”.

Беҳрӯз Ҳафизов, блогере, ки ба омӯзиши забони англисӣ дар интернет машғул аст, перомуни филм гуфт, “шояд бачаҳое буданд, ки дар ин ё он лаҳзаи филм худро шинохтанд, вале ман ҳамчун блогер худамро дар филм надидам”.

“Филм хуб аст. Мафҳуми блогер чӣ гунае, ки дар фикри мардум аст, нишон дода шудааст. Хеле нарм ҳам нишон дода шудааст ва бисёр мавзӯъҳое ҳастанд, ки гуфтанаш сахт аст. Шахсан ман дар бораи блогер фаҳмиши дигар дорам. Он касе, ки бозии бурд (giveaway ё “гив”)-ро роҳандозӣ мекунад ё кадом озмунро мегузаронад, блогер нест. Ин хидмати хирсона аст. Агар дар оянда филме ба навор гиранд, ки блогери ҳақиқиро низ нишон диҳад, кори хубе мешавад”, - гуфт Ҳафизов.

 

Беҳрӯз Ҳафизов

Зайнаб Ҳусейнова, блогери дигаре, ки дар як саҳнаи филм ҳам ҳузур дошт, гуфт, ки “паёми ин филм ба онҳое рабт дошт, ки барои ду-се лайк шуда, аз баҳри кор, оила ва нангу номуси худ гузашта, ба фиреб даст мезананд”.

“Дар замони мо, ҳоли ҳозир мардум гумон мекунанд, блогерӣ яке аз роҳҳои осонӣ расидан ба шуҳрат шудааст. Аммо на ҳама блогерон арзиши фарҳангӣ ва ахлоқиро нигоҳ медоранд. На ҳар лайк маънои маҳқул ё писанд буданро дорад. Дар замони мо ҳастанд нафароне, ки барои лайк шуда, ба чӣ корҳое даст мезананд”, - гуфт Ҳусейнова.

Ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар пардаи синамо блогерон ҳамчун чеҳраи манфӣ таҷассум мешаванд ва заҳмати блогерони муваффақ нодида гирифта мешавад. Вай афзуд, ки “беҳтар мебуд заҳмату машақатҳои зиёди блогерони муваффақ ҳам нишон дода мешуд, то ҷомеа фаҳмад, ки блогер кист ва кораш чӣ қадар сахт аст”.

 

Зайнаб Ҳусейнова

Филми “Блогер” бо бозии ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон, аз қабили Қурбон Собир, Лутфулло Давлатзода, Некқадам Шоҳназаров сабт шудааст. Нақшҳои асосиро Парвиз Ашӯров ва Сулаймон Табаров офаридаанд.

Ин филм моҳҳои ноябр - декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба навор бардошта шудааст.

Сар аз 24-уми август филми ҳунарии “Блогер” ҳамарӯза дар кинотеатрҳои Кайҳон (Душанбе-Молл, маркази савдои “Ашан”) ва “Премйер Зал” (Сиёма-Молл) манзури тамошобинон мегардад. Барои дастрас кардани билет дар кинотеатрҳо мухлисони филм метавонанд ба рақамҳои 55 911 11 44 тамос бигиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.