Рӯз аз рӯз сиёсати Русия дар самти муҳоҷират шадидтар шуда, барои муҳоҷирон маҳудияту монеаҳои нав ҷорӣ мешаванд. Мақомоти ин кишвар будубоши муҳоҷиронро сар аз намуди зоҳирӣ то макони зисту фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пурра назорат мекунад. Аксари муҳоҷирон, чун роҳи дигаре надоранд, маҷбуранд ҳамаи ин маҳдудиятҳоро сабр карда, барои дарёфти даромаду таъмини оилаашон ба Русия раванд.
Бо назардошти тағйироти охиру қоидаҳои нав, пеш аз сафар ба Русия муҳоҷири меҳнатӣ бояд чиро донад ва ба чӣ омода бошад? Кӯшиш кардем қадам ба қадам шарҳ диҳем.
Пеш аз сафар
Пеш аз ҳама санҷед, ки иҷозаи вуруд ба Русияро доред ё не. Инро метавон дар сомонаи расмии ВКД-и Русия санҷид. Агар монеае барои вуруд набошад, метавонед барои сафар омодагӣ бинед.
Агар шумо иҷозаи вуруд надошта бошед, метавонед барои муайян кардани сабаб ва бартараф намудани он ба Консулгарии Русия дар Тоҷикистон муроҷиат намоед.
На дертар аз 72 соат пеш аз сафар ба Русия дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод намоед. Ин маълумотро метавон онлайн, тариқи портали “Госуслуги” ва ё замимаи мобилии “RuID” пешниҳод кард.
Ҳарчанд иҷрои ин қоида ҳатмӣ нест, аммо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон ва Сафорати Русия дар Душанбе тавсия медиҳанд, ки “беҳтар аст, пеш аз сафар ба Русия, дархост гузошта, мақомоти ин кишварро аз вуруди худ огоҳ намоед”.
Дар бораи тарзи пешниҳоди дархост барои вуруд ба Русия дар маводи “Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?” мутолиа кунед.
Воқеан, ҳангоми пешниҳоди дархост барои вуруд низ метавон доштани иҷозаи вурудро санҷид.
Ҳангоми вуруд
Ҳангоми вуруд ба Русия шаҳрвандони хориҷӣ бояд аз санҷиши биометрӣ гузаранд, яъне изи ангушт супоранд ва акс гиранд. Ин қисме аз қоидаҳои нав дар самти муҳоҷират буда, маълумоти сабтшуда дар пойгоҳи ВКД сабт ва минбаъд барои назорати муҳоҷирон истифода мешавад. Санҷиши биометрӣ ҳангоми убури сарҳад, дар фурудгоҳ ва ё нуқтаи назорати сарҳадӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин, ҳангоми убури сарҳад ба шумо корти муҳоҷират медиҳанд. Ин ҳуҷҷат минбаъд барои қайди муҳоҷират ва таҳияи дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла патент лозим мешавад, аз ин рӯ эҳтиёт бошед ва онро гум накунед. Ҳангоми пур кардани корти муҳоҷират, агар барои кор меравед, дар сарҳад ҳадафи вурудро ҳатман “кор” ишора намоед, вагарна патент гирифта наметавонед.

Қадамҳои аввал дар Русия
Пас аз воридшавӣ ба Русия бояд давоми 7 рӯзи корӣ ҳатман худро ба қайди муҳоҷират гузоред, яъне мақомотро аз макони зистатон огоҳ намоед. Аз қайд метавон дар маркази бисёрсоҳавӣ ва ё намояндагии ВКД дар минтақаи зист гузашт.
Дар хотир доред, ки агар минбаъд ба ҷойи дигар кӯчед, давоми 7 рӯзи корӣ пас аз кӯчидан бояд аз нав бо суроғаи наватон аз қайд гузаред.
Ҳамзамон, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани патент оғоз кунед. Муҳоҷири меҳнатӣ бояд давоми 30 рӯзи тақвимӣ пас аз вуруд ба Русия барои гирифтани патент дархост гузорад. Барои ин, шумо бояд давоми ин 30 рӯз аз муоинаи тиббӣ гузаред ва чанд маълумотнома дар бораи истеъмол накардани маводи мухаддир, набудани ВНМО, гепатитҳои B ва C, оташак (сифилис) ва сил ва полиси тиббӣ гиред.
Аз муоинаи тиббӣ метавон танҳо дар муассисаҳои дорои иҷозатномаи махсуси ҳукумати Русия гузашт. Феҳристи ин муассисаҳо дар мақоқмоти корҳои дохилии минтақаи зистатон дастрас аст. Полиси суғуртаи тиббиро бошад, метавонед дар марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷират харед ва ё бевосита ба ширкатҳои суғуртавӣ муроҷиат кунед.
Ҳамчунин, агар дар портали “Госуслуги” ҳуҷраи инфиродӣ надошта бошед ва ё ҳуҷраи инфиродиатон дар замимаи мобилии "RuID" тасдиқ нашуда бошад, бояд давоми 10 рӯз пас аз вуруд ба дилхоҳ бонки Русия муроҷиат кунед. Он ҷо барои кушодан ва ё тасдиқи маълумоти ҳуҷраи инфиродӣ дар “Госуслуги” ва "RuID" - сурат, акси шиноснома ва сабти садоро дар низоми ягона боргузорӣ намоед. “Госуслуги” ва "RuID" бароятон кӯмак хоҳанд кард.

Ҳамчунин, барои гирифтани патент шумо бояд аз фанҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супорида, гувоҳнома гиред. Имтиҳонро низ метавон танҳо дар муассисаҳои дорои иҷозатномаи махсуси ҳукумати кишвар супорид. Бо феҳристи ин муассисаҳо метавон дар сомонаи пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Русия шинос шуд. Дар назар дошта бошед, ки супоридани имтиҳон пулакӣ буда, 3800 рубл арзиш дорад.
Пас аз омода шудани ин ҳуҷҷатҳо, барои гирифтани патент дархост гузоштан лозим аст. Дархостро метавон дар бахши мақомоти корҳои дохилии дар самти муҳоҷират ва ё марказҳои бисёрсоҳавӣ гузошт.
Барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:
- шиноснома бо тарҷумаи русии дар натариус тасдиқшуда;
- корти муҳоҷират;
- маълумотномаи тиббӣ;
- суғуртаи тиббӣ;
- гувоҳнома дар бораи супоридани имтиҳон;
- маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди муҳоҷират;
- акс;
- ду расид, яке дар бораи пардохти андози даромад дар шакли аванс (андозаи он аз минтақаи фаъолият вобаста аст) ва дигаре дар бораи пардохти боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 4200 рубл.
Тартиби пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани патент нав ҷорӣ шуда, мувофиқи он, минбаъд барои дароз кардани муҳлати патент низ муҳоҷир бояд 4200 рубл ва барои ворид кардани тағйирот ба патент ва ё гирифтани нусхаи он 2100 рубл пардохт намояд.

Патенти шумо давоми 7 - 20 рӯзи корӣ омода мешавад.
Пас аз гирифтани он шумо бояд давоми 2 моҳ кори расмӣ ёфта, шартномаи меҳнатӣ имзо намоед ва дар ин бора ВКД-ро огаҳ кунед, вагарна патенти шумо бекор мешавад.
Аз ин рӯ, беҳтар аст дар корхонаи расмӣ ва ба тариқи қонунӣ кор кунед. Барои бехатарӣ пеш аз шуруи кор метавонед тариқи сомонаи Хадамоти андози Русия - то куҷо расмӣ фаъолият доштани корфармо ва ширкатро санҷед. Барои ҷустуҷӯи кор бошад, метавонед аз портали trudvsem.ru истифода намоед.





