Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр, олимон бори аввал даҳҳо зироатро озмоиш карданд. Ҳамаи растаниҳо муваффақона мутобиқ гардида, аз ҷумла ҳосилнокии навъҳои нави картошка то 400 сентнер (10 сентнер 1 тонна) аз як гектарро ташкил дод.

 

Иқлим ба ҷустуҷӯи роҳҳалҳои нав водор месозад

Тағйирёбии иқлим олимонро ҳарчи бештар ба ҷустуҷӯи тарзҳои нави мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба шароити номусоид маҷбур месозад. Яке аз самтҳои умедбахш омӯзиши минтақаҳои кӯҳистони кишвар гардид, ки дар он ҷо омезиши иқлими салқин, ҳавои тоза ва замини ҳосилхез барои баргузории таҷрибаву озмоишҳо дар бахши кишоварзӣ имкониятҳои нодир фароҳам меорад.

Маҳз бо ҳамин сабаб кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, водии Яғнобро интихоб намуданд. Ин водӣ минтақаест, ки дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин ҷо дар деҳаи Хишортоб баҳори имсол майдонҳои таҷрибавӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо муҳаққиқон нашъунамои зироатҳои маъмулии водиҳоро дар шароити баландкӯҳ мавриди санҷишу таҳқиқ қарор доданд.

Заминҳои кишти картошка дар водии Яғноб
Сурат: Asia-Plus

 

Дар қитъаи озмоишӣ чиҳо кишт карданд?

Нимаи дуюми моҳи май, олимон олимон тухмии картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, гандум, нахӯд, мош, каду, чойҷуворӣ, помидор ва бодирингро ба ин ҷо оварда, дар замини деҳқони маҳаллӣ Некмаҳмад Сафаров кишт карданд.

“Мо хостем бисанҷем, ки зироатҳои маъмулӣ дар заминҳои ҳамвор (водиҳо) чӣ гуна дар шароити баландкӯҳ нашъунамо мекунанд. Барои мо муҳим аст муайян кунем, ки дар шароити тағйирёбии иқлим кадом навъҳо барои киштукор дар оянда беҳтарин аст”, - мегӯяд доктори улуми кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.

Олимон аз нуриҳои органикӣ ва минералӣ истифода бурда, қоидаҳои технологияи кишоварзиро қатъиян риоя карданд. Нармкунии миёни қаторҳо, обёрӣ, тозакунӣ аз алафҳои бегона, сабти тағйироти морфологии растаниҳо ва рушди онҳо.

 

Кишти картошка ҳосили хуб дод

То моҳи август майдони таҷрибавӣ ба "қолини сабз" табдил ёфт. Ҳамаи зироатҳо мутобиқ шуда, натиҷаҳои хуб доданд. Махсусан, озмоиши зиёда аз 20 навъи картошка, ки аз Тоҷикистон, Русия ва Ҳоландд оварда шуда буданд, ҳосили бештар доданд.

"Ҳосилнокии навъҳои нави тоҷикӣ – “Тоҷикистон”, “Файзи Истиқлол”, “Академияи Миллӣ-1”, “Мастчоҳ”, “Файзобод”, “Рашт” ва “Нилуфар” дар сатҳи 300–400 сентнер аз як гектар қарор гирифт. Ин нишондоди ҷиддӣ аст, ки аз дурнамои хуби онҳо гувоҳӣ медиҳад", - гуфт Мавлон Қурбонов, номзади илмҳои кишоварзӣ.
Заминҳои кишти картошка дар водии Яғноб
Сурат: Asia-Plus

Ҳосилнокии навъҳои русиягии "Садон", "Ариэл" ва "Фаско" 280-390 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода, 10-12 рӯз пештар аз дигар зироатҳо пухта расиданд. "Пикассо" ва "Алладин" низ ҳосилнокии хуб - то 370 сентнер аз 1 гектарро нишон доданд.

 

Кашфиётҳои генетикӣ дар қалби кӯҳистон

Ғайр аз ҳосилнокӣ, муҳаққиқон боз як падидаи муҳимро мушоҳида карданд, яъне гулкунии фаровони навъҳои картошка ва тайёр кардани тухмӣ аз онҳо. Дар шароити иқлими салқини Яғноб ин раванд хеле фаъолона зоҳир гардид.

"Ин хосияти ниҳоят муҳими генетикӣ аст, ки барои кори селексионӣ имкониятҳои фарох боз мекунад. Ҳавои тозаи кӯҳӣ, оби чашмасор, хоки ҳосилхез ва набудани зараррасонҳо Яғнобро ба як озмоишгоҳ (лаборатория)-и нодири табиӣ табдил медиҳанд", – таъкид мекунад Қурбоналӣ Партоев.
Корманди пешбари Институти ботаника Мавлон Қурбонов ва ёварони ӯ сатҳи ҳосилнокии картошкаро дар яке аз қитъаҳои озмоинӣ месанҷанд, моҳи августи соли 2025
Сурат аз ҷониби олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ пешниҳод шуд

 

Кишоварзон бояд аз имкониятҳои кӯҳистон истифода баранд

Натиҷаҳои ҳосилшуда ба муҳаққиқон ҷиҳати идомаи таҷриба рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Солҳои наздик онҳо ният доранд майдонҳои киштро васеъ намуда, зироат ва навъҳои навро озмоянд. Олимон бовар доранд, ки водии Яғноб метавонад на танҳо як макони ҷолиби сайёҳиии кишвар шавад, балки ба як майдони илмии таҳқиқотӣ табдил ёбад, ки дар он тарзу усул ва роҳу воситаҳои мутобиқсозии бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия мешаванд.

"Аз ҳамаи зироатҳои кишткардаи мо натиҷаҳои мусбат ҳосил шуд. Ин маънои онро дорад, ки мо таҳқиқотро васеътар намуда, навъҳои навро месанҷем. Яғноб барои табдил ёфтан ба "озмоишгоҳи табиӣ"-и Тоҷикистон имконоти воқеӣ дорад", – хулоса кард Мавлон Қурбонов.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.