Аз 1-уми сентябри имсол 187 мактаби Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуда, акнун омӯзгорон баҳои толибилмонро дар журнал ва рӯзномаи электронӣ мемонанд.
Бо ин вуҷуд дар чанд мактаб то ҳол журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад ва омӯзгорон ҳам дар журнали электронӣ ва ҳам журнали анъанавӣ баҳо мегузоранд.
Асомиддин Бобозода, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳамаи муасисаҳои таълимии буҷетӣ ва хусусии шаҳри Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шудааст.
“Ин барнома қаблан ба таври озмоиши дар 20 муассиса роҳандозӣ шуда буд. Танҳо дар муассисаҳои таълимие, ки таҷрибаашон камтар аст, ба таври муваққатӣ журнали электронӣ ва анъанавӣ истифода мешаванд. Шуруъ аз моҳи январи соли 2026 ин муассисаҳо низ пурра ба журнали электронӣ мегузаранд ва анъанавӣ аз байн меравад, - иброз дошт Асомиддин Бобозода.
Номбурда дақиқ нагуфт, ки дар чанд мактабҳои шаҳри Душанбе дар баробари журнали электронӣ ҳамчунин журнали анъанавӣ низ истифода мешавад.

Журнали электронӣ чӣ гуна кор мекунад?
Ба гуфтаи мақомот, баъди пайваст шудан ба системаи “eDonish”, дар ҳар як синф барои омӯзгор як компютер гузошта шудааст, ки онҳо метавонанд дар раванди дарс баҳои хонандаро дар журнали электронӣ гузоранд.
Масъулин мегӯянд, дар журнали электронӣ ҳамчунин омӯзгор метавонад баҳои гузошташударо шарҳ диҳад. Ҳангоми пур кардани он, баҳо ва вазифаи хонагӣ ба таври худкор дар рӯзномаи электронии хонанда пайдо мешавад.
Ҳамчунин Дилноза Комилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки низоми мазкур пурра автоматӣ шудааст ва пур кардани журнали электронӣ 5 дақиқа вақтро мегирад.
Аммо бархе омӯзгорон дар робита ба ин масъала гуфтанд, баҳогузорӣ дар журнали электронӣ ва ҳам анъанавӣ вақти онҳоро мегирад ва фурсат барои пурсидани хонандагон камтар боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, ки барномаи “eDonish” соли 2021-ум муаррифӣ гардид ва дар он сол 55 мактаби миёнаи пойтахт ба барномаи мазкур ба таври озмоишӣ пайваст шуданд. То соли 2024-уми дар 150 муассисаи таълимии пойтахт низоми автоматии назорати раванди таълим тавассути барномаи электронии “eDonish” ҷорӣ карда шуд.
Ин барнома дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури хонандагон ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад. Ҳамчунин тавассути “eDonish” волидайн метавонанд вақти ба мактаб омадан ва рафтани фарзандашонро пайгирӣ кунанд.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста