Имрӯз, 4-уми сентябр ба муносибати “Рӯзи китоб”, дар дар саҳни Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор шуд. Ин чорабинӣ аз соати 10:00 то соати 16:00 давом кард.

Субҳи имрӯз хабарнигори “Азия-Плюс” ҳам аз ин ҳамоиш дидан кард. Нафрони зиёд барои тамошо ва харидории китоб омада буданд.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки ин намоиш фурӯш “бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи маънавӣ” гузаронида мешавад.

1/10

Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи китоб, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд ва то 5-уми сентябр идома мекунад. 

Давоми ду рӯз меҳмонон имкон доранд, то бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва толорҳои хониши китобхона боздид кунанд. Боздиди “Осорхонаи китоб” имконияти воқеан нодир аст, чун рӯзҳои дигар осорхона барои меҳмонон баста асту барои ташриф овардан ба он иҷозатномаи махсус талаб мешавад.

1/10

Ҳамчунин, имрӯз, соати 19:00 дар назди Китобхонаи миллӣ “Маҳфили ҳамешабаҳор” дар мавзуи “Баҳори китоб” баргузор мешавад. Иштирок дар он ройгон аст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи китоб” таҷлил мегардад. Таърихи ин ҷашн аз гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар санаи 4-уми сентябри соли 2007 оғоз гардидааст. Ба ин муносибат ҳамасола дар кишвар чорабиниҳои мухталиф баргуҳор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.