Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди партовҳои маишӣ дар кишвар нигаронӣ карда, ба ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки корхонаҳои калони коркарди партов бунёд кунанд.

Раисҷумҳур ин нуктаро имрӯз, 17-уми сентябр дар вохӯрӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иброз дошт.

“Имрӯз дар мамлакат шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам буда, дар онҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, лекин иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад”,-таъкид кард раисҷумҳур.

Дар ин замина, ӯ ба вазорату  кумитаҳои дахлдор супориш дод, ки механизми ҷойгиронӣ, кашонидан ва коркарди партовҳоро таҳия кунанд.

Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист дастур дод, ки “Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035”, ки ҳадафаш кам кардани таъсири партовҳо ба муҳити зисти Тоҷикистон бошад таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Акс аз сомонаи president.tj

Ба иттилои президент, ҳамасола дар кишвар беш аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва ин партовгоҳҳо масоҳати умумии беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад.

Раисҷумҳур дар идома, аз боқӣ мондани заҳрхимикатҳои солҳои пеш дар ҳамаи шаҳру навоҳиҳо нигаронӣ карда, гуфт он ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷиҳати пурра бартараф кардани анборҳои заҳрхимикатҳои боқимонда ва интиқоли онҳо ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш супориш дода шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, қариб 6,5 ҳазор тонна заҳрхимикатҳо ва хокҳои заҳролудшударо аз вилоятҳои Суғду Хатлон ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш интиқол дода шудаанд.

Акс аз сомонаи president.tj

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз риоя нагардидани талаботу меъёрҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои калони саноатие, ки ба коркарду истифодаи сарватҳои табиӣ машғуланд, эрод гирифт.

Ӯ дар ин замина ба вазорату куматаҳои дахлдор дастур дод, то қабл аз оғози истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, барқарорсозии заминҳои коркардшударо назорат кунанд.

Раисҷумҳур ҳамчунин дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ “Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026 – 2030” таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.

Бояд гуфт, ки масъалаи афзоиши партов ва саривақт накашонидани партовҳои ҷамъшуда дар Тоҷикистон солҳост, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Коршиносон мегӯянд, дар кишвар ҳанӯз низоми давлатии коркарди партовҳо ташкил нашудааст. Аз ин рӯ, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро корхонаҳои хусусии коркарди партовҳо ва бидуни риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва бо истифода аз хадамоти шахсони алоҳида амалӣ мекунанд.

Коршиносон иллати ҷалби сокинон ба ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро ба стратегияи заифи мақомоти маҳаллӣ дар бахши муомилот бо партовҳо марбут медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.