Марказҳои барқу гармидиҳии (МБГ) №1 ва №2 ва дегхонаҳои ғарбиву шарқӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар фасли зимистон сокинони пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунанд, корҳои омодагӣ ба мавсими гармидиҳиро оғоз кардаанд. Ҳоло танҳо барои санҷишу корҳои техникӣ дар бархе ноҳияҳои пойтахт оби гарми қубуриро сар додаанд.
Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло корҳои омодагӣ ва санҷишӣ ба мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт идома дорад.
“Санаи дақиқи ба кор оғоз кардани марказҳои гармидиҳӣ маълум нест. Ин вобаста ба вазъи ҳаво буда, дар асоси он ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои марбута фармони оғози мавсими гармидиҳиро мебарорад”, - гуфт Аҳмадзода.
Ба гуфтаи намояндаи “Барқи тоҷик”, Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2-и шаҳри Душанбе, ба мавсими нави гармидиҳӣ пурра омода мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе ҳамасола аз нимаи моҳи октябр марказҳои барқу гармидиҳӣ ба кор оғоз мекунанд ва марҳила ба марҳила сокинони пойтахт бо оби гарм таъмин мешаванд. Мавсими гармӣ то моҳи апрели соли оянда давом мекунад.

Мақомот гуфтанд, имсол 3 ҳазору 300 иншоот ба гармӣ пайваст мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 100 иншоот зиёд аст.
Ҷалолиддин Шарифов, роҳбари филиали базаи нақлиётӣ ва таъминоти ангишти “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, захираи ангишт барои эҳтиёҷи филиали МБГ №2 ва №1-ум ҳамагӣ 1,1 млн тонна муайян шудааст.
“Тибқи нақша то моҳи декабр барои таъмини эҳтиёҷоти МБГ 1 миллиону 100 ҳазор тонна ангишт бояд захира кунем. Аллакай беш аз 1 миллион тонна ангишт ба МБГ дастрас карда шуданд. Ангишт аз конҳои “Фон-Яғноб”, металургӣ, "Паҳндара", кони “Қудрат-2010” ва кони маъдан оварда мешаванд”, -гуфт Шарифов.
Ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест. Махсусан ду соли охир ин мушкил ҷиддитар шуааст. Масъулин баъзан сабаби мушкилро ба норасоии маводи сӯхт ва қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе нерӯи гармӣ интиқол дода мешавад. Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз охири моҳи октябр шурӯъ шуда, нерӯи гармӣ асосан дар ду корхона - Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.




Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста