Дар Албания бори нахуст ба вазифаи масъули Вазорати харидҳои ҷамъиятӣ боти ҳуши маснӯиро “таъин карданд”. Ин аввалин таҷриба дар ҷаҳон ҳам ҳаст. Мансабдори маҷозӣ, ки дар заминаи шабакаҳои нейронӣ таҳия шудааст, акнун ба саволҳои шаҳрвандон посух гуфта, лоиҳаҳоро мувофиқа месозад.
Ин хабар дар фурсати кӯтоҳ паҳн шуд ва мавҷи баҳсу баррасиҳоро ба бор овард. Мо тасмим гирифтем аз ChatGPT пурсем, ки дар кадом вазорату идораҳои Тоҷикистон "вазиру роҳбари рақамӣ" метавонад кор кунад?
Ба таври худкор
Дар навбати аввал Вазорати молия тавсия шуд, ки фаъолияти ин ниҳод дар атрофи рақаму ҳисоб ва пешгӯиҳо чарх мезанад. Яъне ҷойе, ки ҳуши маснӯӣ метавонад кори зеринро анҷом диҳад.
- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти буҷетӣ, бидуни хатои худкор таҳия кардани даҳҳо ҷадвал;
- пешгӯии даромад ва хароҷот;
- назорати иҷрои буҷет бо ошкор сохтани қонуншиканиҳо, маблағҳое, ки пурра истифода нашудаанд, хароҷоти “шубҳанок”;
- идоракунии қарзи давлатӣ, ҳисобу китоби тарзҳои беҳтарини қарзгирӣ, дуруст баҳо додани хавфҳо;
- омода кардани ҳисобот ба парлумон ва созмонҳои байнулмилалӣ, таҳлили рақамҳо ва ҷойгиркунии он дар ҷадвал.
Ба сурати умум, ҳуши маснӯӣ дар Вазорати молия метавонад то 85–90% кори техникиро иваз кунад, тавре ки мегӯянд, компютер на дар вергул иштибоҳ мекунад ва на сифрро фаромӯш мекунад. Аммо ҳуши маснӯӣ наметавонад иродаи сиёсӣ ва омили инсониро иваз кунад.
Ҳуши маснӯӣ метавонад дар Кумитаи андоз низ "мансабдори муваффақ" бошад, зеро низоми андоз пурра ба рақаму алгоритм ва назорати он асос ёфтааст. Дар Кумитаи андоз он метавонад ба чунин корҳо машғул шавад:
- баҳисобгирӣ ва коркарди эъломияҳо (санҷиши худкор, ҷустуҷӯи хатогиҳо, муқоиса бо пойгоҳҳо);
- назорат ва ошкор сохтани қоидавайронкуниҳо (номутобиқатии алгоритмҳо, роҳҳои канорагирӣ, муомилоти шубҳанок);
- таҳлил ва пешгӯиҳо (модел кардани воридот, банақшагирии буҷет);
- хидматрасонӣ ба андозсупорандагон (онлайн-машваратҳо, хотиррасон намудани муҳлатҳо).

Ҳуши маснӯӣ ба камбудиҳо чашм намепӯшад. Имрӯз аллакай дар низомҳои мониторинги автоматӣ аз алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ барои ошкор кардани муомилоти шубҳанок ва нақшаҳои эҳтимолии гурез аз пардохти андоз истифода мебаранд.
Ба тасдиқи ҳуши маснӯӣ, дар ин ниҳод он метавонад 70-80 дарсади вазифаҳоро иҷро кунад. Лекин барои иваз кардани “андозситони асосӣ” - шахсе, ки масъул асту ҳуҷҷатҳоро ба имзо мерасонад, ҳоло омода нест.
Дар ин категория метавон аз Агентии омор ном бурд, ки дар он миллионҳо ҷадвал барои инсон заҳматталаб буда, барои алгоритм - мисли варзиши пагоҳирӯзӣ аст.
Ҳуши маснӯӣ қисмати зерини техникии Агентии оморро метавонад иҷро кунад:
- ҷамъоварӣ ва коркади маълумоти зиёд;
- санҷиши иттилоъ;
- ба таври худкор ошкор сохтани хатогиҳо;
- моделҳои пешгӯишаванда ва ҳисоботи таҳлилӣ;
- панелҳои фаъолманд (интерактивӣ) барои ҳукумат ва ҷомеа.
Аммо роҳбариятро комилан иваз карда наметавонад, ҳадди ақалл дар ояндаи наздик. Ҳуши маснӯӣ дар ин идора метавонад нақши як "муовин"-ро бозад, яъне ҳама чизро ҳисобу санҷиш ва таҳия мекунад, вале инсон-роҳбар самтро муайян карда, масъулиятро бар дӯш мегирад ва фаъолияти расмиро пеш мебарад.
Ҳамчунин, ҳуши маснӯӣ метавонад барои Вазорати рушди иқтисод ва савдо корҳои зиёдеро анҷом диҳад, лекин на ҳамаашро, чунки ин ҷо на танҳо дар бораи рақамҳо, балки стратегияву сиёсат, ки дар онҳо омоли инсонӣ нақши муҳим мебошад, низ сухан меравад.
Дар ин ҷо ӯ метавонад ба корҳои зерин машғул шавад:
- пешгӯии рушди иқтисод бар асоси маълумоти зиёд (таваррум, ММД, воридоти молҳо);
- таҳлили бозорҳои байнулмилалӣ (дарёфти тендерҳо, нуқтаҳои фоиданок барои содирот/воридот);
- модел кардани сенарияҳо (чӣ мешавад, агар таърифаҳо боло бурда шаванд, андозҳо поин бурда шаванд, имтиёзҳо ҷорӣ карда шаванд);
- омода кардани ҳисоботи таҳлилӣ (тезтару дақиқтар нисбат ба гурӯҳи таҳлилгарон);
- пайгирии рақамисозӣ ва савдо (пайгирии маълумот дар вақти воқеӣ).
Ҳам одам лозим асту ҳам мошин
Вазорати тандурустӣ. Ҳуши маснӯӣ ба таври олӣ метавонад омори ташхисро пеш барад, хариди дорувориҳоро ба нақша гирад, навбатпойиҳоро ба тартиб дарорад ва ба маблағгузорӣ ба бемористонҳо машғул шавад. Лекин ҳаллу фасли буҳронҳо, суҳбату гуфтугӯ бо табибону аҳолӣ - ин танҳо кори инсонии вазир боқӣ мемонад.
Вазорати кишоварзӣ: Ҳуши маснӯӣ метавонист аз уҳдаи кори қисми "коғазию таҳлилӣ" хуб барояд, аммо вазири зинда, ки тавонад муомила кунад ва бо деҳқон забон ёбад, ҳоло ивазнашаванда аст.
Ҳуши маснӯӣ метавонист “вазири техникии энергетикӣ”-и хеле хуб шавад, лекин бидуни дипломатияи инсонӣ ва вазни сиёсӣ, ин ҳамагӣ як танзимгари доно боқӣ мемонаду халос.

Ҳуши маснӯӣ - вазири нақлиёт метавонист ҳамаи роҳҳову нақлиёти кишварро зери назорат дошта бошад, лекин ба ҳар ҳол, бидуни вазири воқеӣ бо малакаи муомила кардан, чизе ҳосил намешавад.
Куҷо бе инсон намешавад?
Тибқи арзёбии ҳуши маснӯӣ, ҳастанд вазорату идораҳое, ки ҳоло наметавонад инсонро иваз кард. Ин ба хусусияти фаъолияти онҳо вобаста аст, ки иштироки инсон, қабули қарорҳои душвор ва ҳамкорӣ бо одамонро талаб мекунад.
Вазорати мудофиа, ки ҷиҳати раҳбарӣ ба қувваҳои мусаллаҳ, гвардияи миллӣ, қушӯнҳои сарҳадӣ ва нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ масъул аст. Ин вазифаҳо аз тарҳрезии стратегӣ, қабули қарорҳои фаврӣ дар шароити номуайянӣ ва ҳамкории мутақобила бо ҳайати шахсӣ иборатанд. Ин вазифаҳо сатҳи баланди масъулият, устувории маънавӣ ва сифатҳои раҳбариро тақозо мекунанд, ки худкор гардонидани онҳо бо ёрии ҳуши маснӯӣ ғайриимкон аст.
Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ машғул буда, бо ҷинояткорӣ мубориза мебарад. Ин вазифаҳо на танҳо малакаҳои техникӣ, балки қобилияти дарки ҳолати рӯҳии инсон, арзёбии маънавии вазъият ва ҳамкорӣ бо шаҳрвандонро талаб мекунанд.
Қарорҳое, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон рабт доранд, иштироки шахси зинда ва масъулиятро тақозо менамоянд.
Ҳамчунин, ивази вазири корҳои хориҷӣ қариб номумкин аст, зеро дипломатия ҳамкорӣ байни одамон, муросо ва арзёбии вазъияти душвор, масъулият ва қабули қарорҳоро тақозо мекунад.
Роҳбари идораи сиёсати хориҷӣ бояд бо дигар кишварҳо гуфтушунид барпо кунад, дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ ширкат варзад ва бо ҳамтоёни хориҷӣ робитаи мустақим ба роҳ монад. Ҳуши маснӯӣ метавонад маълумотро таҳлил карда, тавсияҳо омода кунад, аммо қобилияти нишон додани эътимод ва одоби дипломатӣ надорад. Маҳз ҳамин омилҳо аксаран натиҷаи гуфтушунидҳоро ҳал мекунанд.
Ҳуши маснӯӣ-вазир: ҷиҳатҳои мусбат
- пора намегирад, зеро киса надорад;
- аз кор дер намекунад, чун расо соати 8:00 ба кор оғоз мекунад;
- бемор намешавад, ҳадди ниҳоӣ аз вирус сироят меёбад, ки бо "дору"-и зидди он муолиҷа мешавад;
- ҳама чиро ба хотир мегирад, ҳатто он чизҳоеро, ки собиқ вазирон фаромӯш кардаанд;
- бо реҷаи 24/7 кор мекунад, ҳеҷ гуна сафарҳои кориву рухсатиҳо нестанд;
- поквиҷдон аст, агар пул набошад, рӯйирост мегӯяд.
Хулосаҳо
Инак, ояндае, ки дар он вазир сари мизи корӣ бо ҳуши маснӯӣ ҳамнишин аст, дигар афсона ба назар намерасад. Мансабдори рақамӣ чизеро иҷро мекунад, ки барои одамон душвор метобад: ҳисоб кардани миллионҳо, пешгӯӣ кардани буҷет ва назорати равандҳо бидуни хасташавӣ ва эҳсосот.
Барои Вазорати молия, Кумитаи андоз ё Агентии омор чунин "ҳамкор" метавонад воқеан як кашфиёт шавад, зеро қариб як муовини хубе аст, ки тамоми кори техникиро ба таври комил иҷро мекунад.
Вале соҳаҳое ҳастанд, ки инсон ивазнашаванда аст. Дар соҳаҳои дипломатия, мудофиа, умури дохилӣ, тандурустӣ ва бахши кишоварзӣ ҳуши маснӯӣ ҳоло на хӯҷаин, балки ёвар боқӣ мемонад. Харизма, қобилияти қабули қарорҳои ғайриодӣ ва роҳнамоии одамон аз хислатҳое мебошанд, ки ҳеҷ як шабакаи нейронӣ наметавонад комилан азхуд кунад.
Дар натиҷа, эҳтимол меравад "асри гибридӣ”-и вазоратҳо фаро мерасад: ҷойе вазири рақамӣ қисми зиёди кори техникӣро иҷро карда, аммо инсон ҳамчун стратег ва симои расмии идора боқӣ мемонад ва ӯ барои қабули қарорҳои воқеан муҳим вақти худро сарф мекунад.








Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста