Хонандагони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 7-уми ноябр ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, натиҷаҳои чоряки аввали соли хониш рӯзи 31-уми октябр ҷамъбаст мегардад.
Барои хонандагони синфҳои 5-11 рӯзи 8-уми ноябр таҳсил оғоз мегардад ва хонандагони синфҳои 1-4 ба далели ба рӯзҳои истироҳатӣ мувофиқ омадани ду рӯзи баъдии таътил, то рӯзи 9-уми ноябр истироҳат мекунанд.
Ҳамчунин аз вазорат гуфтанд, дар робита ба мувофиқ омадани Рӯзи Конститутсия (6-уми ноябр), ки истироҳатӣ аст, дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, рӯзи истироҳатӣ ба рӯзи дигар гузаронида намешавад.
Ба иттилои манбаъ, таътили тирамоҳӣ ба донишҷӯёни макотиби олии кишвар рабт надорад. Дар мактабҳои олӣ низ дар ҳамин марҳила бояд рейтинги аввал ҷамъбаст гардад, аммо ба далели он ки дар ҳар донишгоҳу донишкада замони дақиқи ҷамъбасти рейтинги аввал фарқкунанда аст, наметавон як санаро зикр кард.
Ба иттилои манбаъ, имсол таътили зимистона аз 1 то 7-уми январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29-уми март давом мекунад.
Қаблан хонандагони тоҷик дар таътилҳо 10 рӯз истироҳат мекарданд. Соли 2024 муҳлати таътилҳои мактабӣ тағйир ёфт ва як сол инҷониб хонандагон дар таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз ва дар таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз истироҳат мекунанд.
Мақомот далели кам шудани таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳориро зиёдшавии рӯзҳои таътили тобистона унвон дода буд. Қаблан соли хониш 36 ҳафта идома карда, 14-уми июн ҷамъбаст мегардид. Бо қарори ҳукумати кишвар, акнун чоряки охири соли хониш рӯзи 31-уми май ҷамъбаст гардида, хонандагон аз 1-уми июл ба таътили тобистона мебароянд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста