Моҳи март сокинони Тоҷикистон бо назардошти Рӯзи модар, ҷашни Наврӯз, иди Рамазон ва рӯзҳои ғайрикорӣ, 15 рӯз истироҳат мекунанд. Аз ҷумла, дар ҷашни Наврӯз шаҳрвандони кишвар пайиҳам 9 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Мувофиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар ҷашнҳои расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи баъдии корӣ, истироҳат эълон мешавад.
Бо ин тартиб, имсол, ки 8-уми март ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи душанбеи 9-уми март низ истироҳатӣ аст. Ҳамин тариқ, сокиноне, ки 5 рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, пайиҳам се рӯз – 7, 8, 9-уми март истироҳат мекунанд. Онҳое, ки 6 рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, танҳо 8 ва 9-уми март истироҳат хоҳанд кард.
Ин тартиб ба хонандагони мактаб ва донишҷӯён низ дахл дорад. Яъне хонандагони синфҳои болоӣ (аз 5 то 11) ва донишҷӯён рӯзи шанбеи 7-уми март дарс мехонанд ва танҳо рӯзи 8 ва 9-уми март истироҳат мекунанд.
Ҳамчунин, мувофиқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи декабр қабул гардида буд, сокинони кишвар дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам, аз 21 то 29-уми март истироҳат мекунанд. Тибқи қарори ҳукумат, рӯзи истироҳатии шанбеи 14-уми март (барои онҳое, ки 5 рӯзӣ корӣ дар як ҳафта доранд) ба рӯзи ҷумъаи кории 27-уми март гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, сокинон рӯзи 14-уми март кор ва ба ҷои он 27-уми март истироҳат мекунанд. Рӯзҳои истироҳатии ҷашни Наврӯз чунин аст:
- аз 21 то 24-уми март рӯзҳои истироҳатии расмӣ барои ҷашни Наврӯз;
- бо назардошти он ки рӯзҳои 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост мегирад, рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳатӣ аст;
- бо сабаби интиқоли рӯзи кории 27-уми март ба рӯзи ғайрикории 14-уми март, рӯзи 27-уми март низ истироҳатӣ аст;
- рӯзҳои 28 ва 29-уми март шанбе ва якшанбе буда, ғайрикорӣ мебошанд.
Дар ин баробар, аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд, имсол моҳи Рамазон 29 рӯз идома карда, иди Рамазон рӯзи 20-уми март таҷлил мешавад. Тибқи қонун, рӯзи таҷлили иди Рамазон истироҳатӣ аст. Агар чунин иттифоқ афтад, сокинони Тоҷикистон аз 20 то 29-уми март истироҳат мекунанд ва аз рӯзи 30-юми март ба кор оғоз мекунанд.
Ҳамин тавр, рӯзҳои ғайрикорӣ барои сокинони кишвар дар моҳи март инҳоянд: 1, 7, 8, 9, 15, 20 (агар иди Рамазон ба ин рӯз рост ояд), 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта низ сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста