Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора муовини собиқи волии вилояти Панҷшер Кабир Восиқ ба хабаргузории “ТАСС” хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, Аҳмад Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳ-гоҳ ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо воҳидҳои муқовимат дар манотиқи мухталифи кишвар мулоқот менамояд.
Ба гуфтаи мавсуф, Аҳмад Масъуд дар ҳоли ҳозир саъй дорад, ки дар муқовимат бо ҷангиёни Толибон аз кишварҳои мухталиф ҳимоят дарёфт кунад.
- Масъуд мехоҳад кишварҳои минтақа ва кулли ҷомеаи байналмилалиро ба зарурати мубориза бо Толибон мутақоид созад. Ӯ ба кишварҳои мухталиф сафар мекунад, то ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шуда, аз он пуштибонӣ кунанд, - гуфтааст собиқ муовини волии Панҷшер.
Кабир Восиқ қайд кардааст, ки ҷабҳа бо Тоҷикистон, ки ба мардуми Афғонистон дар мубориза бо “Толибон” ҳамеша кумаки қобили мулоҳиза мекард ва ҳоло ҳам мерасонад, равобити хуб дорад,
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 сентябр зимни суханронӣ дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал хостори баргузории интихобот дар Афғонистон ва таъсиси як ҳукумати фарогир бо ширкати намояндагони тамоми қавмҳо, аз ҷумла тоҷикони афғон шуд.
Вақтҳои охир дар бораи макону будубоши Аҳмад Масъуд хабарҳои зидди нақиз зиёданд. Макони муайяни будубоши Аҳмад Масъуд маълум нест, ки ҳоло дар куҷост. Ӯ кайҳост, ки муроҷиатҳои видеоӣ нашр намекунад.
Дар нахустин муроҷиати худ пас аз тасарруфи Панҷшер аз ҷониби Толибон ӯ изҳор дошта буд, ки бо ҷангиёни Ҷабҳа дар кӯҳҳои Ҳиндукуш қарор дорад. Лекин пас аз ин ӯ муддати тӯлонӣ дигар пайдо нашуд ва дар ин робита якчанд тахминҳо кардан имкон дошт.
Аз ҷумла овозаҳое пайдо шуданд, ки ӯ ҳамроҳи ноиби президенти пешина Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст. Лекин намояндагони Ҷабҳа ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ин овозаҳоро бепоя хонданд.
Бо вуҷуди ин, чанде пеш Радиои Озодӣ бо истинод ба якчанд манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки Аҳмад Масъуд моҳи гузашта, дақиқтараш пас аз чор рӯзи гуфтушуниди президенти Тоҷикистон бо сарвазири Покистон, ки дар бораи ташкили гуфтушунидҳо миёни мухолифон ва толибон тавофуқ ҳосил карда буданд, ба Тоҷикистон омадааст.
Зикр шуда буд, ки Аҳмад Масъуд на бо президент, балки бо раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вохӯрдааст. Дар Душанбе ӯ якуним рӯз ҳузур дошта, сипас дубора ба Афғонистон баргаштааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста