Як ҳайати Толибон бо ҳайати Амрико рӯзи шанбе дар Давҳа мулоқот ва гуфтугӯ кардааст. Ин ҳайатҳо дар робита ба гаштугузори ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар ҳарими ҳавоии Афғонистон, ҳамлаи ҳавоии Амрико дар моҳи август, ки гурӯҳи Толибон онро нақзи тавофуқномаи Давҳа медонад ва амалисозии он, маҳдудиятҳои бонкӣ ва интиқоли бархе аз дороиҳои Афғонистон ба Шветсия, гуфтугӯй кардаанд. Дар ин бора Тулуънюз бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳад.
Ин хабаргузорӣ афзудааст, ки ҳайати Толибонро намояндагони риёсати истихборот ва вазорати дифоъу хориҷа намояндагӣ мекарданд ва ҳамчунон, ҳайати Амрико аз намояндаи хоси Кохи сафед барои Афғонистон ва намояндагони вазоратҳои дифоъ, хориҷа ва истихбороти он кишвар иборат буданд.
Пас аз ҳамлам ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар 31 июл дар Кобул ва иддаои Вашингтон дар бораи кушта шудани Айман аз-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи Ал-қоида*, ин нахустин бор аст, ки мақомҳои ИМА ва Толибон бо ҳам мулоқот мекунанд.
Тулуънюз бо истинод ба Воҳид Фақирӣ, коршиноси равобити байнулмилалӣ навиштааст, ки Амрико хоҳони таомул бо Толибон аст.
Мақомҳои Толибон то кунун ин дидорро таъйид ва ё рад накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз ғасби ҳокимяти Афғонистон аз тарафи Толибон беш аз як сол гузашта, аммо то ҳол ҳеҷ давлат ё созмоне ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Толибон то ҳол натавонистаанд хостаҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар самти ташкили ҳукумати ҳамашумул, риояи ҳуқуқи инсон ва бунёди давлати қонунмеҳвар бароварда кунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста