Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии пешини Афғонистон муқовимати мусаллаҳона бо Толибонро* “бенатиҷа” хонда, пазириши “беқайду шарт”-и ин гуруҳро низ иштибоҳ номидааст ва таъкид кардааст, ки зарурати ташкили боз як “нишасти Бонн” пеш омадааст.
Ӯ ин суханони худро зимни маърӯза дар як муассисаи дипломатӣ-фарҳангии Олмон, дар шаҳри Берлин иброз доштааст.
“Ҷанг ва истифода аз зӯр зидди Толибон то шикасти комили онҳо иштибоҳ аст. Чун мо ин корро дар ду даҳаи гузашта таҷриба кардем ва натиҷае, ки мехостем, нагирифтем. Ҳамчунин, пазириши беқайду шарт ин гуруҳ низ иштибоҳ аст. Аз ин лиҳоз, барои ташкили давлати ҷадид иҷрои тавофуқномаи Давҳа ва баргузории “нишасти Бонн”-и дуюм таҳти назари Созмони Миллали Муттаҳид бо ҳузури тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, аз ҷумла Толибон зарур аст”, - гуфтааст Ҳаниф Атмар.
Ҳаниф Атмар таъкид кардааст, ки маҳдудкунии озодиҳо ва ҳуқуқи инсон дар Афғонистон метавонад мушкили аслӣ ва омили бесуботӣ дар Афғонистон бошад. Аз ин лиҳоз, ӯ бо хитоб ба Толибон низ гуфтааст, ки “машрӯъияти давлати бидуни демократия ва адами риоя ҳуқуқи асосии мардум ғайриимкон аст”.
Бояд гуфт, ки Ҳаниф Атмар аз камтарин мақомдорони ҳукумати пешини Афғонистон аст, ки ба тавофуқномаи Давҳа бо назари нек менигарад.
Гуфтан ба маврид аст, ки конфронси Бонн моҳи декабри соли 2001 дар шаҳри ҳамноми Олмон, пас аз ҳамлаи НАТО бо роҳбарии Амрико ба Афғонистон ва суқути ҳукумати якуми Толибон, ҷараён гирифт. Дар ин конфронс, ки пешвоёни сиёсиву қавмии давлати Афғонистон иштирок доштанд, сохти давлатдории ояндаи ин кишвар ва роҳбари ҳукумати муваққат мушаххас карда шуд. Маҳз дар ин конфронс Ҳомид Карзай роҳбари ҳукумати муваққати Афғонистон баргузида шуд ва аз соли 2002 то соли 2014 президенти ин кишвар буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста