Дар нишасти Давҳа (Қатар) оид ба Афғонистон, ки ду рӯз – 18 ва 19-уми феврал баргузор шуд, намояндаи Толибон* аз ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар норозӣ шуда, чун нишони эътироз дар он иштирок накарданд. Намояндагони ин гурӯҳ аз дастандаркорони нишаст хостанд, онҳоро ҳамчун намояндаи расмии Афғонистон пазиранд ва Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) бо онҳо мустақиман суҳбат кунад.

Ба навиштаи рӯзномаи “8 субҳ” ҳарду дархости Толибон пазируфта нашуд ва онҳо ҳамчун нишони эътироз дар нишасти Давҳа иштирок накарданд.

Ба навиштаи ин расона, Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ нишасти Давҳаро муассир ва созанда хонда, афзудааст, ки дар ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон ҳанӯз мушкилот вуҷуд дорад.

Ӯ бо ишора ба мушкилоти ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон зикр кардааст, ки ширкаткунандагон дар мавзӯъҳои зиёде дар бораи ҳамкорӣ бо Афғонистон ва Толибон ба мувофиқа расидаанд. Ӯ ҳамчунин аз бад шудани вазъи занон, нокомии ҳукумати фарогир ва аз байн бурдани терроризм дар Афғонистон ёдовар шудааст.

Антониу Гуттериш дар поён нишаст хостаҳои ҷомеа ҷаҳонӣ аз ҳукумати Толибонро бори дигар такрор карда, гуфтааст, “бунбаст”-и кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иртибот бо Толибон ин аст, ки бисёре аз кишварҳо дар Афғонистон як давлати фарогир мехоҳанд, ки шомили намояндагони ҳамаи ақвом бошад ва ҳамчунин пешрафт дар заминаи ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуқуқи занон аз матолиботи аслӣ ва шароити асосии ба расмият шинохтани Толибон аст.

“Толибон бар ин назаранд, ки нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо иртибот надорад ва онҳо мехоҳанд эътироф шаванд. Аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки дар робита ба нигарониҳои онҳо ҳеҷ пешрафте ба даст наомадааст, аз ин рӯ дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон низ пешрафте вуҷуд надорад”,- гуфтааст дабири кулли СММ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои рӯзномаи “8 субҳ”, баргузории нишасти Давҳа бо мавҷи вокунишҳои густурдаи дохили Афғонистон ва байнулмилалӣ рӯбарӯ шудааст.

Бархе аз ҷараёнҳои сиёсии зидди Толибон ва созмонҳои шаҳрвандӣ бо ирсоли баёнияҳои муштарак баргузории ин нишастро ба нафъи Афғонистон намедонанд. Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишаст барои Афғонистон натоиҷи мусбат дошта ва ҳамзамон боис шудааст, ки кишварҳои ғарбӣ бо теъдоде аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин ва Русия дар як саф қарор гиранд. Ба эътиқоди онҳо, қутббандии кишварҳо дар масъалаи Афғонистон ин кишварро ба буҳрони шадидтаре меорад.

Азимуллоҳ Варасҷӣ, собиқ кордори сафорати Афғонистон дар Қатар, ширкати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва занон дар нишасти Давҳаро як иқдоми мусбат номидааст, зеро онҳо дар сурати мавҷуд набудани мухолифати шадид ба унвони паёмрасони мардумӣ амал кардаанд.

Кордори собиқи сафорати Афғонистон дар Давҳа афзудааст, ки СММ баъд аз ин нишаст гузоришҳои худро дар бораи ҳуқуқи башар дар бораи Афғонистон ба таври муназзам нашр мекунад ва намояндаи вижа барои Афғонистон таъйин хоҳад кард.

Аммо Самад Самадӣ, коршиноси низомӣ, дар суҳбат ба рӯзномаи “8 субҳ” иддао кардааст, ки нишасти Давҳа бори дигар Афғонистонро “вориди бозии бузург” сохт. Ӯ гуфтааст, равобити наздики Русия, Чин ва Эрон бо Толибон боиси норозигии кишварҳои ғарбӣ шудааст ва онҳо низ бозиҳои худро пеш мебаранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.