Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар пайи суқути чархбол ҳамроҳ бо Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳур ва ҳайати дигари ҳамроҳон дар синни 60-солагӣ ба ҳалокат расид.

Нигоҳи мухолифон ва мувофиқон дар мавриди ин сиёсатмадор, ки гуфта мешуд аз тарафдорони Сипоҳи посдорон аст, гуногун аст. Қисме аз ӯ як нафари пешбари сиёсати хориҷии Эрон ва қисми дигар аз корномаи номуваффақи ӯ мегӯянд. Иддае бар ин боваранд, ки Ҳусейн Абдуллоҳиён зери сояи Иброҳим Раисӣ пинҳон монда буд.

 

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён кист?

Агарчӣ Ҳусейн Абдуллоҳиён 23-юми апрели соли 1964 дар шаҳри Домғони Эрон дида ба дунёи ҳастӣ кушуда бошад ҳам, ӯ бузургшудаи маҳаллае дар шаҳри Теҳрони Эрон аст. Ӯ мадраки коршиносии худро дар риштаи равобити дипломатӣ аз Донишкадаи равобити байналмилллии вазорати умури хориҷа дарёфт кардааст.

Инчунин, Абдуллоҳиён дорои мадракаи коршиноси аршади равобити байналмиллалӣ дар донишгоҳи Теҳрон аст. Кории доктории худро ҳам ин сиёсатмадор дар ҳамин донишгоҳ дар риштаи равобити байналмиллал ҳимоя кардааст.

Абдуллоҳиён дар замони мушовири сиёсии Муҳаммад Ҷавод Зариф буданаш дар Донишкадаи равобити байналмиллали вазорати умури хориҷа ба ҳайси устоди донишгоҳ ба шогирдон ҳам дарс мегуфт. Дар баробари дипломат ва сиёсатшинос будан, ӯ муаллифи чандин мақолаҳо ва китобҳо низ мебошад.

Китобҳои “Демукросии мутаоризии Иёлотои Муттаҳидаи Амрико дар Ироқи ҷадид”, “Нокорамидии тарҳи Ховари Миёнаи бузурги Амрико”, “Истротежии маҳори дугонаи Амрико” ва “Субҳу шом” аз ҷумлаи китобҳои таълифнамудаи ӯ ҳастанд.

Хабаргузории "Форс"

Номбурда донандаи хуби забон арабӣ буда, бо забони англисӣ чандон хуб сӯҳбат намекард. Бо вуҷуди ин, ӯ дар чандин ҳамоишҳои байналмиллалӣ кӯшиш мекард, ки бо забони англисӣ сӯҳбат кунад, аммо ин кораш борҳо боиси интиқоди мардум гаштааст.

Аз ҷумла, охирон баромадӣ ӯ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ, ки он ҷо низ бо англисӣ ҳарф зада, дар талаффузи вожаҳо мушкил кашида буд, боиси баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Мардум мегуфтанд агар бо забони форсӣ имкони сӯҳбат набуд, ӯ метавонист бо арабӣ, ки ин забонро беҳтар аз англисӣ мусаллат аст, сӯҳбат кунад.

Абдуллоҳиён оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.

 

Раисӣ ва Абдуллоҳиён

Абдуллоҳиён моҳи августи соли 2021 баъди ба раёсатҷумҳури расидани Иброҳим Раисӣ ба унвони вазири корҳои хориҷии Эрон шомили кобина шуд. Ӯ дар вазифаи вазири умури хориҷа собиқ сардори худ, Муҳаммад Ҷаводи Зарифро, ки як замон Абдуллоҳиёнро аз вазифаи муовинии худ барканор карда буд, иваз кард.

Самти вазири хориҷа дар Эрон, ба қавли коршиносон, яке аз душвортари масъулиятҳои дипломатӣ дар ҷаҳон аст. Зеро дар ин масъулияти калидӣ дар мамлакате, ки зери таҳримҳои шадиди Ғарб ва интиқодҳо барои маҳдуд кардани озодии баён қарор дорад, кори осоне нест.

Иброҳим Раисӣ ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён
Хабаргузории "Форс"

Абдуллоҳиёнро бахше аз сиёсатҳои ҷудоихоҳӣ аз Ғарб ва хоҳони тамаркуз ба сари Ховари Миёнаи Раисӣ медонистанд. Ба гуфтаи коршиносон, Абдуллоҳиён, ки таҳсилоти олии худро дар Эрон гирифта буд, бо ҷомеаи Ғарб, Русия ва Чин шиносоии хуб надошт.

Аммо қисми дигаре аз коршиносон бар ин боваранд, ки ӯ дар талоши берун кардани Эрон аз таҳриҳои Ғарбу Амрико ҷӯёи роҳи наздик шудан ба Ғарб буд.

 

Роҳпаймоӣ дар сиёсати хориҷӣ

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён дар тӯли даҳҳаҳои охир дар масъулиятҳои гуногуне дар вазорати хориҷа ва сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои мухталиф, бахусус дар минтақаи Ховари Миёна кор кардааст.

Аввалин масъулияти ӯ ба соли 1997 рост меояд. Ӯ ҳамон сол ба унвони коршиноси сафорати Эрон дар Бағдод роҳии кор шуд ва баъдан муовини ин сафорат низ таъйин гардид.

Абдуллоҳиён собиқаи корӣ дар масъулиятҳои муҳиме чун муовини идораи кулли Халиҷи Форси вазорати умури хориҷа, муовини аввли вазири корҳои хориҷа, раиси ситоди махсуси Ироқ дар вазорати корҳои хориҷа, узви кумитаи музокироти Эрон, Ироқ ва Амрико дар мавзӯъи Ироқ, сафирии Эрон дар Баҳрайн, мудири кулли Халиҷи Форс ва Ховари Миёнаи вазорати хориҷа, муовини арабӣ ва африқоии вазорати умури хориҷа ва дигар вазифаҳои калидии ин вазоратро дорад.

ИРНА

Замони мудири кулли Халиҷи Форс ва Ховари Миёна ва инчунин муовини арабӣ ва африқоӣ будани Абдуллоҳиёнро яке аз буҳронитарин давраҳо дар Ховарӣ миёна арзёбӣ мекунанд. Таҳаввулоти мансуб ба “Баҳори араб”, ҷанги дохилӣ дар Сурия ва ихтилофи назар миёни Теҳрон ва соири кишварҳои арабӣ ва махсусан қатъи робита миёни Эрон ва Саудӣ, ки баъдан боз барқарор шуд, маҳз дар ҳамин давраҳо рух дода буданд.

Номи Абдуллоҳиён замоне дурахшид, ки ӯро дар ҳайати се нафари муҳим дар музокироти Эрон, Ироқ ва Амрико дар масъалаи Ироқ шомил карданд. Аз сӯйи дигар, ин нишони боварии Ҷумҳурии исломӣ ба дипломати ҷавон дониста мешуд.

Абдуллоҳиён, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Муҳаммад Ҳотамӣ узви гурӯҳи эҳёи созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ буд, баъди вазири корҳои хориҷӣ интихоб шуданаш дар давлати сездаҳуми Эрон ҳамчун вазири хориҷӣ дар музокиротҳои навбатӣ ҳузур пайдо кард. Аммо дар ин давра аз гуфтугӯҳои Эрон барои азсар гирифтани созиши ҳастаии Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Қатар соли 2022 ғайримустақим ва бо миёнчигарии Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, натиҷаи назаррасе ҳосил нашуд.

Ҳусейн Абдуллоҳиён, дар музоҳироти мазкур изҳор дошта буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ аз хатти сурхи худ ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад гузашт. Ба гуфтаи ӯ, “хатҳои сурхе, ки дар гуфтугӯҳо муайян шудааст, бар асоси манфиатҳои миллии кишвар аст ва ин мавзӯе аст, ки наслҳои баъдӣ дар мавриди он қазоват хоҳанд кард”.

 

Дур шудан аз Ғарбу Амрико

Барор нагирифтани гуфтугӯҳои Эрон бо Амрико ва қудратҳои дигари ҷаҳон дар мавриди созиши ҳастаӣ натанҳо ба бунбаст расид, балки баъди он якбора муносибатҳои Эрону Амрико хашин шудан гирифт ва яке пас аз дигаре ба сафорат ва консулгариҳои ҳамдигар ҳамла мекарданд.

Баъди густариши ҷангҳо дар Украина ва Ғазза, байни Эрон ва иттиҳоди Аврупо  фосилаи бештаре пайдо шуд. Ба қавли коршиносон ин чиз як бохти рӯшани Абдуллоҳиён дар сиёсати хориҷӣ будааст.

photokade.com

Абдуллоҳиён ҷойи он ки барои ин душвориҳо роҳи ҳал пайдо кунад, баръакс бо шеваҳои тезу тунд аз идеологияи пешгирифтаи Эрон ҳимоят мекард ва гоҳҳо ҳам таҳдидҳое ба Амрико ва Ғарб аз ҷониби ӯ садо медоданд.

Баъди содир шудани пешнависи қатъномаи парлумони Аврупо дар хусуси ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кардани Сипоҳи посдорони Эрон, Ҳусайн Абдуллоҳиён бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо тамос гирифта, изҳор дошта буд, ки “Аврупо дар ҳоли шиллик ба пои худ аст”.

“Мо борҳо гуфтаем, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ як ниҳоди расмӣ ва ҳокимиятӣ аст, ки нақши муҳим ва ҳаётӣ дар таъмини амнияти миллии Эрон ва амнияти минтақа, бахусус дар мубориза бо терроризм дошт ва дорад”, - гуфта буд Абдуллоҳиён.

Аз муҳимтарин ҳодисаҳое, ки дар замони вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломӣ будани Абдуллоҳиён рух доданд ва ин воқеаҳо бешак таъсири зиёд ба сиёсати хориҷии Эрон доштанд, ин ҷунбиши “Зан, зиндагӣ, озодӣ” дар Эрон, ҷанги Ғазза ва таҷовузи Исроил дар он ҷо, ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Покистон ва Исроил буданд.

 

Абдуллоҳиён ва Сипоҳу Сулаймонӣ

Ба фарқ аз Муҳаммад Ҷавод Зариф, ки муносибати хубе бо Сипоҳи посдорон надошт ва онҳоро барои дахолат ба корҳои дипломатии Эрон танқид ҳам карда буд, Абдуллоҳиён аз тарафдорон ва ҳимоятгарони Сипоҳи посдорон ва дӯстони Қосим Сулаймонӣ дониста мешуд. Ӯ ҳанӯз аз давраҳои ҷавонии худ бо сипоҳ пайвандӣ доштааст.


Ҳамчунин, нақши Абдуллоҳиён дар робитаҳои Эрон бо Ироқ ва фаъолияти Сипоҳи посдорон дар ин кишвари ҳамсоя ба Ҳусейн Амирабдуллоҳиён имкон дод, ки бо Қосим Сулаймонӣ, собиқ фармондеҳи нерӯҳои Қудс наздикӣ барқарор кунад.

Дирӯз, 23-юми май Абдуллоҳиён дар Теҳрон ва Иброҳим Саидӣ дар Машҳад ба хок супорида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.