Асри дирӯз, 23-юми май, раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисиро дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад ба хок супориданд. Дар ҳамин ҳол Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гузориши муқаддамотии Кумитаи олиро дар мавриди таҳқиқи сабаби садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур Иброҳим Раисиро мунташир кард.
Хабаргузории ИРНА гузориши ибтидоии Кумитаи олии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро интишор кардааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
- Чархбол дар масири пешбинишуда роҳашро тай карда ва аз масири таъиншудаи парвоз набаромадааст.
- Тақрибан якуним дақиқа пеш аз садамаи чархбол, халабони чархболи суқуткарда бо ду чархболи дигари гурӯҳи парвоз тамос гирифтааст.
- Дар ҷузъҳои боқимондаи чархболи суқуткарда осори тир ё ҷойҳои шабеҳ ба он мушоҳида нашудааст.
- Чархболи суқуткарда пас аз бархӯрд оташ гирифтааст.
- Ба далели печидагии мавзеъ, меҳгирифтагӣ (туман) ва паст будани ҳарорати ҳаво амалиёти ҷустуҷӯ то шаб тамдид шуда ва тамоми шаб идома ёфт ва субҳи барвақти рӯзи душанбе (соати 5-и субҳ) бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ нуқтаи аниқи фалокат маълум шуд ва ба ҷои ҳодиса қувваҳои хушкигарди амалиёти ҷустуҷӯ ҳозир шуданд.
- Дар муколамоти бурҷи посбонии ҳайати ҳавопаймо ягон ҳолати шубҳанок мушоҳида нашудааст.
Дар гузориши пешакии Кумитаи олӣ перомуни таҳқиқи сабабҳои садамаи чархболи ҳомили раиси ҷумҳур гуфта мешавад, ки ҷузъиёти дигари ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва барои ин кор вақти бештар лозим аст.
Бояд гуфт, бегоҳи дирӯз ҷасади Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон дар Маҳшад ба хок супурда шуд. Инчунин дигар ҳамроҳонашро ҳам дар шаҳрҳои гуногуни Эрон дафн карданд.
Ёдовар мешавем, ки чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса маҷмаан 8 нафар ҷон бохтанд. Пас аз ин 5 рӯз дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста