Тибқи гузоришҳо аз Лубнон, бар асари таркиши ҳамзамони дастгоҳҳои "пейҷер" ё паёмрасон, дастикам 11 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла, садҳо узви гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ", захмӣ шудаанд.
Амрико мегӯяд, дар бораи ин иттифоқ аз қабл огоҳӣ надошт ва дар он дахолате надорад. Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" Исроилро дар ин кор муттаҳам кардааст. Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки дар ин бора ибрози назар намекунанд.
Пейҷер як дастгоҳи иртиботии бесим аст, ки дар даҳаи 1980 мавриди истифодаи васеъ қарор дошт, аммо акнун низ дар ҳолатҳои изтирорӣ ё дар маҳалҳое, ки бо шабакаи иртиботӣ монанди телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ надорад, истифода мешавад. Тибқи гузоришҳо, нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ" барои мамониат аз шунида шудан ё фош шудани маълумот, аз ин равиши қадимӣ ва сода барои робита истифода мекунанд.
Вазири тандурустии Лубнон шоми 17-уми сентябр эълон кард, ки таркиши паёмрасонҳо боиси кушта шудани 11 нафар ва захмӣ шудани 4 ҳазор тани дигар шуд ва вазъияти дастикам 400 нафар захмӣ вазнин аст.
Фирос Ал-Абяз, вазири тандурустии Лубнон ҳамчунин гуфтааст, бештари осебҳо аз чеҳра, даст ва шикам ба қурбониён ворид шудааст.
Шабакаи Ал-Ҳадас, ки ба Арабистони Саудӣ наздик аст, дар гузориши худ аз Лубнон эълон кард, аз шумори умумии захмиҳо дар бемористонҳои Лубнон, ҳудуди 500 нафар биноии худро аз даст додаанд.
Гурӯҳ "Ҳизбулоҳ" дар баёнияе Исроилро ба тартиб додани ин ҳамла муттаҳам кард ва гуфт, "аз Исроил ба хотири ин таҷовуз қассос хоҳад гирифт".
Тибқи бархе гузоришҳо, писари Ҳасан Фазлуллоҳ, аз раҳбарони пешини "Ҳизбуллоҳ" ва фарзандони шуморе дигар аз аъзои баландпояи "Ҳизбуллоҳ" дар миёни кушташудаҳои ин ҳодиса ҳастанд.
Алӣ Аммор, узви "Ҳизбуллоҳ" дар порлумони Лубнон, низ марги писари худро эълон кард.Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Бейрут, ҳам дар миёни захмиҳо ҳаст.
Ҳукумати Лубнон таркиши пейҷерҳоро "таҷовузи Исроил" ва "нақзи хатарноки ҳокимияти Лубнон" хонд.
Дар пайи ин ҳодиса, артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳолати "омодабош" қарор дорад. Артиши Исроил дар баёнияе кӯтоҳ гуфт, ки фармондеҳи кулли артиш ва дигар фармондеҳони баландпояи дифоии ин кишвар шоми сешанбе вазъро баррасӣ кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти интизомии Исроил, ба назар мерасад, ки ду тараф ба як "рӯёрӯии калон" наздик мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста