Бо даъвати Русия намояндагони ҳукумати Толибон* барои ширкат дар шашумини нишасти машваратии "Формати Маскав" оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзи 4-уми октябр мегазарад, бо як ҳайати калон вориди Маскав шудаанд.
Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи ҳукумати Толибон хабар додааст, ки ҳайати ҳукумати онҳо дар раъси Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷа аллакай, вориди Маскав шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳошияи ин нишаст Амирхон Муттақӣ бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дидор хоҳад кард.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия низ аз мулоқоти Муттақӣ бо Лавров иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар он ки "масоили калидии ҳамкориҳои дуҷонибаи Маскав ва Кобулро баррасӣ хоҳанд шуд".
Қаблан, Мария Захарова гуфта буд, ки ин нишаст рӯзи 4-уми октябр баргузор мегардад ва дар он намояндагони Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ва ҳукумати Толибон даъват шудаанд.
Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба Афғонистон баррасӣ мешаванд ва бахши асосии он пушти дарҳои баста сурат мегирад.
Ҳоло маълум нест, ки намояндаи Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат мекунад ё не.
Бояд гуфт, ин бори дуюм аст, ки Толибон ба нишасти формати Маскав даъват мешаванд. Соли гузашта низ онҳо дар ин нишаст, ки охири моҳи сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуда буд, ширкат карда буданд. Дар нишасти қаблӣ намояндагони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекситон ва Туркманистон ширкат доштанд.
Дар баёнияе, ки дар поёни ин нишаст вазорати корҳои хориҷаи Русия нашр кард, аз Толибон хоста шуда буд, ки бо дар мубориза бо терроризм бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ кунад.
Бояд гуфт, пас аз дигарбора ба қудрат баргаштани Толибон дар Афғонистон то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст. Аммо бархе аз кишварҳои минтақа ба монанди Қазоқистон ва Қирғизистон Толибонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ дар ин кишварҳо берун кардаанд.
Русия низ дар моҳҳои охир талош дорад, то ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонзои мамнӯъ дар ин кишвар берун кунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста