Яҳё Синвор, раҳбари гурӯҳи “Ҳамос” дар Ғаззаи Фаластин аз сӯйи артиши Исроил кушта шудааст.
Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил, рӯзи 17-уми октябр дар изҳороте гуфт, Яҳё Синвор дар як амалиёти нерӯҳои кишвараш кушта шудааст. Артиши Исроил низ дар як изҳороти мухтасар дар шабакаи “X” навишт, ки “Яҳё Синвор маҳв карда шуд”.
Гурӯҳи “Ҳамос” то ҳол баёнияҳои Исроилро расман шарҳ надодааст ва кушта шудани роҳбарашро ҳам тасдиқ ё рад накардааст.
Яҳё Синвори 62-соларо роҳбарии “Ҳамос”-ро баъди кушта шудани Исмоил Ҳания дар шаҳри Теҳрон ба зимма гирифта буд. Исроил аз ӯ тарроҳи аслии ҳамлаи 7-уми октябри солди 2023 ба ин кишвар, куштори 1200 кас ва гаравгон гирифтани ҳудуди 200 нафар медонад.
Дар пайи ин ҳамла, Исроил ба мушакборону амалиёти заминии Ғазза ва дигар минтақаҳои Фаластин оғоз кард, ки то ҳол идома дорад ва боиси марги беш а з 42 ҳазор фаластинӣ шудааст.
Аз зиндони Исроил то музокироту роҳбарии "Ҳамос"
Яҳё Синвор соли 1962 дар урдугоҳи паноҳандагони Хон Юнус дар Навори Ғазза таваллуд шудааст. Хонаводаи ӯ аслан аз шаҳри Ашкелон буда, баъди эълони таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 ночор аз онҷо ба урдугоҳи Хон Юнус кӯчиданд.
Синвор дар мактабҳои Хон Юнус хонда, таҳсилро дар Донишгоҳи исломии Ғазза идома додааст. Дар замони донишҷӯйӣ аз фаъолони зидди Исроил ба шумор мерафт.
Соли 1982 бори аввал аз ҷониби нерӯҳои амниятии Исроил ба иттиҳоми “иштирок дар фаъолиятҳои вайронгарона” боздошт ва чаҳор моҳ дар ҳабс буд.
Нерӯҳои амниятии Исроил Яҳё Синворро дар соли 1998 дигарбора боздошт карданд. Вай барои даст доштан дар куштори сарбозони исроилӣ чор дафъа ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Дар музокироти Исроил ва "Ҳамос" барои озодии Гилод Шалит, як сарбози исроилӣ, ки соли 2006 аз сӯи "Ҳамос" рабуда шуда буд, миёнҷигарӣ кард. Дар пайи ин музокирот беш аз ҳазор зиндонии фаластинӣ бо Шалит иваз шуданд.
Аммо худи ӯ соли 2011 раҳо шуд. Дар умум, Синвор бисту чор сол дар зиндонҳои Исроил буд.
Дар соли 2017 Яҳё Синвор ба унвони раҳбари “Ҳамос” дар Навори Ғазза интихоб ва ба ин тартиб ҷонишини Исмоил Ҳания шуд, ки дар он сол раёсати дафтари сиёсиро бар уҳда гирифт.
Яҳё Синвор баъд аз қатли Исмоил Ҳания дар охири моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Теҳрон, раҳбари гурӯҳи “Ҳамос” шуд.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста