Дар як шабонарӯзи охир дастикам 4 кишвари ғарбӣ давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд. Ин иқдом нишони эътироз ба ҷанги Исроил дар Ғазза унвон шуд ва кишварҳои ҷаҳон хостанд, бо эътирофи ду давлати алоҳида амният дар Ховари Миёна таъмин гардад.

Ба иттилои расонаҳо, рӯзи якшанбе Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Портуғол (Португалия) давлати Фаластинро эътироф карданд.

Кир Стармер, Марк Карни ва Энтони Албанезе, нахуствазирони Бритония, Канада ва Австралия дар баёнияҳои алоҳида гуфтанд, хоҳони сулҳу амният дар Ховари Миёна ҳастанд. Онҳо дар баёнияҳои худ ба талош барои эҳёи роҳи ҳалли дукишварӣ таъкид карданд.

Паулу Рангел, вазири корҳои хориҷӣ Портуғол низ шаби гузашта дар дафтари намояндагии доимии ин кишвар дар Ню-Йорк ба расмият шинохтани Фаластин тавассути кишварашро расман эълон кард.

Ӯ, ҳамчунин, хостори озодии гаравгонҳои исроилӣ аз дасти ҲАМОС, таваққуфи хусуматҳо ва барқарории оташбас дар Ғазза шуд.

Сарвазири Бритониё Кейр Стармер ва сарвазири Канада Марк Карни
Акс аз Suzanne Plunkett / WPA Pool / Getty Images

Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ин иқдоми кишварҳои ғарбиро “ҷоизае барои ҲАМОС” унвон кардааст. Вале нахуствазири Бритониё дар посух гуфтааст, ки ба расмият шинохтани Фаластин ҷоиза барои ҲАМОС нест, ҷалки поёни ҳузури ин гурӯҳ дар Фаластин мебошад.

“Ин ба он маъноест, ки ҲАМОС дар оянда наметавонад нақше дар давлати Фаластин ва таъмини амнияти он дошта бошад”, - изҳор доштааст Стармер.

Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин гуфтааст, ки ин эътироф ба Фаластин кӯмак хоҳад кард, то “дар паҳлӯи давлати Исроил дар амният, сулҳ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунад”.

ҲАМОС низ аз ин иқдом истиқбол намуда, аммо гуфтааст, ки он бояд бо “чораҳои амалӣ” барои хотима бахшидан ба ҷанг дар Ғазза ва пешгирии Исроил аз тасарруфи соҳили Ғарбӣ ҳамроҳ бошад.

Фаластиниҳо аз шимоли навори Ғазза, пиёда ва савори мошинҳо фирор мекунанд - рӯзи шанбе, 20 сентябри соли 2025.
Акс аз Абдул Карим Ҳана/AP

“Ба расмият шинохта шудан, қадаме муҳим дар тасдиқи ҳаққи мардуми фаластинии мо ба сарзамин ва маконҳои мазҳабияшон аст ва ҳамин тавр таъсиси кишваре мустақил, ки Байтулмуқаддас пойтахти он бошад”, - омадааст дар баёнияи ҲАМОС.

Ин гурӯҳ дар баёнияи худ, ҳамчунин, аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст,ки "ҳар гуна ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ" бо Исроилро қатъ кунанд.

Ҳамчунин, қарор аст имрӯз дар ҳошияи баргузории 80-умин иҷлосия Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чанд кишвари дигари ғарбӣ расман Фаластинро ба унвони давлати мустақил эътироф кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Исроил ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии худро ба Ғазза шадидтар карда, тонкҳо ва нерӯҳояшро ба дохили шаҳр пеш мебарад. Дар пайи вуруди артиши Исроил ба Ғазза, сокинони ин шаҳр маконҳои истиқомати худро тарк мекунанд ва аз бомбборон паноҳ меҷӯянд.

Дар ду рӯзи гузашта, ба иттилои мақомоти беҳдошти Ғазза, Исроил беш аз 100 нафарро дар ин минтақа куштааст. Чанд соат пеш расонаҳо аз партоби ду “ракета” аз сӯи ҲАМОС ба Исроил гузориш доданд. Гуфта мешавад, дар пайи ин дар шаҳрҳои ҷанубии Исроил ба садо даромадааст. Расонаҳои исроилӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои ин кишвар аз ду “ракета” якеашро сарнагун кардаанд ва дигараш “бидуни осеб” афтодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.