Гурӯҳи ҲАМОС дар пайи талаби Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико розӣ шуд, гаравгонҳои исроилиро раҳо кунад. Баъдли ин раисҷумҳури Амрико аз Исроил хост, ҳамла ба Ғаззаро фавран қатъ кунад. Аммо ин поёни ҷанг нест ва тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Трампро ҳарду ҷониб ба чолиш мекашанд.
Гурӯҳи муқовиматгари фаластинии ҲАМОС, ки дар Ғазза алайҳи ишғолгариҳо бо Исроил меҷанганд, эълон кард, ки даъвати Доналд Трампро барои раҳоии ҳамаи гаравгонҳои исроилӣ қабул мекунад.
Ҳоло 48 сокини Исроил дар асорати ҲАМОС аст ва 20 тани онҳо зинда мебошанд.
Пештар Доналд Трамп ҳушдор дода буд, ки ҲАМОС бояд то шаби якшанбе тарҳи сулҳ барои навори Ғаззаро пазирад, вагарна комилан нобуд хоҳад шуд.
Шаби ҷумъа, ҲАМОС бо нашри изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз омодагии худ барои ҳадди ақалл қисман иҷро кардани шартҳои тарҳи сулҳи Трамп хабар дод.
“Барои ноил шудан ба қатъи амалиёти ҷангӣ ва хурӯҷи комили нерӯҳо аз навори Ғазза, ҲАМОС ризоияти худро барои раҳоии ҳама зиндониёни исроилӣ, чӣ зинда ва чӣ ҷонбохтагон бар ивази табодул бо зиндониёни фаластинӣ, ки дар тарҳи пешниҳодкардаи раисҷумҳур Трамп мавҷуд аст, эълон мекунад”, - навишт ин гурӯҳ.
Тарҳи сулҳ баъди мулоқоти Трамп бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил муаррифӣ шуд.
Аммо ҳоло дақиқ нест, ки ҲАМОС тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Трампро ба пуррагӣ пазируфтааст ё не. Чанде аз расонаҳо бо такя ба мақомҳои низомии ин гурӯҳ хабар доданд, ки ҲАМОС хостори тағйирот ба тарҳ шудааст. Махсусан, қаноти низомии ин гурӯҳ ба тағйири тарҳи сулҳ пофишорӣ дорад.
Дар пайи эълони омодагӣ ба раҳоии гаравгонҳо аз сӯйи ҲАМОС, Трамп шаби гузашта дар паёме дар шабакаи Social Truth навишт, “Исроил бояд фавран бомбборони Ғаззаро қатъ кунад, то битавонем афродеро, ки гаравгони “Ҳамос” ҳастанд, раҳо кунем”.
Исроил то кунун ба ин хостаи Трамп посух надодааст, аммо пештар Нетаняҳу изҳор дошта буд, ки мухолифи ташкили давлати Фаластин аст”.
Трамп дар паёми ахири худ навишт, ки дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ баҳс мешавад, аммо ин тарҳ фақат хос ба Ғазза нест, балки барномаи фарогир барои сулҳ дар Ховари Миёна аст, ки "муддати тӯлонӣ дар талоши расидан ба он будем".
Тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Трамп аз 20 банд иборат аст. Нукоти асосии он раҳоии ҳамаи гаравгонҳо аз сӯи “ҲАМОС” ва халъи силоҳ шудани он, вогузории қудрат дар Ғазза ба технократҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар иваз, Исроил бояд ҳамлаҳои худро ба Ғазза қатъ кунад, нерӯҳои низомиашро аз Ғазза берун созад ва талош барои бозсозии Ғаззаро оғоз кунад.
Бояд гуфт, низоъи ахир дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.
Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.
Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил, то кунун беш аз 65 ҳазор сокини навори Ғазза кушта шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.




Сарфаи барқ дар рӯзгор. Чӣ гуна метавон кам пул харҷ кард?
Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст
“Тақдири миллатро ҳал кард”. Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 ноябри соли 2025
Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста