Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тадриҷан барқарор мешавад. Дар муқоиса бо коҳиши 17-фоиза дар оғози сол, коҳиши муомилоти мол ба андозаи 0,9 фоиз тӯли 9 моҳ аллакай ин қадр таҳдидовар ба назар намерасад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 2 млрд. 868 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 % камтар аст.
Ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 901 млн. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли гузашта ба андозаи 34% (228 млн. доллар) зиёдтар мебошад.
Аз хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд. 967 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 11,5% (255 млн. доллар) камтар аст.
Тайи ду соли охир ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиши воридот қариб ба миқдори 1,3 млрд. доллар поин рафт. Ҳаҷми моҳонаи воридот ба ҳисоби миёна аз 359 млн. доллари соли авҷи 2014 ба аввали соли равон то 185 млн. доллар камтар шуд. Тӯли 9 моҳи имсол ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридот то 218 млн. доллар афзуд.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 672 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 12% камтар аст.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон дар ин давра ҳудуди 582 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 27% афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин қариб 40% поин рафта, ҳамамгӣ каме бештар аз 425 млн. долларро ташкил додааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста