Дар робита ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 80 млн. сомонӣ (зиёда аз 9 млн. доллар) камтар маблағ ворид шуд.
Соли 2017 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ каме бештар аз 4,4 млрд. сомонӣ маблағ равона шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 2,2 фоиз камтар аст.
«Сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи соли 2017 коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ, бахусус камшавии воридоти молу маҳсулоти андозбандишаванда аст», - гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 3 млрд. 758,3 млн. долларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо нишондиҳадаи соли 2017 ба миқдори 172,8 млн. доллар ё худ 4 фоиз камтар мебошад.
Соли гузашта ба маблағи умумии 2 млрд. 774 млн. доллар молу маҳсулот ба кишвар ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2017 - 257,3 млн. доллар ё худ 8 фоиз камтар аст.
Ба гуфтаи Азим Турсунзода, сабаби дигари иҷро нашудани нақша дар пешниҳоди имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ ба воридкунандагони технология ва таҷҳизоти истеҳсолӣ ифода меёбад.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки дар худи ҷумҳурӣ низ истеҳсоли баъзе молу маҳсулот ба роҳ монда шуда, ин ба камшавии талабот ба воридоти он аз дигар кишварҳо боис гардид.
Муовини сардори хадамот боз як қатор омилҳои иҷро нашудани нақшаро низ номбар кард, аз ҷумла фаъолияти мавсимии гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистону Чин, мушкилоти транзити бор тариқи қаламрави Афғонистон бинобар сабаби ноором будани вазъ дар ин кишвар, қочоқи маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт аз Қирғизистон ва ғайра.
Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон муддати се сол аст, ки иҷро намешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста