Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбарони блоки Раёсати дороиҳо ва ташкили кор бо дороиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҶСК “Сангтӯда-1” ва директори ҶСК НБО “Сангтӯда-1” дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар мулоқот масъалаҳои иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, мувофиқакунонии модели молиявию иқтисодии баргардонидани сармояи Тарафҳо, нақшаи пӯшонидани қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда-1”, самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардида ва имкониятҳои иловагии кашфи бозорҳои нави содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ШСХК “Барқи Тоҷик” соли 2017 бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо 290 млн. сомонӣ пардохт кардааст ва бо ин метавон гуфт, ки уҳдадориҳои худро дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда-1” асосан иҷро намуда истодааст. Модели молиявию иқтисодии баргардонидани сармояи Тарафҳо низ байни ин ду сохтор асосан мувофиқа шуда, масъалаи самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардидаро Тарафҳо бо нигоҳи ҳуд ҳал менамоянд.
Ҷониби Федератсияи Россия ҳавасмандии худро ҷиҳати кашфи бозорҳои нави истифодаи барқ баён намуд.
Зикр шуд, ки дар фаъолияти байни субъектҳо масъалаҳое ҳастанд, ки таҳқиқоти бештар талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз ба гурӯҳҳои кории соҳавӣ супориш дода шуд, ки роҳи ҳалли онҳоро бо назардошти манфиати ҳарду ҷониб таҳия ва пешниҳод намоянд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста