Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки давомнокии вақти парвоз бо хатсайри Душанбе - Маскав ва Маскав - Душанбе баъди гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо, ки санаи 4 апрел дар Маскав баргузор шуд, мисли пешин барқарор шуда, боз 3 соату 46 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори Росавиатсия муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ зиёд шуда, «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» зимни парвоз бояд аз дигар хатсайрҳои ҳавоии масофаашон нисбатан дарозтар истифода мекарданд.
Масалан, аз рӯи хатсайри нав муҳлати парвози ҳавопаймои ширкати тоҷикистонӣ то Маскав ба ҳисоби миёна - як соат (тахминан 5 соат мешавад) ва шаҳри Санкт-Петербург - тақрибан 40 дақиқа зиёд шуда буд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, дар гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо натанҳо масъалаи шумори хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҷадвали тобистонаи парвозҳо, балки давомнокии вақти парвозҳо низ баррасӣ шуд.
«Ҳамааш чун пешина барқарор шуд: ба ширкатҳои тоҷикистонӣ нуқтаҳои пешинаи вуруд/хориҷ барои хатсайрҳои мунтазам баргардонида шуд», - гуфт ӯ.
Зимнан илова шуд, ки ба ҷадвали мавсими тобистонаи парвозҳо 4 самти нав: Перм - Душанбе, Жуковский - Кӯлоб, Челябинск - Хуҷанд ва Краснодар - Хуҷанд илова шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста