Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва эҳтимолияти тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳайат бо раҳбарияти Бонки миллӣ мулоқот карда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои дар сатҳи сифатан нав тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд бо Хазина изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар самтҳои дахлдори низоми бонкӣ омодагии роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистонро баён намуд.
Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои барои Тоҷикистон, аз ҷумла БМТ афзалиятнок ҳавасмандӣ ва омодагӣ изҳор намуда, қайд кард, ки ХБА ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, инчунин мусоидат ба татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ ва ҳамчунин роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазина барои Тоҷикистон талош хоҳад варзид.
Гуфта мешавад, ҳайати ХБА аз санаи 12 то 23 май бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷиҳати таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо раҳбарияти як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста