Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори як баёнияи матбуотӣ куштори генерал-полковник Қосим Сулаймонӣ ва дигар ҳамразмонашро аз ҷониби ИМА, ки 3-юми январ тавассути ҳавопаймои бесарнишин анҷом дода шуд, башиддат маҳкум кардааст.
Дар ин баяёния гуфта мешавад, нақши Қосим Сулаймонӣ дар масири мубориза ва нобудии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ дар Ироқу Сурия, ки бо даъвати расмии давлатҳои ин кишварҳо сурат гирифт, муҳиму барҷаста буд.
“Иртикоби ин ҷинояту терроризми давлатӣ бузургтарин хатои стратегии омилони он дар минтақаи ғарби Осиё буда, ҳамагонро бар ин бовари қатъӣ расонда ва ё хоҳад расонд, ки танҳо роҳи барқарории сулҳу оромиш дар минтақа на такя ба қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои бегона, балки таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар чорчӯби шабакасозии амниятӣ, мубтанӣ бар манфиатҳои муштараки ин кишварҳо мебошад”, - омадааст дар баёнияи сафорати ҶИЭ.
“Маҳкумияти ин ҷиноят тавассути давлатмардони ироқӣ ва шахсиятҳои барҷастаи мазҳабӣ ва миллии ин кишвар, баъдан видои пайкари он шаҳид дар шаҳрҳои Ироқ ва тасвиби қонуни хуруҷи сарбозони амрикоӣ дар парламенти ин кишвар дар вокуниш ба террори ноҷавонмардона, гувоҳи мусаллам бар дурӯғ будани тамомии иддаоҳои қаблии режими Амрико алайҳи нақшу ҷойгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ буда, посухи маҳкаме ба талошҳои тафриқаафканонаи бадхоҳони ин ду миллати бузургу ҳамсоя мебошад”, - навиштаанд дипломатҳои эронӣ.
Зимнан изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар мавриди ҳамла ба марказҳои таърихӣ ва фарҳангии Эрон “хасмона, таҳдидомез ва нобаҳинҷор” арзёбӣ шудааст, ки тибқи қоидаву қонунҳои байнулмилалӣ гувоҳи боризи “ҷинояти ҷангӣ” аст. Ба навиштаи сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон, чунин ҳамлаи эҳтимолӣ “падидомада аз аҷзу нотавонии ин ҷинояткорон дар баробари иродаи халалнопазири давлату миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки мубтанӣ бар фарҳангу тамаддуни ғании исломӣ ва эронӣ аст, мебошад”.
Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон зери бори ҳеҷ таҳдид ё тарсу ҳаросе нахоҳад рафт ва ҳаққи посухгӯӣ ба ҳар гуна таҳдид ё иқдом алайҳи амнияту тамомияти арзияшро барои худ маҳфуз медонад. “Таърихи ҳазоронсолаи эронзамин ва шаҳомату шуҷоати сардорони бузургу номии он нишон додааст, ки миллати диловари Эрон ба ҳар мутаҷовизе башиддат посух дода ва мероси фарҳангӣ ва тамаддунии ғании худро насл ба насл ҳифз кардааст”, - изҳор доштааст сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста