Имрӯз, 29 августи сол равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самараи Русия се ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия аз ҳалокати се ҷавони тоҷик огоҳ буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоянд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ва осебдидагон изҳори омодагӣ кард.
“Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад",- гуфтанд аз ин ниҳод.
Бори нахуст дар бораи ба садама дучор шудани се ҷавони тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия дар километри 925-уми шоҳроҳи М5 “Урал” имрӯз, 29 август ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров дар Фейсбук хабар дод.
Ӯ гуфт, ки ҳодиса соати 07:30 имрӯз рух дода, дар натиҷаи ба як фураи тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Киа-Рио” се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигарашро бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ кардаанд.
“Ба гуфтаи кормандони пулис, ронандаи “Киа” ба сабабҳои ҳанӯз номаълум ба самти муқобили роҳ баромада, ба фураи пур аз орд бархӯрдааст. Зарба чунон сахт буд, ки се мусофири “Киа”, солҳои таваллуди дуяш 2002 ва якеи дигар 1997, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин, соли таваллудаш 1985 ва як мусофири дигари ӯ, соли таваллудаш 2002 ба бемористон интиқол дода шудаанд ва ҳоло дар реаниматсия дар ҳолати вазнин қарор доранд”, - навиштанд расонаҳои русӣ.
Каримҷон Ёров номи 4 нафаре, ки дар пайи ин садама ба ҳалокат расиданд ва ҷароҳат бардоштанд нашр кард:
1.Очилдиев Холбой Файзуллоевич (2002), ноҳияи Носири Хусрав,
2.Шукуров Садирдин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритӯс,
3.Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002), ноҳияи Носири Хусрав,
4.Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002), ноҳияи Рашт.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 28 августи соли равон дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санк- Петербурги Русия чор ҷавони дигари тоҷик ба ҳалокат расида буданд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста