Дар ҷаласаи маҳфили байнулмилалии матбуот муовини раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Даврон Деҳқонов изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон 40% тахфифи транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистонро пешниҳод кардаааст.
Бино ба маълумоти портали Подробно.uz, ӯ қайд кардааст, ки ахиран «тамоил назаррас»-и афзоиши содирот ба кишварҳоя ҳамсоя ба мушоҳида мерасад.
«Мо бо ҳамтоҳои тоҷики худ муносибати хубу боэътимод дошта, ҳамеша гуфтушунидҳои дуҷониба мегузаронем, ки барои танзими ҳамаи масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли бору маҳсулот ба мо имкон медиҳад», - иброз доштааст Деҳқонов.
Номбурда зикр кардааст, ки пас аз баргузории мониторинги ҷвараёни ҳамлу нақли бор, ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои ҳамтоҳои тоҷики худ ба таври назаррас тарифҳоро поин бурд, ки он беш аз 40%-ро ташкил дода, «ин иқдом баҳри ҷалби афзоиши боркашонӣ дар роҳи оҳан бо иштироки ширкат рӯйи кор гирифта шудааст».
Тибқи навиштаи Газета.uz, дар посух ба савол дар бораи ифтитоҳи қитъаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни убури қаламрави Туркманистон ва ҳамчунин барқарор шудани ҳаракати қатораҳо тавассути гузаргоҳи «Амузанг - Ғалаба», ки соли 2011 боздошта шуда буд, Деҳқонов посух додааст, ки кишвараш ба сохтмони қитъаҳои нави роҳи оҳан миёни кишварҳо ҳеҷ заруратеро намебинад.
«Мо ҳама талаботи ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистонро тариқи қитъаи роҳи оҳани гузаргоҳи марзии Қудуқли дар вилояти Сурхондарё анҷом медиҳем, - гуфтааст ӯ. - Ҳеҷ гуна боздошту таъхир нест, бор саривақт дастрас мешавад ва аз ин рӯ, чунин талаботи махсус (сохтмони қитъаҳои нав) вуҷуд надорад».
Даврон Деҳқонов ҳамчунин хотиррасон намудааст, ки дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд гузаргоҳҳои байнидавлатии роҳи оҳан дар вилоятҳои Фарғона, Тошканд ва Сурхондарё амал мекунанд.
«Сохтмони кадом як қитъаи нав ба дубора тақсим шудани ҳаҷмҳо боис гардида, барои кишвари мо ҳеҷ гуна натиҷаи иловагии пурсамари иқтисодӣ намеорад», - гуфтааст ӯ.