Дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ то 1 июли соли равон то ҳол иҷро нашудааст.
Масъулони иҷрои дастур Бонки исломии рушдро гунаҳкор медонанд, зеро маҳз ҳамин бонк ваъда додааст, ки таҷҳизоти зарурии иттилоотиро ба Тоҷикистон меорад.
«Бонки исломии рушд то имрӯз уҳдадории ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмин бо технологияву барномаҳои марбут ба таъсиси сомонаро иҷро накардааст», - гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон Мақсуд Низомӣ.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қарордоди ҳосилшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, барномаву технологияҳо барои таъсиси сомона аз ҳисоби Бонк таъмин карда мешаванд.
Ӯ аз ифшои маълумот дар бораи чӣ гуна воситаҳо ҷудо кардани Бонки исломии рушд ва кай ҳосил шудани қарордод дар ин бора худдорӣ варзида, лекин итминон дод, ки то охири сол портал мавриди истифода қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон ду сомонаи интернетӣ амал мекунанд, ки санадҳои ҳуқуқиро нашр мекунанд. Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ дар сомонаи www.mmk.tj тамоми қонуну кодексҳои аз ҷониби парлумон қабулшударо дар сомонаи худ ҷой медиҳад.
Дар сомонаи Вазорати адлия - www.adlia.tj тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо шумули қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои президент дарҷ шудаанд, вале дастрасӣ ба матнҳои пурраи ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.