Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаби гузашта, 4-уми сентябр, дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт. Ҳампешагонаш дар Тоҷикистон аз ӯ чун овозхони маънисаро ва пайванде миёни халқи тоҷику ӯзбек ёд мекунанд.
Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони Шералӣ Ҷӯраев мегӯяд, ки марҳум истеъдоди волои сарояндагӣ дошт ва дар бозхонии сурудҳои тоҷикӣ низ шӯҳратёр гашт.
Ба қавли Шодиев, Шералӣ Ҷӯраев аз солҳои 1970-ум ба майдони ҳунар ворид шуд ва дар муддати кӯтоҳ, аввал дар Тошканду Самарқанду Бухоро, баъдан дар Душанбе ва ҳавзаи ҳунарии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ обрӯ ёфт.
Ӯ меафзояд, ки донистани забони тоҷикӣ ва шеъру шуарои тоҷику форс ба Шералӣ Ҷӯраев кӯмак расонид, то дар дилу дидаи тоҷикон ҷой гирад.
“Шералӣ Ҷӯраев забони тоҷикиро бисёр нағз медонистанд ва бо мо комилан ба тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд. Зиёд ба Тоҷикистон меомаданд ва бо устодони санъат робитаи танготанг доштанд. Мо низ ҳар вақте ба Ӯзбекистон мерафтем, ҳатман меҳмони Шералӣ Ҷӯраев мешудем. Яъне, намегузоштанд, ки робитаи тоҷику ӯзбек канда шавад ва пайванде миёни ин ду миллат буданд”, - мегӯяд Афзалшоҳ Шодиев.
Афзалшоҳ Шодиев таъкид мекунад, ки “замоне, ки садои овозхон дар Ӯзбекистон бо кадом сабабҳое маҳдуд гардид, мо зиёд ба Тоҷикистон даъват мекардем ва дар тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо бологузар буданд. Робитаи мо ва қавлу бародарии тоҷику ӯзбек аз ду ҷониб мустаҳкам гардида буд”.
Ба гуфтаи Афзалшоҳ Шодиев, Шералӣ Ҷӯраев бо устодони назми муосири тоҷик Лоиқ Шераливу Гулрухсор ва устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов дӯстони хуб буд.
Шералӣ Ҷӯраев чандин оҳангҳои Ҷӯрабек Муродовро бозхонӣ карда, ба чандин шеъри Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор оҳанг бастааст, аз ҷумла суруди “Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад” яке аз сурудҳои тоҷикии сершунавандаи овозхон мебошад.
Аҳли ҳунару адаби тоҷик имрӯз аз даргузашти овозхони шинохта ва ба гуфтаи ҳамкасбонаш, намоди дӯстии ду миллат - тоҷикону ӯзбекон, андӯҳгинанд.
Сарояндагони тоҷик, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов ҳоло барои хайрбод бо Шералӣ Ҷӯраев ба Ӯзбекистон рафтаанд.
Имрӯз ӯро ба хок месупоранд.
Зиндагиномаи Шералӣ Ҷӯраевро дар ин матлаби мо бихонед.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста