Дар Ӯзбекистон “шикор”-и соҳибнуфузони оламии ҷиноӣ идома дорад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, тайи ду ҳафтаи охир мақомоти қудратии Ӯзбекистон беш аз 200 нафарро боздошт карданд, ки дар байни онҳо соҳибнуфузони олами ҷиноӣ Бахтиёр Қудратуллоев бо лақаби “Бахтӣ Тошкентский” ва Салим Абдувалиев бо лақаби “Салимбой” ё “Салимбойбача” низ ҳастанд. Дар куҷо будани Ғафур Раҳимов бо лақаби “Ғаффурбой”, яке аз дигар соҳибнуфузони олами ҷиноӣ маълум нест.

Ҳамаи инҳо даҳсолаҳо пеш чун соҳибнуфузони олами ҷиноӣ ном бароварда, аммо замони ҳукумати Ислом Каримов муддате “нопадид” шуда буданд. Ду – се соли охир онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардида, миёни ҷомеа чун “соҳибкорони муваффақ” муаррифӣ мешуданд ва дар чорабиниҳои варзишӣ якҷо бо узви оилаи президент Шавкат Мирзиёев ва чеҳраҳои шинохтаи санъати Ӯзбекистон намудор мегардиданд.

“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ ё амалиёти “40 рӯзи зарбдор”

Раёсати ВКД дар шаҳри Тошканд 3-юми декабр хабар дод, ки Бахтиёр Қудратуллоев (Бахтӣ Тошкенсткий) бо моддаи 165, қисми 3 (тамаъҷӯӣ ба миқдорӣ махсусан калон) ва моддаи 276, қисми 2 (нигоҳ доштани маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон) гумонбар ва боздошт шудааст.

Салим Абдувалиев (“Салим-бойбача” ё “Салимбой”), соҳибнуфузи дигари олами ҷиноӣ аввал бо барои “санҷиши пеш аз тафтишот” ба мақломот даъват гардида, баъдтар расман барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон боздошт шуд.

Дар бораи макони будубоши Ғафур Раҳимов, соҳибнуфузи дигари олами ҷиноӣ бошад, маълумоти зиддунақиз интишор мешавад ва маълум нест, ки ӯ дар куҷост.

Ин се нафар аз бонуфузтарин чеҳраҳои олами ҷиноии Ӯзбекистон дониста мешавад.

Ҳамчунин, чандин нафар “ёвар” ё нафароне, ки бо ин соҳибнуфузон робита доштанд, низ дар саросари кишвар боздошт гардидаанд.

Аз ҷумла, дирӯз, 7-уми декабр, Бузрук Бузрукови 38-сола ва пештар аз он, Саидазиз Сайдалиев, маъруф ба “Сайдазиз Медгородок” боздошт гардиданд. Онҳо барои “тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон” гумонбар мешаванд.

Дар умум, теъдоди боздоштшудагон беш аз 200 нафар гуфта мешавад. Масалан, дар шаҳри Тошканд 34 нафар, дар Бухоро 38 нафар ва дар Самарқанд беш аз 50 нафар аъзои гуруҳе, ки ба ҷиноят даст доранд боздошт шуданд.

Мақомоти Ӯзбекистон боздошти чеҳраҳои соҳибнуфузи олами ҷиноии ин кишварро шарҳ намедиҳанд ва танҳо гуфтанд, ки дар кишвар амалиёти “40 рӯзи зарбдор барои ошкор ва маҳви гуруҳҳои ҷиноятӣ” гузаронида мешавад. Онҳо аз сокинон талаб карданд, ки нигарон набошанд ва агар аз дасти гурӯҳҳои ҷиноятие, ки онҳо боздошт карданд, ҷабр дида бошанд, ба мақомот муроҷиат кунанд.

“Салим-бойбача”

Бояд гуфт, ки соҳибнуфузони олами ҷиноии Ӯзбекистон чанд рӯз ё моҳ пеш пайдо нашудаанд. Аллакай даҳсолаҳо онҳоро ҳама мешиносад ва дар бораи онҳо ривоятҳову афсонаҳои зиёд бофтаанд.

Масалан, номи Салим Абдувалиев ҳанӯз замони шӯравӣ маълум буд. Ӯро чун “дузди қонунӣ” мешинохтанд. Салим Абдувалиев 73 сол дорад. Аз соли 1997 президенти Эътилофи муҳорибаҳои омехтаи Ӯзбекистон ва аз моҳи январи соли 2017 муовини раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар мебошад.

Салим Абдувалиев
Акс аз Раёсати ВКД-и шаҳри Тошканд

Огоҳон мегӯянд, Салимбой на танҳо дар олами ҷиноии Ӯзбекистон, балки дар паҳнои Шӯравии собиқ аз нуфузи фавқулодда бархӯрдор будааст. Махсусан, баъди фурӯпошии шӯравӣ ва оғози раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ нуфузи Салим Абдувалиев боз ҳам бештар шуд. Ӯ тавассути афроди худ дар ниҳодҳои интизомӣ содирот ва воридоти қисме аз молҳои ниёзи аввали Ӯзбекистонро назорат мекард. Баъзе ҳолдонҳо мегӯянд, ӯ ҳатто дар тиҷорати минтақа низ таъсир дошт.

Салимбойро дар Тоҷикистон низ мешиносанд, аммо аз сӯҳбат дар бораи ӯ худдорӣ мекунанд. Фақат ин нукта рӯшан аст, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 Додситонии кулли Тоҷикистон ба эҳтимоли даст доштани Салим Абдувалиев дар ин ҳодисаҳо ӯро бозпурсӣ кардааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” ин нуктаро таъйид карда, гуфтааст, ки гурӯҳе ташкил шуда буд ва Абдувалиевро бозпурсӣ кардаанд ва дар натиҷаи бозпурсӣ маълум шуд, ки ӯ ба ин ҳодисаҳо рабте надоштааст.Ба навиштаи ин расона, солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон Абдувалиев на ба таври мустақим, балки тавассути “ёрони хурдиаш” дар минтақа, бо Ёқуб Салимов ва Ибод Бойматов - фармондеҳони пешини “Фронти халқӣ” ва чанд нафари дигар “ҳамкорӣ” доштааст.

Пеш аз боздошт, Салимбой дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Инстаграм сафҳа дошт ва пайваста дар бораи зиндагиву меҳмонҳояш наворҳо нашр мекард.

Дар яке аз чунин наворҳо ӯ дар тан либосе бо тасвири Шавкат Мирзиёев ҷонибдориашро аз президенти кунунии Ӯзбекистон иброз медорад.

Дар навори дигар, ӯ иҷрокунандагони нақши асосии силсилафилми машҳури русӣ – “Бригада”-ро дар хонааш меҳмондорӣ мекунад.

“Ғаффурбой”

Ғафур Раҳимов низ аз соҳибнуфузони “собиқадор” ва шинохтаи Ӯзбекистон аст, аммо ӯро боздошт накардаанд. Ҳоло дар куҷо будани ӯ маълум нест.

Расонаҳои Ӯзбекистон тахмин мекунанд, ки ӯ ё боздошт шудааст ё тавонистааст аз кишвар фирор кунад.

“Ғаффурбой”, ки ҳамчунин раиси Федератсияи бокси Ӯзбекистон буд, “кариера”-и худро аз соҳибкори хурд оғоз карда, баъди шиносоӣ бо Аслан Усоян, ки дар доираҳои ҷиноӣ бо номи “Дед Ҳасан” маъруф аст, роҳи ӯ ба олами ҷиноӣ ҳамвор шуд.

“Дед Ҳасан” аз маъруфтарин ва пуртаъсиртарин соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дар паҳнои шӯравӣ буд, ки чанд сол пеш дар як муноқиша кушта шуд.

Шиносоӣ бо “Дед Ҳасан” ба Ғафурбой имкон дод, ки нуфузи худро дар қаламрави Русия густариш диҳад. Ҳамчунин, Ғафур Раҳимов тахаллуси “Ғафури Сиёҳ”-ро ниҳ гирифтааст.

Дар миёнаҳои солҳои 1990, Ғафурбой яке аз шинохтатарин ва пуртаъсиртарин шахсони Ӯзбекистон дониста мешуд. Ӯ аксари корхонаҳои коркарди пахтаи кишварро таҳти назорат дошт ва ба Аврупо маҳсулоти хом содир мекард.

Ҳамчунин, ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ низ баргузор мекард. Ӯ ба варзиш, махсусан ба бокс шавқ дорад ва ба ҳайси ёвар ва роҳбари Федератсияи бокси ин кишвар ва узви Федератсияҳои байналмилалии бокс ва бокси ҳаваскорӣ ҳам муддате кор кардааст.

Дар бораи фаъолияти ҷиноятии ӯ маълумоти нисбатан кам дастрас аст. Вале маълум аст, ки ӯ дар рӯйхати сиёҳи мақомоти Амрико аст. Ӯро барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор медонанд. Худи ӯ чанд маротиба гуфта буд, ки ба олами ҷиноӣ ё гуруҳи ҷиноятие рабт надорад.

“Бахтӣ Тошкентский” - ҷавонтарин “дузди қонунӣ”-и Ӯзбекистон?

Бахтиёр Қудратуллоев, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Бахти Тошкенсткий” машҳур аст, дар охири моҳи ноябри соли равон, дар аввал барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боздошт шуда, барои “авбошӣ” 15 рӯз ҳабси маъмурӣ гардид. Баъдан нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Бахтиёр Қудратуллоев
Акс аз Раёсати ВКД-и шаҳри Тошканд

Пас аз панҷ рӯз, рӯзи 3-юми декабр, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ки Қудратуллоев ва ду нафари дигар дар парвандаи ҷиноии тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон ба ҳайси гумонбар дастгир шудаанд.

“Ин афрод бо роҳи таҳдид ва истифодаи зӯр ба ғайриқонунӣ ба даст овардани маблағ машғул будаанд... Тафтишот идома дорад”, - гуфтанд дар Раёсат.

“Бахти Тошкентский”-ро аз аввалин нафароне медонанд, ки соли 1997 дар Ӯзбекистон аз сӯи намояндагони бонуфузи “олами ҷиноӣ” унвони “дузди қонунӣ”-ро соҳиб шудааст.

Ҳоло ӯро барои ба фурӯши маводи мухаддир ва нигаҳдории силоҳ муттаҳам медонанд.

“Бахти Тошкандский” қаблан бо айбҳои гуногун зиндонӣ шаду буд. Ӯро барои фурӯш ва истифодаи маводи мухаддир, нигоҳ доштани силоҳ ва вайрон кардани тартиботи дохили маҳбас айбдор карданд. Бори охир ӯ соли 2015 бо сабаби бад шудани саломатиаш аз зиндон раҳо шуда буд.

Поксозии соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Қирғизистону Қазоқистон

Бояд гуфт, ки аз ин пештар мубориза бо соҳибнуфзони олами ҷиноӣ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон ва Қазоқистон низ ҷараён гирифта буд.

Қамчӣ Колбоев

Рӯзи 4-уми октябр дар Бишкек сарвари олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоев (Коля-қирғиз) ҳангоми амалиёти боздошташ аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар, кушта шуд. Баъди ин ҳамроҳони ӯ ва даҳҳо нафаре ки бо олами ҷиноӣ ҳамкорӣ доштанд, аз сӯи мақомоти ин кишвар боздошт гардиданд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 5-уми октябр Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон барои безарарсозии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар вилоятҳои Жетису, Ҷамбул ва Туркистон амалиёт анҷом дод. Дар натиҷа, 72 нафар аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ боздошт шуданд, аммо аз касе мушаххасан ном гирифта нашуд.

Оё Тоҷикистон соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?

Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздики Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба ҳисоб меравад, ҳоло расман соҳибнуфузи олами ҷиноӣ надорад. Вале дар гузашта бархе аз қумондони саҳроиро ҳамчун роҳбарони гуруҳҳои ҷиноятӣ медонистанд.

Аз ҷумла Сангак Сафаров, роҳбари “Фронти халқӣ” дар солҳои 90-умро расмиву ғайрирасмӣ роҳбари олами ҷиноии Тоҷикистон унвон мекарданд ва ӯ аз нуфузи зиёде баҳравар буд. Ҳамчунин, дар он солҳо ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, қумондонҳои дигар ҳам аз нуфузи зиёде бархӯрдор буданд, вале расман “дузди қонунӣ” набуданд.

Баъдан ҳамаи онҳо аз дасти якдигар кушта шуданд ва бархе боздошту дар зиндонҳо даргузаштанд ва ё то ҳол адои ҷазо мекунанд.

Дар Туркманистон мисли ҳамеша оромӣ аст

Ба мисли Тоҷикистон дар Туркманистон ҳам соҳибнуфузони олами ҷиноӣ нест. Гуфта мешавад, ки Сафармурод Ниёзов, роҳбари пешини ин кишвар баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Туркманистони соҳибистиқлол ҳамаи шахсони олами ҷиноии ин кишварро ба як “сходка”-маслиҳати ҷиноӣ даъват карда, ҳамаашонро “безарар” кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.