Пешвои нави Ӯзбекистон Шавкат Миризиёев муддати ду-се соли наздик ташаббускори таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ба мисли Иттиҳоди Аврупо шуда метавонад.
Ин ақида аз ҷониби сиёсатмадор ва журналисти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов баён шуд, ки солҳои гуногун ба ҳайси мушовири президент, раиси Кумитаи телевизиону радио ва вакили Шӯрои Олии кишвар фаъолият кардааст.
Иброҳим Усмонов мутмаин аст, ки Мирзиёев ният дорад мақоми ғайрирасмии пешвои кишварҳои Осиёи Марказиро ба Ӯзбекистон баргардонад.
«Тошканд то оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба сифати пешвои ғайрирасмӣ миёни кишварҳои минтақа шинохта мешуд, ки ин мақомро акнун Қазоқистон дорад, - қайд кард ӯ. - Дар ҳамин ҳол, Мирзиёев ба нақши ҳукмронӣ (гегемон) дар минтақа довталабӣ намекунад, ӯ ба хубӣ медонад, ки бо ҳамсояҳо ҳамкории мутақобиалан судман роҳандозӣ кардан зарур аст».
Сиёсатмадори тоҷик ҳамчунин изҳор дошт, ки тӯли ҳамагӣ як сол писандидагиву маъруфияти президенти Ӯзбекистон миёни аҳолии ин кишвар ва дигар давлатҳо то он дараҷае боло рафт, ки ҳар гуна сиёсатмадоре аз ӯ ҳасад бурда метавонад.
«Ман бовар дорам, ки ояндаи наздик президенти Ӯзбекистон доир ба масоили ҳимоя аз фарҳангу забон ва фарҳангу маорифи аққалиятҳои миллии минтақа ташаббусҳои навро роҳандозӣ хоҳад кард», - таъкид дошт коршинос.
Қобили зикр аст, ки тайи як соли президентии Шавкат Мирзиёев сиёсати наздикшавии Тошканд ба ҳамсоякишварҳои минтақа хеле тақвият ёфта, бисёр мушкилоте, ки замони сари мансаб будани президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов ҳалношуда боқӣ мемонданд, дар як муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл шуданд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ба туфайли шаффофияти сиёсати Мирзиёев сатҳи эътимод миёни кишварҳои минтақа бамаротиб боло рафт. Аз ҷумла, муносибатҳои Тошканду Душанбе куллан тағйир ёфта, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳал шуд. Ҳамчунин ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо бемайлон афзуда, Тоҷикистону Ӯзбекистон дар остонаи ҳаллу фасли масоли марбут ба раводиду сарҳад қарор доранд ва рӯз то рӯз робитаҳои арбобони фарҳангу илми ҳарду кишвар густариш меёбанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста