Филми мустанади “Алиф. До. Ре. Ми.”-и коргардони ҷавон Алиҷон Ҷалилов дар чандин ҷашнвораҳои дохиливу хориҷӣ ширкат карда,сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Он ҳамчунин, аз сӯи мунаққидону санъатшиносони тоҷик ҳам баҳои баланд гирифтааст. Дар зер, андешаи Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, санъатшиноси тоҷик дар робита ба филми “Алиф. До. Ре. Ми.”-и Алиҷон Ҷалилов пешкаши хонандагон мекунем:
Солҳои охир нахустин суоле, ки ба худ пас аз тамошои ин ё он намоиши театриву филмҳои ватанӣ медиҳам, ин аст: «Оё асари дидаи мо, воқеан ҳам, моли санъат аст?» Мутаассифона, бештари онҳо моли ҳунар нестанд, ҳарчанд ки ба қонуниятҳои жанриву талаботи коргадониву бозигарӣ то андозае ҷавобгӯ ҳам мебошанд.
Асари воқеии санъат касро бетафовут намегузорад, то дер гоҳ таҳти таъсири худ қарор медиҳаду барои посух ёфтан ба суолҳои зиёде водор месозад. Баъзан мешавад, ки таҳти таъсири асари ҳунарие то дер гоҳ қарор хоҳед дошт. Ёдам ҳаст, баъд аз тамошои филмҳои Самира Махмалбоф «Соати панҷи зуҳд» ва «Аспи дупо» муддате ба худ омада натавонистам. Ин ҷо гап сари асари нахустини ҷавоне меравад, ки ба банда ҳамин гуна таъсир дошт…
Алиф
Дигар касе ба асарҳои ҳунарӣ ҳамчун маводи омӯзанда назар намесозад. Бисёр муҳим аст, ки онҳо ба торҳои нозуктарини аъсобу эҳсосоти мо нохун зада, дардҳоеро, ки аз иқрорашон ҳатто дар назди хеш хиҷолат мекашем, бедор кунанд. Муҳимтарин коре, ки коргардони ҷавон Алиҷон Ҷалилов бо филми мустанади хеш «Алиф. До. Ре. Ми» бо мо мекунад, ҳамин аст. Ӯ бо таҳаммул ва истеъдоди фитрии ба худ хос моро дар мисоли дудмони як инсоне, ки дар ҷустуҷӯи роҳи бозгашт ба асолати хеш аст, бо худи худамон ва воқеияти зиндагиамон аз наздик ошно месозад.
Чуноне ки гуфтем, мустанадро кас оромона тамошо карда наметавонад. Дар он масъалаҳои инсон ва асли ӯву танҳоии ӯ, инсон ва табиат, инсону коинот ва инсону офаридгори ӯ аз нигоҳи беолоиши як ҷавон хеле зебо ва пандомӯз ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.
Аввалин суоле, ки ба зеҳни кас меояд ин боз ҳам ҳамон ҳалол ё ҳаром будани мусиқӣ дар ислом аст. Бояд гуфт, ки Алиҷон масъалаи руҳониятро дар омехтагӣ бо максимализми хоси ҷавонон ба таҳқиқ накашидаасту мақсади ба ҷомеаи имрӯза дарс доданро ҳам надорад. Вале бо дарки хосе эҳсос намудааст, ки ин масъалаи доғи рӯз дар ҷомеаи дунявии мо бояд ҳалли худро дошта бошад. Ӯ хуб дарк кардааст, ки дар давлати дунявӣ зистан маънии дур аз руҳоният буданро надорад. Ва дар ин ҷода ҳар кадоми мо мисле, ки дар тариқати сӯфиёни машҳур ҳар касе бо роҳи худ ба ҳақиқат мерасад, ба асли хеш бармегардем.
До
Қаҳрамони филм Ҳайдар Мирзоев ном марди акнун 76-солаест, ки ҳангоми зода шудан ӯро ба ятимхона супурдаанду ба ғайр аз ному насаб ва соли таваллудаш чизеро намедонад. Бо исми тоҷикӣ забонаш русист. Русидониаш низ он қадар дар сатҳи баланд нест, он, баъзан, дар омехтагӣ бо забони модариаш садо медиҳад. Агар ҳини ба забони тоҷикӣ сухан гуфтан лаҳни русӣ дар он мушоҳида шавад, дар русиаш баръакс, гӯиши тоҷикӣ эҳсос мешавад.
Бо он ки саводи хубе ҳам надоштааст, ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби касби омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ мегардад. Як издивоҷи бебарор низ доштааст, ки самари он духтари зебое ҳам ҳаст. Чун ҳамсараш аз ёқутиҳои насронӣ будааст, дар филм нахуст, ба ин дин эътиқод доштанаш гӯшрас мешавад. Дар синни 63-солагӣ дини Исломро қабул мекунад. Чун на забони модариро балад асту на арабиро, маҷбур мешавад, ки сураҳоро таҳти навоҳои машҳури ғарбӣ, ки худаш дар фортепиано менавозад, аз бар намояд.
Ре
Ана дар ҳамин ҷо мухолифатҳои назарии муаллифу тамошгар оғоз меёбанд. Чун дигар ҳамдеҳагон мо ба ин тарз сураҳоро аз ёд кардани қаҳрамонро қариб ба куфр маҳкум мекунем. Вале коргардон ин нуктаҳои муҳим ва баҳсталабро ба тарзи хубе ба нафъи мақсади асосии асар ва қаҳрамони марказии он ҳал мекунад. Гап сари он аст, ки филм дар шакли монологи худи қаҳрамон сохта шудааст. Ба гуфтаи муаллиф, онҳо қариб даҳ соат маводи забтӣ ҷамъ овардаанд, ки дар мустанад ҳамагӣ ҳаждаҳ дақиқааш истифода шудааст.
Ҳайдар пастиву баландии зиндагиро зиёд дида. Хато ва иштибоҳоти зиёде дар ҳаёташ роҳ ёфтаанд, ки агар қисме аз онҳо бо ҷурми худаш сар зада бошанд, сабабгори аксари онҳо дигаронанд. Вале ӯ касеро дар ин масир муқассир намедонад. Барои гунаҳкор ҷустану ниқор гирифтан ҳам нақша намекашад, балки масири худро ба сӯйи нур ва раҳоӣ сабурона идома медиҳад. Аз гузаштаи хеш шояд пушаймон ҳам бошад, вале аз он фоҷиа намесозад, ҳолати кунунӣ ва ҷодаи минбаъдааш барояш хеле муҳимтаранд.
Ин аст, ки ба филмсозӣ розӣ шуда, тамоми роҳи тайнамудаашро ба маърази тамошо гузоштааст. Овозаш хаста, садои аккордеонаш ноҷӯр, ҷумлаву ибораҳояш пурхатост, вале нияташ пок. Ё маҳорати коргардону ҳайати филмофарон аст, ё самимияти худи қаҳрамон, ки ҳисси тамасхури дар оғоз як лаҳза бологирифта ба ҳамдардӣ ва, бештар аз он, ба ҳамраъйӣ табдил меёбад. Дигар тамошогар пайи ҷустану ҷурму гуноҳҳои қаҳрамон намегардад, ӯ ҳар лаҳза ба худ суол медиҳад: «Оё ман аз ин марди тоза ба Ислом гаравида беҳтар ҳастам?», ё «Ӯ худ муртакиби ҷурму гуноҳҳои бештаре аз Ҳайдар намебошад?»
Ми
Ҳамин тавр, мо ба нуктаи муҳими асар наздик мешавем. Барои муаллиф роҳи гаравиш ва тариқи ниёиш муҳим нест, муҳимтар аз ҳама барои Алиҷон Ҷалилов раҳоиш аст. Ин марди дар масири тақдир танҳомонда роҳи бозгашт ба асли хешро ҷустуҷӯ дорад ва чи хуб, ки ёфтааст. Ин андеша тору пуди асарро ташкил медиҳад. Филм бо наворҳое оғоз меёбад, ки деҳ ҳанӯз масти хоб асту атроф торик, вале қаҳрамон ба ҷодаи худшиносӣ, ки мақсади ниҳоияш худошиносӣ ҳам ҳаст, афтодааст.
Минбаъд роҳ ба як истораи синамоӣ табдил меёбад. Мо Ҳайдарро дар байни дашти калон мебинем, ки як ҷузъи табиат будани инсонро ҳам таъкид месозад. Офтоб ва нур ба мисли соярӯшанҳо моро ба ниҳонхонаи қалби қаҳрамону умқи андешаҳои муаллифу мухотаби он мебарад. Офтоб дар аксари ҳолатҳо ҳангоми ғуруб нишон дода мешавад.
Дар ин наворҳои бо маҳорати хосгирифтаи Наврӯз Саидов ҷузъи коиноти бузург будани Замину ба олами кабир майл доштани олами сағир баръало нишон дода шудааст. Бесабаб ҳам нест, ки дар чунин макони зебо ин гуна мардони нигоҳашон ба зиндагӣ зебо иқомат доранд. Худи қаҳрамони асосӣ ин андешаро бо шеваи ба худ хос чунин иброз медорад: «Хушдоманам аз ман ҳамеша мепурсид, ки чаро маро модар намегӯӣ?» Дар посух Ҳайдар мегӯяд: «Ман падару модарамро ёд надорам ва то ба ҳол касеро модар ҳам нагуфтаам».
Ҳайдар фарзанди ҳамин Замин ва замони хеш аст. Замоне ки аз мардум асолат, забон, фарҳанг ва дину оинашро гирифтаанд. Ҳарчанд Ҳайдар Мирзоев дар ин бора оромона сухан мегӯяд, вале кас дарк мекунад, ки раванди бозгашт аз ҳолати ба манқурт табдил ёфтан дардноктару мушкилтар аст. Ба қаҳрамони асосӣ ва ҳайати таҳиягарони филм муяссар гаштааст, ки мушкил ҳам бошад, имконпазир будани ин равандро собит созанд. Барои ин дар мисоли дудмони қаҳрамони асосӣ сухан гуфтану дардҳояшро ба маърази тамошо гузоштану аз мазҳабаш мисол овардан, баҳонае беш нест. Ҳар кас роҳи ба худ хоси раҳоиро дорад ва хуш ба ҳоли касоне, ки аз ин масир дур наафтодаанд.
Ҳамвора бо мушкилоти ба худу офаридгори хеш, яъне ба ҳақиқат расидани қаҳрамони асосӣ, дар филм масъалаҳои бисёр муҳими замони мо матраҳ шудаанд. Мушкилоти замон ва муносибати байниҳамдигарии одамон дар мисоли бархӯрди қаҳрамони асосӣ бо атрофиён хеле нозук ёдрас мешаванд.
Хуштар аз ҳама ин аст, ки чунин масъалаҳои муҳими замон бо забони фасеҳи синамоӣ ва аз ҷониби ҷавони навраҳе пешниҳод шудаанд. Ин ба мо итминон мебахшад, ки ба ояндаи давлат ва синамои миллии хеш назари нек дошта бошем.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста