Имсол мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон моҳи октябр дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо мебошад ва он ду рӯз - 4 ва 5-уми октябр баргузор мегардад.
Дар он варзишгарони тоҷику хориҷа барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
“Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57 кг ва -63 кг доир мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд”, - менависад манбаъ.
Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум - 27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм - 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавад, ки мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз соли 2013 доир мешавад ва соли гузашта он рӯзҳои 19-20-уми сентябри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста