Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон аз 6 намуди варзиш 22 медал ба даст оварданд.
Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дода, менависад, ки дар намуди бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гаштанд:
Беҳрӯз Умаров (50 кг) - медали тилло;
Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) - медали нуқра;
Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) - медали нуқра;
Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг) - медали биринҷӣ (миёни духтарон);
Дамир Назаров (46 кг) - медали биринҷӣ;

Умарҷон Асроров (66 кг) - медали биринҷӣ;
Амир Нозимов (75 кг) - медали биринҷӣ.
Дар намуди ҷудо варзишгарони тоҷик се медал ба даст оварданд:
Юсуф Замонов (50 кг) - медали нуқра;
Абӯбакр Худоиев (55 кг) - медали биринҷӣ;
Лоиқ Қутбиддинов (60 кг) - медали биринҷӣ.
Тоҷикистон дар навъи гуногуни куштӣ 9 медал ба даст овард.
Дар куштии юнонӣ-румӣ:
Алишер Рӯзимадов (71 кг) - медали нуқра;

Муҳаммадёсин Ибодуллоев (45 кг) - медали биринҷӣ;
Маҳдӣ Баротов (60 кг) - медали биринҷӣ.
Дар куштии тарзи озод:
Идрис Баҳромов (-71 кг) - медали биринҷӣ;
Алиризо Баҳромов (-80 кг) - медали биринҷӣ.
Дар самбо:
Назаралӣ Холов (64 кг) - медали биринҷӣ;
Ёсин Ҳукуматов (71 кг) - медали биринҷӣ.
Дар таеквондо:
Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг) - медали биринҷӣ;
Нурулло Муродов (74 кг) - медали биринҷӣ.
Дар варзиши қаиқронӣ ду варзишгари мо 3 медал ба даст оварданд:
Муҳаммадӣ Раҷабов (каноэи якнафарӣ, 500 метр) - медали нуқра;

Муҳаммадӣ Раҷабов (каноэи якнафарӣ, 200 метр) - медали биринҷӣ;
Ислом Носиров ва Далер Носиров (К-2, 200 метр) - медали биринҷӣ.
Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ-2025 рӯзи 28-уми сентябр дар Озарбойҷон оғоз гардид ва то 8-уми октябр идома кард. Дар ин мусобиқа 1 ҳазору 605 варзишгар аз 10 кишвар, ширкат карданд, ки 144 варзишгар намояндаи ҳайати Тоҷикистон буданд.
Бояд гуфт, ки ин сеюмин ширкати варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ аст. Соли 2021 дар Қазон варзишгарони тоҷик 14 медал ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 7-умро касб намуданд. Соли 202-юм дар Минск 13 медалро соҳиб шуда дар байни 22 кишвар дар ҷои 8-ум қарор гирифтанд.





Сарфаи барқ дар рӯзгор. Чӣ гуна метавон кам пул харҷ кард?
Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст
“Тақдири миллатро ҳал кард”. Сокинон дар бораи Иҷлосияи 16-ум чӣ медонанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 ноябри соли 2025
Тирамоҳи заррини Тоҷикистон. Беҳтарин аксҳои хонандагони “Азия-Плюс”-ро гирд овардем
Расонаҳои Афғонистон аз сафари як ҳайати Тоҷикистон ба Кобул хабар медиҳанд
“500 ҳазор сомонӣ зарар кардам”. Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакент дар бораи зарар ва қарзҳояшон гуфтанд
Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд
Таноқуз дар чорводорӣ: Истеҳсол зиёд шудааст, аммо нарху воридот ҳам афзоиш ёфтааст
Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш дар Исломобод мулоқот кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста