Сардиҳои зимистони гузашта дар Осиёи Миёна низоми маорифи кишварҳоро бо мушкил рӯбарӯ кард, аз ин лиҳоз таътили зимистонаи хонандагони мактаб тамдид гардид. Вақте сардӣ дер давом кард, давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои алоҳида дарсҳои онлайн ҷорӣ карданд. Тоҷикистон бошад, танҳо таътилро барои 10 рӯз тамдид намуд, аммо дарси онлайн ҷорӣ накард.
Ин маротибаи дуюм буд, ки Тоҷикистон дар ҳолати изтирорӣ аз ҷорӣ кардани дарси онлайн худдорӣ кард. Қаблан дар оғози хуруҷи пандемияи коронавирус, вақте аксари кишварҳои ҷаҳон ба низоми таҳсили онлайн гузаштанд, Тоҷикистон аз камтарин давлатҳое буд, ки дарси онлайн ҷорӣ накард.
Ҳоло дар пешорӯи зимистон ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ Тоҷикистон метавонад барои хонандагону донишҷӯён дарсҳои онлайнро ҷорӣ кунад? Дар ин робита кадом заминаҳо фароҳам оварда шудааст? Мо ба ин саволҳои посух ҷустем.
Чаро дар Тоҷикистон дарси онлайн роҳандозӣ намешавад?
Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус дар низоми маориф “карантин” эълон кард ва Вазорати маориф ва илм он вақт изҳор дошт, ки хонандагони тоҷик дар “карантин” ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд.
Як масъули Вазорати маориф ва илм дар сӯҳбат ба мо гуфт, вазири вақти маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода шабу рӯзи авҷи коронавирус дар хусуси ҷорӣ кардани дарсҳои онлайн дар мактабҳо дастур дод ва ҳама гуна тадбирҳои лозима андешида шуд.
Ба гуфтаи ӯ, вазорат ҳамон шабу рӯз омӯзгорони аз раванди нави таълими онлайн огоҳро ҷамъ овард, наворҳои таълимӣ ва рӯнамоҳои дарсиро омода кард ва барои гузаронидани дарсҳои онлайн замина фароҳам сохт.
“Дар як муддати кӯтоҳ вазорат барои гузаронидани дарсҳои онлайн замина фароҳам овард, вале танҳо набудани интернет дар манотиқ ва ба вижа дар макотиби миёнаи Тоҷикистон сабаб гардид, ки дар кишвар дарсҳои онлайн роҳандозӣ нашаванд”, - иддао кард ҳамсӯҳбати мо.
Ҳамин тавр, замони пандемияи коронавирус таълими онлайн дар Тоҷикистон роҳандозӣ нашуд ва танҳо моҳи июни соли 2020 аз тариқи ТВ “Баҳористон” қисмати аввали дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа пахш гардид.
Бозгашт ба дарсҳои онлайн
Пас аз се сол чунин зарурат моҳи январи соли равон пеш омад ва хонандагони мактабҳои миёна, бо сабаби сард омадани ҳаво, дар ин моҳ 10 рӯз бештар истироҳат карданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин бор ҳам дарсҳои онлайнро роҳандозӣ накард.
Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, ҳамон вақт дар сӯҳбат бо мо сабаби роҳандозӣ нашудани дарсҳои онлайнро танҳо ба “муддати кӯтоҳи тамдид” рабт дод. Аммо кишвари ҳамсояи Қирғизистон, ба мисли Тоҷикистон, бо сабаби сард омадани ҳаво дар моҳи январ хонандагони мактабҳои миёнаашро барои 2 рӯз ба хона ҷавоб дод, вале дарсҳои онлайнро дар 2 рӯз ҳам ба роҳ монд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозии барномаи таълими онлайн дар шароити “карантин” 3 соли пеш барои Тоҷикистон 9 миллион евро ҷудо намуда буд. Вазорати маориф ва илм ҳам бо дастрас намудани кумак мусъул гардида буд, ки дар кишвар барои таълими онлайн замина фароҳам оварад.
Платформаҳои таълимии рақамӣ
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба мактуби “Азия-Плюс” гуфт, дар заминаи омода шудан ба таҳсилоти онлайнӣ то ин муддат платформаҳои таълимии рақамӣ омода кардааст.
Аз ин платформаҳои таълимии рақамии “Сандуқчаи зулбиё”, “Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл” ва “Омӯзгор мобайл” ва “Муҳаррир Онлайн” ном бурда мешавад.
Вазорат ба ин назар аст, ки платформаҳои таълимии рақамӣ ҷиҳати рушди робитаи байни муассисаҳои таълимӣ ва шаҳрвандон, маълумот пайдо намудан аз фаъолияти ҳамарӯзаи муассисаҳо, инчунин, барои рушди фаъолияти соҳаи маориф самара хоҳад дод.
Ин заминаҳо чӣ қадар созгор ҳастанд?
“Сандуқчаи зулбиё” барои кӯдакони 3-6-сола пешбинӣ шудааст ва аз дастурҳо, наворҳои таълимӣ, китобҳои электронӣ, қиссаҳои кӯтоҳи аудиоӣ, бозиҳои зеҳнӣ ва роҳнамоиҳо барои омӯзгорон, волидон ва хонандагон иборат аст.
“Мактаб мобайл” ба тарзи онлайн ва офлайн фаъолият мекунад ва аз видеои дарсӣ, китобҳои дарсии электронӣ, маводи таълимии интерактивӣ иборат аст. Тавассути ин платформа дастрасӣ ва мубодилаи мазмуну супоришҳои таълимӣ, идоракунии дарсҳо ва нақшаҳои дарс, маводу супоришҳо оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон ба таври мустақим таъмин карда мешавад.
“Омӯзгор мобайл” барои истифода дар мактабҳо аз ҷониби омӯзгорон барои такмили ихтисос таҳия гардидааст. Ҳоло ду платформаи охир дар ҳоли коркард қарор дорад.
Китобҳои электронӣ ва наворҳои таълимӣ таҳия шудааст
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, то тобистони имсол 167 номгӯй китобҳои аз синфи 1 то 11-ум, ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли “epub” омода шудааст.
“Шакли “epub” имконият медиҳад, ки омӯзгорону хонандагон китобҳоро дар телефонҳои мобилӣ, планшет, ноутбук ва дигар намуди таҷҳизоти техникӣ насб карда, истифода баранд”, - менависад вазорат.
Ин ниҳод хабар медиҳад, ки инчунин зиёда аз 2 ҳазор видеоии таълимиву методӣ аз фанҳои омӯхташаванда дар зинаи таҳсилоти умумӣ таҳия шудааст ва дар сурати ба таътил рафтани хонандагон ва ҷорӣ шудани таълими онлайн аз онҳо истифода мебаранд.
Омӯзгорони тоҷик омодаанд?
Вазорати маориф ва илм барои баланд бардоштани савияи дониши техникии омӯзгорон курсҳои омӯзиши истифодабарии технологияи нави муосирро ба роҳ мондааст.
“Дар соли 2022 зиёда аз 10 ҳазор омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз омӯзишҳои истифодаи маводи рақамӣ гузаронида шуданд”, - омадааст дар посухи вазорат.
Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ беш аз 130 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Ин теъдоди номбаркардаи вазорат ҳудиди 8 фисади омӯзгорони тоҷикро ташкил медиҳад.
“Ба низоми онлайн омода нестем”
Нарзулло Сангинов, профессор ва коршиносоне, ки дар лаҳзаҳои аввали ҷорӣ шудани системаи кредитӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон саҳм дошт, мегӯяд, “кишвари мо айни замон омодаи низоми онлайнӣ нест”.
Сангинов мегӯяд, “ҳоло нусхаи таҳсилоти онлайн, ҳамон тарзе ки қаблан дар донишгоҳҳои олии кишвар ҷорӣ шуд, ба мактабҳои миёна бурда мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, ин тарзи таҳсилот ба таври ҷудогона хубӣ ва бадии худро дорад: хонандагони мактабҳои миёна дар ҳолатҳои изтирорӣ аз дарс дур намешаванд; қолаби нав барояшон ҷолиб ҳаст; аз наворҳо ва бозиҳои зеҳнӣ истифода мебаранд ва ин ба ҷаҳонбинии кӯдакон таъсири мусбат мерасонад.
Дар ин баробар, ӯ таъкид мекунад, ки дар низоми онлайн хонанда назди омӯзгор намеояд ва ин боиси бепарвоӣ ва саҳлангорӣ дар хондани дарсҳо мегардад; имкон пайдо мешавад, ки вазифаи хонагии хонандаро ҳар нафари дигаре иҷро намояд; машқҳои иловагӣ, саволу ҷавоб ва талаботи хонанда пурра бароварда намешавад ва хонандагони тоҷик аз ин сӯистифода мекунад.
Нарзулло Сангинов ба ин назар аст, ки “то ба ҳол низоми таҳсилоти онлайнии донишгоҳҳои олии кишвар комил нашудааст ва мушкилоте чун мушаххас нагардидани самтҳои таҳсилро дар пешорӯ дорад”.
“Кишвари мо ҳоло омодаи низоми онлайнӣ нест. Низоми таҳсилоти онлайн бояд зина ба зина комил шавад ва барои хонандагон, донишҷӯён ва устодони мактабҳои миёна ва олии кишвар ошно ва созгор бошад, вагарна суде надорад”, - мегӯяд Сангинов.
“Мушкили №1 хуб набудани интернет аст”
Бояд гуфт, ки таҳсилоти онлайн ба ду тарз роҳандозӣ мешаванд: аз тариқи телевизион ва интернет. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҷрибаи тавассути телевизион пахш намудани дарсҳои онлайнро дорад ва ин яке аз роҳҳои муфид ва ба шароити аҳолии кишвар мутобиқ дониста мешавад. Аммо дастрас набудани интернет дар манотиқ ва ба вижа дар макотиби миёнаи Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ дар ин самт аст, ки мусъулини Вазорати маориф ва илм ҳам онро таъйид мекунанд.
Рустам Гулов, коршиноси технологияи иттилоотӣ бар ин назар аст, ки “мақомот пеш аз он ки барои хонандагон дарсҳои онлайнро роҳандозӣ кунанд, мебояд мушкилотро омӯзанд, роҳҳал пайдо кунанд ва нуқтаи ниҳоиро гузоранд”.
Гулов мегӯяд, “мувофиқи оморҳои расмӣ танҳо тахминан сеяки аҳолии кишвари мо ба интернет дастрасӣ доранд, бо ин вуҷуд, он суръати бисёр заъиф ва нархи гарон дорад”.
Ба гуфтаи Рустам Гулов, “барои бартараф кардани мушкил “монополияи давлатӣ” дар воридоти интернет ҳарчи зудтар барҳам дода шавад ва ба ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонҳо бояд имконияти рақобати озод дода шавад, то ширкатҳо ҳам сифати хидматрасониашонро хуб кунанду ҳам нархи интернетро арзон созанд”.
Ба қавли ин коршинос, ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар манотиқи мамлакат ҳам яке аз саддироҳҳои асосии роҳандозӣ шудани дарсҳои онлайн аст ва аз ин рӯ хонандагон имкон пайдо карда наметавонанд, ки аз платформаҳои таҳиякардаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон истифода баранд.
Аммо гуфтан зарур аст, ки аҳолии кишвар аз суръати паст ва нархи баланди интернет солҳост, ки шикоят доранд ва супоришҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба он нигаронида шудааст.
Фарогирии интернет дар Тоҷикистон воқеан нигаронкунанда аст ва дар манотиқи сарҳадии кишвар – Панҷакент, Фархор, Лахш ва инчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр заиф аст ва ё аслан кор намекунад.
Мувофиқи раддабандии Speedtest Global Index аз рӯйи суръати интернет ҷойгоҳи Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди моҳи августи соли 2023 бадтар шудааст. Кишвари мо аз поёни рӯйхат дар ҷои 6-ум бо суръати миёнаи зеркашӣ - 9,61 Мб/с ва суръати миёнаи боргузорӣ - 5,71 Мб/с дар байни 145 давлати дунё қарор гирифтааст.
Аз рӯйи нархи интернети мобилӣ низ Тоҷикистон мавқеашро аз даст дода, дар рейтинги Worldwide mobile data pricing мувофиқи нишондоди моҳи август байни 237 кишвар дар ҷойи 142-юм қарор гирифтааст. Муаллифони рейтинг нархи миёнаи як гигабайт интернетро дар Тоҷикистон 1,65 доллар, арзонтаринро 0,17 доллар ва баландтаринро 13,64 доллар ҳисоб кардаанд. Дар охири соли 2022 кишвари мо дар байни 230 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 103-юм қарор дошт.
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур ҳам ахиран ба масъулини ниҳоди зертобеаш супориш дод, ки минтақаҳои беинтернетро рӯйхат кунанд ва пас аз ин барои хуб кардани сафати интернету поин овардани нархи он супоришҳои дигар дод.
Вазорат ҳам тадқиқот мебарад
Вазорати маориф ва илм ҳам дар ин робита хабар медиҳад, ки ҳоло оид ба харитасозӣ ва баҳодиҳии пайвастшавӣ ба интернет, муайян намудани мавҷудият ва талаботи таҷҳизоти компютерӣ ва инфрасохтори зарурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида истодааст.
“Пас аз анҷоми татқиқоти мазкур масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи интернет ҳалли пурраи худро пайдо хоҳад кард”, - меафзояд ин вазорат.
Низоми маорифи Тоҷикистон ба равандҳои нави таҳсилот қадамҳои нахустини худро ниҳодааст ва ба қавлаш барои дар ҳолатҳои изтирорӣ ба роҳ мондани таҳсилоти онлайн заминае фароҳам сохтааст. Акнун ин заминаҳо дар ҳолатҳои фавқулода ва изтирории минбаъда, ба вижа дар зимистони дар пеш меомада, то куҷо истифода хоҳад шуд, хоҳем дид.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста