Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кор шурӯъ кард, ки то 21 май идома меёбад.
Дар намоишгоҳ-ярмарка молу колои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои тиҷоратии ҳудуди 50 ширкатҳои маъруфи чинии музофоти Нинся ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти гидроэнергетика, авиатсия, мошинсозӣ, механикӣ, зиддисӯхтор, автомобилӣ, дӯзандагӣ, бастубанди мол, таҷҳизоти шишасозӣ ва нерӯи барқ, истихроҷи ангишт, маҳсулот барои рӯзгору хона ва сарулибос, маводи ғизойии «Ҳалол», маҳсулоти кишоварзӣ, сарулибоси миллӣ, масолеҳи сохтмон, асбобу лавозимоти маишӣ, маснӯот аз пӯсту мӯина ва таҷҳизоту технологияҳои нави энергетикаи алтернативӣ пешниҳод гардидааст.
Чорабинии мазкур аз ҷониби департаменти тиҷорати ҳукумати мардумии музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода шуда, ба роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, густариши минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Чин нигаронида шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста