Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ)-ҳои пойтахт тибқи маълумоти пешакӣ, ҳадди ақалл боз як ҳафтаи дигар кор мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Барқи тоҷик” хабар доданд.
Намояндаи ширкат зарурати кори марказҳоро дар обуҳавои нисбатан гарм (беш аз 20 дараҷа) истеҳсоли неруи барқ маънидод кард.
Қатъи пурраи кори марказҳои барқу гармидиҳӣ то мавсими ояндаи тирамоҳу зимистон вобаста ба вазъи таъминот бо барқ дар кишвар муайян карда мешавад.
Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар Душанбе ду МГБ амал мекунанд, ки истеҳсоли барқ дар онҳо дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 8,5 мл кВт-соатро ташкил медиҳад.
Талаботи пойтахт ба неруи барқ бошад, дар як шабонарӯз 14 млн кВт-соатро ташкил медиҳад.
Дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ айни замон то 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар истеҳсол мешавад.
Чӣ гап шуд?
Қобили зикр аст, ки тайи ҳафтаи ахир вазъи таъминот бо барқ дар кишвар боз ҳам душвортар шуд.
Рӯзи 4 апрел хабар дода шуд, ки обанбаори Норак, ки натанҳо нерӯгоҳи Норак, балки боз шаш неругоҳи силсилаи дарёи Вахшро бо об таъмин мекунад, қариб холӣ шудааст.
Мутахассисони неругоҳи Норак зикр карданд, ки захираҳои об дар обанбор дар нуқтаи 854 метру 64 сантиметр аз сатҳи баҳр қарор дошта, ба истилоҳ нуқтаи ниҳоӣ, ки пас аз он тибқи регламент истифодаи оби обанбор қатъиян манъ мешавад, дар сатҳи 857 метр ҷойгир аст.
Муайян кардани сатҳи имрӯзаи обанбори “Норак” ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, аммо зимни ҳамарӯза истифода шудани 12 сантиметри об, ки он замон мутахассисони неругоҳ гуфта буданд, захираҳо (64 см) ба гумони ғолиб, аллакай ба охир расиданд ва неругоҳ танҳо бо маҷро (резиш ё вуруд)-и об кор мекунад.
Резиши об рӯзи 4 апрел 295 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин ҳам дар ҳолест, ки барои пурра таъмин кардани кишвар бо барқ ин нишондиҳанда бояд зиёда аз 500 метр дар як сонияро ташкил диҳад.
Истеҳсоли барқ дар неругоҳи “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз се як ҳисса - то 14 млн кВт/соат дар як шабонарӯз кам шуд.
Дар ҳамин ҳол, сокинони манотиқи деҳоти кишвар арзу шикоят мекунанд, ки тайи моҳи охир шабонарӯзӣ барқ надоранд. То ин дам барқ субҳ 3 соат ва то 5 соат шомгоҳон интиқол дода мешуд.
Бо оғози фасли баҳор тез-тез ва ба муддати зиёд қатъ шудани интиқоли барқ дар пойтахт ҳам ба назар мерасад. Сокинони канораҳои шаҳр мегӯянд, ҳафтаи ахир мунтазам дар нимаи аввал ва дуюми рӯз - 2-3 соатӣ интиқоли барқ қатъ мешавад, ки метавон гуфт, реҷаи интиқоли маҳдуд ё худ лимит аст.
Аммо шурӯъ аз охири моҳи сентябри соли гузашта, вақте ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар деҳот оғоз гардид, дар ширкати тақсимоти барқ ҳама гуна маълумотро дар бораи лимит рад мекунанд.