Муҳоҷирони корӣ бо интиқоли пул натанҳо некӯаҳволии оилаҳои худ, балки дар маҷмӯъ тамоми иқтисоди кишварро дастгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳама навъи коҳиши маблағи интиқол дар кишвар хавфҳоро зиёд мекунад. Ва натанҳо хавфи иқтисодӣ.

Пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав муддати як моҳ инҷониб мунтазам дар бораи шадидтар шудани рейдҳо оид ба ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ хабар дода мешавад.

Танҳо дар як ҳафтаи аввали баъди амали террористӣ бахши русии хабаргузории Би-Би-Си зиёда аз 1100 парвандаро дар бораи нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия аз ҷониби муҳоҷирон ҳисоб кардааст.

Дигар расонаҳо дар бораи санҷиш дар хобгоҳҳо, инчунин боздоштҳои оммавии муҳоҷирон мустақиман дар ҷойҳои корӣ матлабҳо нашр карданд.

Ғайр аз ин, доир ба ҳолатҳои рад шудани хидматрасонии муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби русиягиҳо хабар дода мешуд. Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар як сохтмони Маскавро бо вуҷуди дуруст будани ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон, аз кор озод карданд.

Сурат: ТАСС

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки бар асари таъқиботи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фишори ҷомеаи Русия бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор набаромада, бисёре аз онҳо Русияро тарк кардан мехоҳанд.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ хабар доданд, ки фурӯши билет ба хатсайрҳо аз Тоҷикистон ба Русия кам шуда, бархе аз мусофирон билетҳояшонро бозпас месупоранд. Намояндагони Вазорати меҳнати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба онҳо “хеле бисёр занг мезананд”.

“Ба гумони ғолиб, ин шикоят аз ҷабру зулм нест, балки танҳо ҳаросу бесарусомонии шаҳрвандони мо аст, ки бисёриашон рафтан мехоҳанд”, - овардааст гуфтаҳои намояндаи вазорати Тоҷикистонро хабаргузории ТАСС.

Дар бораи теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз амали террористии рӯзи 22 март Русияро тарк кардаанд, дар манбаъҳои боз ҳоло маълумот дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз 23 март то 6 апрел 800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ шудаанд. “Лекин ин маънои онро надорад, ки ихроҷи онҳо ба амали террористӣ дар Маскав алоқамандӣ дорад, зеро санадҳои маъмурӣ оид ба ихроҷ 2-3 моҳ пеш аз ихроҷ тартиб дода мешаванд”, - шарҳ дода буд манбаъ.

Коршиносон мутмаинанд, ки бозгашти оммавии муҳоҷирони корӣ ба ватан метавонад ба паёмадҳои ногувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонад.

 

Рақамҳои нофаҳмо

Муайян кардани теъдоди дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия душвор аст, зеро маълумоти расмии ду кишвар аз ҳамдигар хеле зиёд фарқ мекунанд.

Мувофиқи омори ҷониби Русия, дар қаламрави ин кишвар беш аз 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Дар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бошад, мегӯянд, ки теъдоди чунин шахсон ҳатто ба 1 млн нафар ҳам намерасад.


Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, соли 2023 каме бештар аз 600 ҳазор нафар муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар маълумоти ниҳоди муҳоҷирати Русия гуфта мешавад, танҳо дар зарфи 8 моҳ зиёда аз 800 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар омадаанд.

Чунин фарқияти нофаҳмо дар маълумоти омории ҳурду кишвар доимо ҷой дошт. Аниқтараш шарҳ медоданд, лекин на ба таври эътимодбахш.

Дар Агентии омори Тоҷикистон чунин фарқиятро бо он асоснок мекарданд, ки дар маълумоти расмии Русия дар бораи ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон сухан меравад, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла дар бораи касоне, ки кайҳост дар он ҷо доимӣ иқомат карда, шиносномаи Русия доранд.

Лекин тавре ки дар боло зикр кардем, фарқияти ҷиддӣ дар мавриди теъдоди муҳоҷирони тоҷики  хориҷшуда аз Тоҷикистон ва воридшуда ба Русия дар як давраи муайян вуҷуд дорад.

 

Дар ватан кор ҳаст, аммо маош кам 

Мақомоти Тоҷикистон дар шароити авҷгирии майлҳои зидди муҳоҷират дар Русия пас аз ҳамлаи террористӣ дар вилояти Маскав, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки баргарданд ва ба ободонии ватан мусоидат кунанд ва ба гуфтаи роҳбарияти кишвар, дар ин ҷо барои бо кор таъмин шудан имкониятҳо мавҷуданд.

Бисёре аз таҳлилгарони мустақил бар ин назаранд, ки бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан ба афзоиши шадиди сатҳи камбизоатӣ дар кишвар боис мегардад.

Ба қавли онҳо, дар ҷумҳурӣ кор ёфтан мумкин, аммо бо маоши пешниҳодшуда, хусусан барои хонаводаҳои серфарзанд, рӯзгорро таъмин кардан хеле душвор аст. Ва тибқи маълумоти расмӣ, оилаҳои тоҷик сершумортарин дар фазои пасошӯравӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 27,4% дар соли 2018 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш ёфтааст. Бовар кардан ба ин рақамҳо душвор аст, ҳадди аққал барои он, ки дар дигар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта сатҳи камбизоатӣ бо оғози даҳсолаи ҷорӣ бо сабаби пандемия ва ҷангҳо, баръакс, афзоиш ёфтааст. Масалан, дар Арманистон ин нишондиҳанда аз 23,5% то оғози пандемия  то 26,5% ва дар Қирғизистон аз 20,1% то 33,3% боло рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, маоши миёна дар Тоҷикистон то охири соли 2023 тибқи маълумоти Агентии омор, 217 доллар ва дар Арманисту Қирғизистони “камбизоат” мутаносибан 470 ва 360 долларро ташкил додааст.

То аввали соли равон музди меҳнати миёна дар Русия тибқи маълумоти Росстат, 1146 долларро ташкил додааст, ки 5,3 баробар зиёдтар нисбат ба Тоҷикистон аст.

 

Оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Иқтисодчиён бар ин назаранд, ки муҳоҷирони корӣ бо интиқоли пул натанҳо некӯаҳволии оилаҳои худ, балки дар маҷмӯъ тамоми иқтисодро дастгирӣ мекунанд.


Илова бар ин, мутахассисони ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ иқтисоди Тоҷикистонро иқтисоди бештар вобаста ба интиқоли пул дар ҷаҳон арзёбӣ мекунанд.

Дастрасӣ ба маълумоти расмӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул дар Тоҷикистон аллакай зиёда аз 10 сол инҷониб ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр гардида буд, ки соли 2022 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ 5,2 млрд долларро ташкил дод, ки ба 49%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли гузашта баробар аст.

Агар ба ин рақамҳо бовар кунем, низомҳои пардохтӣ дар ҷараёни интиқоли ин маблағҳо ба сифати комиссия даҳҳо миллион доллар ба даст меоранд, ки қисмате аз он ба буҷети ҷумҳурӣ ва минбаъд - ба ҳамёни табибону омӯзгорон, кормандони сохторҳои қудратӣ ва дигар корманди буҷет равона мегардад.

Оилаҳои муҳоҷирон пулҳои гирифаашонро асосан барои харидани молу маҳсулот ва хидматрасониҳо сарф мекунанд.

Мутаносибан, онҳо бозори истеъмолии кишварро бо пул таъмин мекунанд.

Фурӯшандагони маҳсулот ва хидматрасониҳо аз пешбурди тиҷорати худ даромад мегиранд, ки қисмате аз онҳо низ ба сифати андоз ба ҳамёни асосии кившар - буҷет ва минбаъд ба маблағгузории кормандони буҷет равона мешавад.

Ба ақидаи иқтисодчиён, муҳим он аст, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон якдафъаина набуда, мунтазам ворид мешавад ва гардиши пулро дар кишвар таъмин мекунад. Аз ин ҳамаи бозингарони бозор бурд мекунанд: харидор маҳсулоту хидматрасонии даркориашро мегирад, фурӯшанда бошад - пул барои гардиш ва давлат - андоз.

Гузашта аз ин, муҳоҷирон ба оилаҳои худ асъори хориҷӣ (асосан доллар, рубл ва евро) мефиристанд, ки аз ҳисоби он метавон дар берун аз ҳудуди кишвар молу маҳсулот ва хидматрасонии зарурӣ харидорӣ намуд.

Тибқи омори расмӣ, имконоти содиротии Тоҷикистон нисбат ба талабот дар воридот се баробар камтар аст. Яъне асъори бадастомада аз содирот ҳамагӣ сеяки қисмати молу маҳсулот ва хидматрасонии зарурии воридотӣ барои кишварро рӯйпӯш месозад.

Аз се ду ҳиссаи асъори зарурӣ барои харидани молу маҳсулот ва хидматрасонии воридотӣ дар навбати аввал, аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирон таъмин карда мешавад.

Бозгашти оммавии муҳоҷирони корӣ, ба гуфтаи коршиносон, ба коҳиши шадиди интиқоли пул бо тамоми оқибатҳои имконпазири он оварда мерасонад: биёер оилаҳо барои хӯрок пул намеёбанд, тиҷорат қисме аз маблағҳои гардиш ва давлат – андозҳоро, ки тақрибан 70%-и даромади буҷети Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аз даст медиҳад.

Ғайр аз ин, коҳиши назарраси интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва мутаносибан, норасоии асъори хориҷӣ метавонад ба камбуди ин ё он молу маҳсулоти воридотӣ боис гардид ва табиист, ки пас аз ҳама гуна камбуд, таври маълум таваррум, яъне болоравии нархҳо сурат мегирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расмӣ, аз 19 молу маҳсулоти муҳимтарин барои ҳаёти инсон 10-тоашро Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

Боз коҳиши даромади аҳолӣ ҳамзамон бо гароншавии молу маҳсулоти ниёзи аввал метавонад ба афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар оварда расонад. Зеро шахсе, ки аз дасрасии қонунӣ ба пул маҳрум мешавад, маҷбур хоҳад буд, ки дар бораи чӣ гуна ба даст овардани он бо роҳи ҷинояткорӣ фикр кунад.

Гузашта аз ин, босуръат поинравии сатҳи зиндагӣ метавонад ба шиддатёбии вазъи иҷтимоӣ боис гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.