Ҳукумати Тоҷикистон ба қонунгузорӣ дар бораи Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) тағйирот ворид намуд, ки дар онҳо васеъ намудани соҳаи фаъолияти субъектҳои МОИ ва беҳбуди ҷолибияти ин минтақа пешбинӣ шудааст. Амалишаванда аст?
Тағйирот ба қонун “Дар бораи Минтақаҳои озоди иқтисодӣ”
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода ҳангоми муаррифии тағйирот ва иловаҳо ба қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумон зикр кард, ки лоиҳаи тағйирот мутобиқи супориши президент бо мақсади тақвияти фаъолияти ин минтақаҳо омода шудааст.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) як минтақаи ҷудогона (маҳдуд)-и қаламрави ҶТ бо ҳудуди дақиқ муайяншуда мебошанд, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити мусоиди иқтисодӣ ва реҷаи махсуси ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.
Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди ин минтақаҳо сарфи назар аз шакли моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ, озод карда мешавад.
Ӯ таъкид кард, ки лоиҳаи тағйирот, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта таҳия шудааст, ба зиёд намудани ҷалби сармояҳо, таъсиси корхонаҳои нав, аз фаъолият бознамондани корхонаҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудааст. Ҳамчунин ба тақвияти имконоти содиротии МОИ, ки ба коҳиш додани вобастагии ҷумҳурӣ аз воридот мусоидат мекунад.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, пешниҳод шудааст, ки ба қонун мафҳуми «ширкати хидматрасон» илова шавад, ки дар ҳудуди МОИ хидматҳои гуногун мерасонад, аз ҷумла:
- посбонӣ ва рӯбучину тозакунии ҳудуд ва объектҳо;
- бор кардан ва фаровардани бору маҳсулот;
- таъмир, сохтмон ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани бино ва иншоотҳо;
- таъмини субъектҳои минтақа бо неруи барқ, об, зерсохтори обу корез ва нақлиёт;
- ба иҷора додани қаламрав, анборҳо ва дигар объектҳо;
- муаррифии минтақа барои ҷалби сармоя.
«Ташкили фаъолияти ширкати хидматрасон дар МОИ ба коҳиши вобастагии молиявии маъмурияти минтақаҳо аз буҷети давлатӣ дар рушди зерсохтор мусоидат мекунад», - шарҳ дод Солеҳзода.
Яъне, айни замон ин хидматҳо аз ҷониби маъмурияти МОИ бо истифодаи маблағҳои буҷетӣ таъмин карда мешаванд.
Дар тағйирот ҷалби як ширкати хусусӣ пешбинӣ мешавад, ки дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ ба ин корҳо бо маблағҳои худ машғул шуда, ҳангоми зарурат зерсохтори заруриро таъсис медиҳад.

Маъмурият (идора)-и МОИ - ташкилоте мебошад, ки мақоми муассисаи давлатӣ дошта, идоракунии минтақаҳоро ба роҳ мемонад.
Ҳамчунин ба қонун мафҳумҳои «феҳристи ягонаи субъектҳои МОИ» ва «принсипи равзанаи ягона» илова мешавад, ки ба гуфтаи Солеҳзода, ба содда кардани тартиби пешниҳоди хидматҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаҳо, кам кардани муҳлати анҷоми ин тартибот ва таъмини шаффофият равона шудаанд.
Ҳамчунин кам кардани тамоси мустақими соҳибкорон бо намояндагони ҳокимият ҳангоми омода кардан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад. Ин ҷо дар бораи ташкили муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо байни мансабдорон ва субъектҳои МОИ сухан меравад.
Ғайр аз ин, муовини аввали вазир гуфт, ба қонун як навъи нави панҷуми МОИ – комплексӣ (маҷмӯавӣ) илова шудааст, ки ба дар як минтақа бо якчанд намудҳои фаъолият машғул шудан имкон медиҳад. То ин вақт дар қонун навъҳои зерини МОИ зикр шуда буданд:
- саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);
- савдо ва тиҷоратӣ;
- хидматрасонӣ;
- инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқкунанда.
МОИ-и нвавъи саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки рушди бахши саноатӣ ва ҳавасмандгардонии он аз ҷумлаи ҳадафҳои он мебошад.
МОИ-и савдо ва тиҷорат минтақае мебошад, ки ҳудуди он барои коркард, ҷобаҷогузорӣ, бастабандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории молҳои воридшаванда ба ин минтақа барои воридоти минбаъдаи онҳо ба қаламрави гумрукӣ ё содирот ба берун аз қаламрави гумрукии кишвар истифода мешавад.
МОИ-и хидматрасонӣ минтақае мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаҳо ва ташкилотҳои хидматрасон дар соҳаҳои хӯроки умумӣ, сайёҳӣ, солимӣ ва табобатӣ, машваратӣ, муҳандисӣ, миёнаравӣ, қарзӣ-молиявӣ, аудиторӣ, суғуртавӣ ва дигар хидматрасониҳо ҷойгиранд.
МОИ-и инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, татбиқкунанда минтақае мебошад, ки дар ҳудуди он ба фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-омӯзишӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ иҷоза дода шуда, онҳо таълим, такмили ихтисос, таҳқиқот, таҳия ва истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияҳои пешрафтаи истеҳсоли маҳсулот, молҳо ва ихтирооти нави самарабахши техникӣ (ноу-хау)-ро таъмин мекунанд.
Тағйирот ба муқаррароти МОИ
Инчунин бо қарорҳои палатаи поёнии парлумон ба муқаррароти ҳамаи МОИ: "Суғд", "Данғара", "Панҷ", "Кӯлоб" ва "Ишкошим" тағйирот ва иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз ҷумла, дар ҳамаи панҷ МОИ навъи фаъолият тағйир дода шуд - аз саноатию инноватсионӣ ва савдою тиҷоратӣ ба комплексӣ. Яъне, чуноне ки дар боло зикр шуд, дар ҳудуди ҳар кадоме аз ин минтақаҳо акнун метавон ба якчанд навъи фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуд.
Ғайр аз ин, муҳлати фаъолияти ҳамаи панҷ МОИ-и кишвар аз 25 сол то 50 сол зиёд карда шуд. Гап сари он аст, ки ҳамаи минтақаҳо, ба ҷуз МОИ "Кӯлоб", ҳанӯз солҳои 2008-2009 таъсис ёфта, аз он вақт 15-16 сол гузашт ва мутаноисбан пас аз 9-10 сол муҳлати фаъолияти ин минтақаҳо ба охир мерасад.
Қобили зикр, ки МОИ "Кӯлоб" нисбатан дертар - соли 2019 таъсис ёфтааст.
Ғайр аз ин, ҳаҷми сармояи аввалия барои анҷом додани фаъолият дар ҳудуди МОИ тағйир дода шуд: агар то ин дам ҳаҷми сармоягузории субъекти эҳтимолии минтақа бояд на камтар аз 500 ҳазор долларро ташкил медод, акнун бо на камтар аз 300 ҳазор доллар ҳам сабти ном шудан имкон дорад.
Ба гуфтаи Солеҳзода, “бо мақсади ҷалби технологияи пешрафта”, инчунин муҳлати аввалаи истифодаи таҷҳизоти истеҳсолию технологии воридшаванда - аз на зиёда аз 3 сол то на зиёда аз 2 сол кам карда шуд.
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон чӣ гунаанд?
Дар ҳудуди Тоҷикистон, тавре ки пештар зикр шуд, панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) таъсис дода шудаанд: "Суғд", "Данғара", "Панҷ", "Кӯлоб" ва "Ишкошим".
Бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, дар ҳудуди ин МОИ 88 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо дар соли 2023 танҳо 33 субъект (37,5% аз шумораи умумии сабтшуда) фаъолият мекарданд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин минтақаҳо дар соли 2023 ҳамагӣ тақрибан 370 млн сомонӣ (ҳудудин 33,8 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 0,8% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии соли гузашта дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Дар қаламрави МОИ "Суғд" дар Хуҷанд тибқи маълумоти оморӣ, 35 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 30 корхонаҳои ватанӣ ва 5 - корхонаҳои муштарак (аз ҷумла Тоҷикистон - Лаҳистон (Полша) ва Туркия) мебошанд. Аз онҳо дар соли 2023 танҳо 17 корхона фаъолият карданд, ки ба маблағи тақрибан 353 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар ҳудуди МОИ "Данғара" (дар ноҳияи ҳамноми вилояти Хатлон) дар соли 2023 аз 34 субъекти сабтшуда танҳо 8-тоаш фаъолият карданд, ки ба маблағи тақрибан 62 млн сомонӣ (5,7 млн доллар) маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар қаламрави МОИ "Панҷ" (ноҳияи Ҷайҳуни Хатлон) 12 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо дар соли 2023 танҳо 6 субъект фаъолият карданд ва онҳо ба маблағи тақрибан 31 млн сомонӣ (2,8 млн доллар) маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар қаламравии МОИ "Кӯлоб" (дар шаҳри ҳамноми вилояти Хатлон) дар соли 2023 аз 7 субъекти сабтшуда танҳо 2-тоаш фаъолият карданд.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 335 ҳазор сомонӣ (тақрибан 31 ҳазор доллар)-ро ташкил дод.
МОИ "Ишкошим", ки дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир аст, то ҳол фаъолият намекунад ва дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доранд.
Мушкил сари чист?
Мушовири русиягӣ Андрей Шпиленко, ки ҳолат ва дурнамои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро таҳлил кардааст, як қатор камбудиҳоро ошкор кард. Пеш аз ҳама, ин зерсохтори заиф аст.
«Имрӯз ҷаҳон бо тарзе тағйир меёбад, ки акнун на сармоягузорон майдон меҷӯянд, балки майдонҳо бояд сармоягузоронро пайдо кунанд. Дар ҷаҳон зиёда аз 5 ҳазор минтақаҳои иқтисодӣ мавҷуданд ва ба сармоягузор мубориза бурдан лозим меояд. Яъне, худи майдон аллакай беназир нест, балки зерсохторе, ки ба сармоягузорони эҳтимолӣ пешниҳод мешавад, метавонад беназир бошад», - гуфта буд ӯ пештар ба "Азия-Плюс".
Ғайр аз ин, Шпиленко дар сатҳи лозимӣ набудани маъруфияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва тахассуси пасти намояндагони маъмуриятҳои онҳоро таъкид кард.
«Ин ба салоҳияти одамоне, ки ин минтақаҳоро идора мекунанд, дахл дорад. Набудани барномаҳоеро, ки ба баланд бардоштани тахассуси роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шудаанд, як камбудии калон мешуморам», - гуфт ӯ.
Илова бар ин, мушовири русиягӣ ба пинҳон кардани пардохтҳои ҳатмӣ таваҷҷуҳ кард. Далели 0% будани андоз аз фоида дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро ӯ мисол оварда изҳор намуд, ки аммо мувофиқи қонунгузории андози кишвар, дивидендҳо (фоидаҳое), ки соҳибкор мегирад, андозбандӣ мешаванд.
«Чунин ҳолате мешавад, ки агар ман соҳибкор бошаму пул сармоягузорӣ кунам, андоз аз фоида намедиҳам, лекин ҳангоми пардохти дивидендҳо давлат онҳоро андозбандӣ мекунад. Ин ба пардохтҳои ба истилоҳ пинҳоншуда низ дахл дорад», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, мутахассисони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки ба ворид шудани сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳити номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар монеъ мешавад.
Онҳо шарҳ медиҳанд, ки дар худи ҷумҳурӣ кам касоне ҳастанд, ки барои кор дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ сармояи зарурӣ доранд, сармоягузорони хориҷӣ бошанд, ҳангоми сармоягузорӣ ба муҳити умумии сармоягузорӣ ва фазои соҳибкории кишвар таваҷҷуҳ мекунанд, аз ҷумла бар асоси радабандиҳо (рейтингҳо)-и дахлдори байнулмилалӣ.
Ба ақидаи иқтисодчиён, ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон низ халал мерасонад: дурии ҷумҳурӣ аз бандарҳои баҳрӣ, мушкилоти нақлиёти боркаш, сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистони аз лиҳози сиёсӣ ноустувор ва ғайра.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста