Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар поёни соли ҷорӣ то 7,6% боло бурд. Дар ин бора дар Гузориши иқтисодии минтақавии Фонд хабар дода мешавад, ки 9 июл муаррифӣ шуд.
Дар Гузориши баҳории ФАСР рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 7,2% пешбинӣ гардида буд.
«Баландшавии суръати рушд дар муқоиса бо пешбинии қаблӣ суръати баланди рушди ММД дар семоҳаи аввали соли 2024, беҳтар шудани пешбинии рушди иқтисоди Русия, густариши фаъолнокии сармоягузорӣ ва болоравии нархи тиллоро ба назар мегирад”, - зикр мекунанд таҳлилгарони Фонд.
Дар ҳамин ҳол, дар солҳои 2024–2026 онҳо каме сустшавии суръати рушди воқеии ММД (то 7,0–7,3%)-ро интизоранд, ки «бо сабаби пешбинии пастшавии суръати интиқоли пул ва мутаносбан сустшавии талаботи истеъмолӣ» ба амал меояд.
Қобили зикр аст, ки рушди воқеии ММД Тоҷикистон дар соли 2023, мувофиқи маълумоти расмӣ, 8,3%-ро ташкил дод.
Ҳукумати кишвар дар поёни соли 2024 рушди на камтар аз 8,0%-ро интизор дорад.
Дар ҳамин ҳол, мутахассисони ФАСР дар соли равон пешбинии рушди Тоҷикистонро дар сатҳи 5,3% «таҳти таъсири баландшавии нархи манбаъҳои энергияи воридшаванда» ва боқӣ мондани сатҳи рушди ҳудуди 6%-ро дар солҳои 2025-2026 пешбинӣ мекунанд.
Таваррум дар муқоиса бо пешбинии баҳорӣ ба таври каме поинтар (0,3%-и банди фоизӣ) бозбинӣ шуд, «дар робита ба пасттар будани муҳити таварруми берунаи интизоридошта».
Дар давраи миёнамуҳлат таваррум дар доираи фосилаи ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) (6±2%) пешгӯӣ мешавад.
«Ба ин рушди мутавозуни маҷмӯаҳои пулӣ ва устувории нархи маводи асосии ашёи хом ва маводи ғизоии воридотӣ дар солҳои 2025–2026 мусоидат хоҳанд кард», - натиҷагирӣ мекунанд таҳлилгарони Фонд.
Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, сатҳи тавррум давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳамагӣ 1,8%-ро ташкил дод, ки 0,5% поинтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ин бо назардошти 3,8%-ро ташкил додани болоравии нарху тарифҳо аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта, пасттарин сатҳ давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ мебошад.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) механизми минтақавии молиявӣ бо ҳаҷми зиёда аз 9 млрд доллар мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳои узви Фонд, инчунин даастгири онҳо дар самти таъмини рушди устувор аз ҳадафҳои ФАСР унвон мешаванд.