Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд. Ҳамакнун, аз Олмалиқ – як шаҳри вилояти Тошканди Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва баръакс ҳар рӯз як автобус ҳаракат хоҳад кард.
Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-плюс” ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки ин иқдом аз ҷониби ширкати “Olmaliq Isuzu Trans”-и Ӯзбекистон дар шарикӣ бо ширкати “Khujand Trans Service”-и Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, тариқи шартнома амал мекунад.
Хатсайр аз шаҳри Олмалиқ соати 7:00-и субҳ ҳаракат мекунад. Нархи роҳкиро 60 000 сӯми ӯзбекӣ (каму беш 50 сомонӣ) аст.
Ҳаракати хатсайри бозгашт аз шаҳри Хуҷанд ба самти Ӯзбекистон рӯзи дигар соати 10:00 ва вақти расидан соати 15:00 пешбинӣ шудааст. Арзиши роҳкиро 60 сомонӣ аст.
Аз ширкати “Khujand Trans Service” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, аллакай ин хатсайр ду сафар анҷом дол. Вале кам будани мусофирон боиси нигаронии ҷонибҳо гардидааст.
Дар ҳаимн ҳол, ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон, ки пештар бо Ӯзбекистон чанд хатсайри автобус дошт, айни замон ба ғайр аз хатсайри гардишгарӣ, ки дар як ҳафта як маротиба сафар мекунад, хатсайри доимамалкунанда бо ин кишвар надорад. Аз ширкат гуфтанд, сабаби асосӣ набудани талабот ва ё кам будани мусофирон аст.
Аз вазорати нақлиёти кишвар гуфтанд, то имрӯз байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 15 хатсайри байналмилалии автобус боз шудааст, вале аксари онҳо азғ сабаби набудани талабот баъди чанд муддат фаъолияти худро қатъ карданд. Ҳоло байни ин ҳамсоякишварҳо танҳо ду хатсайри амалкунанда фаъол аст: Хуҷанд – Тошкент – Хуҷанд ва Хуҷанд – Олмалиқ – Хуҷанд.
Ёдовар мешавем, равуои автобусҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буд. Бо хуб шудани муносибатҳо байни ду кишвар моҳи майи соли 2018 аввалин автобуси мусофиркашонӣ дар хатсайри Тошканд-Хуҷанд-Тошканд ба интиқоли мусофирон шурӯъ кард.
Дар давраи пандемия равуо муддате қатъ гардид ва моҳи октябри соли 2021 равуои автобусҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд.
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста