Тоҷикистон яке аз камшумортарин кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аст, ки аллакай то соли 2022 ба тақрибан 100%-и аҳолии худ дастрасӣ ба нерӯи барқро таъмин намуд. Вале ҳамзамон кишвар бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Муаллифони гузориши байналмилалии "SDG7-2025" таҳти унвони "Назорати татбиқи Ҳадафи Рушди Устувор 7: Гузориш дар бораи пешрафт дар соҳаи энергетика" ба чунин хулоса расидаанд. Ин гузориш аз ҷониби СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Агентии байналмилалии энергетикӣ ва агентии IRENA таҳия шудааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки кишварҳо чӣ гуна ба ҳадафи то соли 2030 бо нерӯи барқи арзон, боэътимод ва пок таъмин кардани тамоми аҳолӣ наздик мешаванд. Тоҷикистон дар ин гузориш ҳамчун кишвари ба дастовардҳои муҳим ноилгардида, вале ҳамзамон дучор бо мушкилот номида шудааст.
Фарогирии пурра, вале на ҳамеша боэътимод
То соли 2022 тақрибан 100%-и аҳолии Тоҷикистон ба неруи барқ дастрасӣ доштанд. Ин дастовардест, ки байни чанде аз кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ба қайд гирифта шудааст. Ин комёбӣ Тоҷикистонро дар сафи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Қафқози Ҷанубӣ қарор дод.
Бо вуҷуди ин, тавре дар гузориш зикр мегардад, пайвастшавӣ ба шабакаи барқ на ҳамеша маънии боэътимодӣ ва сифати хизматрасониро дорад: дар як қатор минтақаҳои деҳот ва кӯҳистон қатъшавиҳои интиқол ба мушоҳида мерасанд, бахусус дар фасли зимистон талабот афзуда, истеҳсоли неру дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, таъминкунӣ бо барқ ё худ электрификатсияе, ки ба таври расмӣ эътироф шудааст, ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини устувории манбаи барқ ниёз дорад.

Камбуди манбаи тозаи энергия барои пухтупаз
Сарфи назар аз дастовардҳо дар самти электрификатсия, камтар аз 40%-и аҳолии Тоҷикистон ба манбаъ ва технологияҳои тозаи сӯзишворӣ барои пухтупаз дастрасӣ доранд. Дар деҳот, ки қисми зиёди аҳолӣ дар он зиндагӣ мекунанд, то 60%-и хонаводаҳо ҳамчунон аз сӯзишвории анъанавӣ – ҳезум, ангишт ва пору истифода мебаранд. Ин ҳолат боиси ифлосшавии ҳавои дохили манзил, хатари бемориҳои нафаскашӣ, махсусан миёни занону кӯдакон мегардад ва ба вазъи экологӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки ба кишварҳое чун Тоҷикистон ва Қирғизистон лозим аст, ки барномаҳои гузариш ба манбаъҳои алтернативии тозатар, аз ҷумла бо пешниҳоди кумакпулиҳо (субсидияҳо) ва рушди истеҳсоли маҳаллӣро фаъол намоянд,
Манбаъҳои барқароршавандаи энергия. Такя ба НБО, вале беэътиноӣ ба офтобу бод
Нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика) то ҳол манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон боқӣ монда, зиёда аз 90%-и нерӯ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ин ҳолат боиси сатҳи пасти партови карбон гардида, низоми энергетикии кишварро расман “сабз” менамояд, аммо вобастагӣ аз як навъи манбаъ хавфҳои муайян,бахусус дар шароити тағйирёбии иқлим эҷод месозад,

Дар ҳамин ҳол, тавре дар гузориш зикр мегардад, кишвар қариб ки иқтидори энергетикаи офтобиву бодиро рушд намедиҳад, ҳарчанд шароити табиӣ, махсусан дар ҷануб ва манотиқи кӯҳӣ, хеле мусоид аст. Монеаҳои асосӣ норасоии сармоягузорӣ, заъфи заминаи ниҳодӣ ва таваҷҷуҳи маҳдуди мададрасонҳои байнулмилалӣ ба тасмимҳои ғайримутамаказ мебошанд.
Сарфаи энергия – нуқтаи заъфи ҷиддӣ
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои иқтисоди баландмасрафи энергия дар минтақа боқӣ мондааст. Мизони баланди истеъмоли энергия ба ҳар воҳиди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) зери таъсири якчанд омилҳо қарор дорад: системаи ғайрисамараноки гармидиҳӣ дар манзилҳо, набудани гармибандӣ (теплоизолятсия), технологияи кӯҳнашуда дар саноат ва самаранокии пасти энергетикӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки биноҳо ва корхонаҳои кишвар ба навсозии васеъмиқёс ва ҷорӣ кардани технологияҳои сарфаи энергия ниёз доранд. Ҳамзамон, чанд қадами нахустини озмоишӣ аллакай амалӣ шуда истодаанд: бо пуштибонии Бонки аврупоии таҷдиду рушд лоиҳаҳо оид ба гармибандии мактабҳо ва беморхонаҳо ба роҳ монда шудаанд.

Сармоягузории байналмилалӣ
Соли 2021 Тоҷикистон барои бахши энергетика тақрибан 100 млн доллар кӯмаки байналмилалиро дарёфт намуда, қисми зиёди ин маблағҳо барои рушди инфрасохтори нерӯгоҳҳои барқи обӣ равона шуданд. Мададрасонҳо (донорҳо)-и асосӣ – Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва сохторҳои СММ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи офтобиву бодӣ ва инчунин беҳбуди самаранокии энергетикӣ ниҳоят маҳдуд маблағгузорӣ мешаванд. Дар гузориш зарурати бознигарии афзалиятҳо зикр шудааст: шарикони байналмилалӣ бояд ба таври фарох дастгирии роҳҳои ҳалли ғайримутамарказ ва тақсимшуда, хусусан дар минтақаҳои деҳотро ба роҳ монанд.
Энергияи тоза дар ОМ. Миллиардҳо ба Ӯзбекистону каме ба боқимондаҳо?
Дар заминаи минтақавӣ Осиёи Марказӣ (ОМ) пешрафти яхела надорад. Қариб ҳамаи кишварҳо дастрасӣ ба нерӯи барқро таъмин карда, вале дар самти истифодаи сӯзишвории тоза, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳбуди самаранокии энергетикӣ пешрафти суст доранд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шумори кишварҳое бо дастрасии камтарин ба энергияи тоза барои пухтупаз боқӣ мондаанд. Ӯзбекистон, баръакс, ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар ҷалби сармоягузорӣ ба энергетикаи сабз шомил шудааст. Соли 2023 минтақа 5,6 млрд доллар кӯмаки байналмилалӣ дарёфт карда, вале 89%-и ин маблағҳо танҳо ба Ҳиндустон ва Ӯзбекистон равона шудаанд.
Вазъият дар ҷаҳон.
Гузориши "SDG7-2025" аз сустшавии пешрафти ҷаҳонӣ дарак медиҳад. То охири соли 2022 91%-и аҳолии ҷаҳон ба нерӯи барқ дастрасӣ доштанд, вале 2,1 млрд нафар барои тайёр кардани хӯрок то ҳол аз сӯзишвории ифлоскунанда истифода мебурданд. Афзоиши солонаи самаранокии энергетикӣ ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 0,8 фоизро ташкил дод, ки чор маротиба камтар аз суръати зарурист.

Коршиносон огоҳ мекунанд, ки бидуни сармоягузориҳои бузургмиқёс, интиқоли технологияҳо ва ислоҳоти сиёсати рушди устувор, иҷрои Ҳадафи SDG7 то соли 2030 номумкин хоҳад буд.
Тоҷикистон ба чӣ ниёз дорад?
Муаллифони гузориш барои Тоҷикистон тавсияҳои дақиқ пешниҳод мекунанд. Кишвар бояд талошҳоро дар як қатор самтҳои калидӣ тақвият бахшад. Дар навбати аввал рушди лоиҳаҳои ғайримутамарказ дар соҳаи энергетикаи офтобиву бодӣ лозим аст, ки истифодаи захираҳои маҳаллиро имконпазир ва вобастагӣ аз манбаъҳои мутамарказро коҳиш медиҳанд.
Сармоягузорӣ ба беҳбуди самаранокии энергетикӣ дар манзил ва биноҳои ҷамъиятӣ, инчунин навсозии бахши саноат низ аз иқдомҳои муҳим дар ин самт дониста мешавад. ИН ба коҳиши назарраси партови моддаҳои ифлоскунанда имкон медиҳад.
Ҳамзамон фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба сӯзишвории тоза барои пухтупаз зарур аст, аз ҷумла тавассути истеҳсоли маҳаллӣ ва татбиқи барномаҳои кумакпулӣ, бо мақсади кам кардани истифодаи сӯзишвории сахт ва беҳтар кардани солимии мардум.
Илова бар ин, ба омодасозии кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир шуда, таҷрибаи байнулмилаливу технологияҳо барои амалисозии қарорҳои устувор дар сиёсати энергетикӣ фаъолона ҷалб шаванд.







Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста